ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИ ГУЛРЕЗ. БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

ШАҲРИ ГУЛРЕЗ. БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

25 апрел 2024, Панҷшанбе
12
0
Имрӯзҳо шаҳри Душанбе бо саъю талоши шаҳрдори ҷавон  муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба гулистоне табдил ёфтааст, ки диққати бинандагонро ба худ ҷалб менамояд ва дар дилашон завқи зебои-парастиро мепарварад. Парвариши гулу буттаҳои маҳаллӣ якҷо бо гулҳои нодири аз хориҷи кишвар воридгардида, ба ҳусни Душанбешаҳр зебоии дигар зам намудааст. 
Дарвоқеъ, тайи солҳои соҳиб-истиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю эҳтимоми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯчаю хиёбонҳои пойтахтро таҷдиду навсозӣ карда, бо нақшу нигори миллӣ зинат бахшидаанд. Тавре мушоҳида мешавад, имрӯзҳо гулгаштҳои пойтахт макони писандидаи сокинон ва меҳмонони кишвари офтобрӯяамон мебошад. 
Тасвири нақшу нигор бо гул дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр чи аз ҷониби кормандони корхонаи гулпарварӣ ва чи аз тарафи сокинони пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст. Дидани чунин манзараҳо ба кас руҳу илҳоми тоза бахшида, ҳар бинандаро баҳри бо дили гарм ва умед ба фардои нек софдилона фаъолият намудан водор месозад. 
– Нигоҳубини гулу буттаҳо бароямон кори муқаррарӣ гардидааст. Ҳамасола  аз кишварҳои хориҷӣ овардани гулҳоро бесаброна интизорӣ мекашем, зеро парвариши онҳо бароямон чун дунёи навест. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки кори мо танҳо гулшинонӣ нест, балки парваришу аз онҳо насл (тухмӣ) гирифтан аст. Гоҳо аз хунукназарии баъзе ашхос нисбат ба буттаву гулҳо қалбам ба ларза меояд. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба  гулу буттаҳо эҳтиёткорона муносибат намуда, ба хотири фардои дурахшон ва боз ҳам  гулрезу гулхез намудани Душанбешаҳр саъю кӯшиш намоем. Бояд таъкид сохт, ки ин хушбӯӣ, ки имрӯзҳо дар пойтахт ба машом мерасад, ҳама аз гулҳои садбарги нодири ватанианд.  Агарчи садбарги Ватани азизамон умри дароз надошта бошад ҳам, ба хотири хушбӯй гардондани гирду атроф бештар истифода мешавад,– мегӯяд гулпарвар Моҳпарӣ  Раҷабова.
Воқеан, парваришу нигоҳубини гулу буттаҳои ороишӣ аз қадимулайём барои миллати тоҷик рамзи хуррамиву зиндагии шоиста мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дошта, то ба имрӯз ба мо омада расидааст.
Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидан ба корҳои созандагӣ ва гулзор намудани пойтахти Ватани азизамон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам аз сокинони пойтахт даъват менамоянд, ки якдилонаю фаъолона ба  «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат– шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонда, парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро гулрезу гулпӯш мегардонем, балки дар ободию шукуфоии сарзамини аҷдодии худ ва бедор намудани эҳсоси зебоипарастӣ дар замири наврасону ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, саҳми шоиста мегузорем.  
Бояд зикр намуд, ки  ин ҳама ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат ва дурдасттарин шаҳру навоҳии кишвар аз ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Дарвоқеъ, имрӯзҳо иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлат дар сабзгардонии диёрамон хуш пазируфта шуда, пойтахти кишварамон чаманистонеро мемонад, ки кас аз диданаш болидаруҳ шуда, ғарқи дунёи зебоӣ мегардад. 
 
Гулнисо САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив