ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТИБ.  СИФАТИ ДОРУ АЗ МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД!

ТИБ.  СИФАТИ ДОРУ АЗ МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД!

25 апрел 2024, Панҷшанбе
14
0
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 20-уми майи соли 2020, зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ, таъкид дошта буданд, ки назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ буда, кафолати бехатарӣ ва табобати беморон ба он вобастагии мустақим дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам вобаста ба сифати доруҳо байни аҳолӣ сарусадои гуногун ҷой дошта, боиси нигаронии онҳо гаштааст.
Ба гуфтаи Э. Мирзоев, дар ҳиқиқат нафароне ҳастанд, ки барои ба даст овардани даромад ба ин гуна амалҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Дар ин самт соли гузашта бо сохторҳои марбута санҷишҳои муштарак гузаронда, нисбат ба ду нафар барои ба муомилот баровардани маводи доругии ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯнабуда, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардид. Барои роҳ надодан ба истеҳсол ва паҳн нагардидани маводи доругии муҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ, пастсифат ва ба талаботи меъёрию ҳуқуқӣ ҷавобгӯй набуда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста санҷишҳои назоратӣ гузаронда мешаванд. Дар натиҷаи санҷишҳои гузарондаи Хадамот дар се моҳи равон нисбат ба 180 нафар корманди муассисаҳои фармасевтӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи умумии 408 ҳазору 920 сомонӣ татбиқ карда шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3354 муассисаи фармасевтӣ фаъолият дорад. Бино ба таъкиди мутахассисони соҳа, зиёд будани дорухонаҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба манфиати кор буда, дастрасии дору, молҳои тиббии хушсифат ва дигар лавозимоти тиббиро ба аҳолӣ таъмин менамояд. Инчунин, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмин намудани аҳолии минтақаҳои дурдасти кишвар бо хизматрасонии тиббӣ ва фармасевтӣ мусоидат мекунад. 
Дар Хадамот, инчунин шуъбаи назорати давлатии фармакологии маводи доруворӣ фаъолият менамояд, ки таъсири номатлуби маводи дорувориро дар тамоми муассисаҳои табобатию профилактикӣ мунтазам мониторинг менамояд. Илова бар ин, бо мақсади роҳ надодан ба муомилоти ғайриқонунии маводи доруворӣ ва пешгирии ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт санҷишҳои нақшавии Хадамот мунтазам доир мегарданд ва дар ҳолати ошкор гардидани камбудиву норасоиҳо нисбат ба ашхоси масъул чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ низ дар самти саноати дорусозӣ дар асоси рустаниҳо ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар мадди назари Ҳукумат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамот қарор дошта, солҳои охир он тадриҷан рушд меёбад. Вале бо вуҷуди ин, имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд. 
Оид ба аҳамияти рушди саноати дорусозии ватанӣ дар паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва ҳангоми вохӯриҳо бо кормандони соҳаи тандурустӣ чандин маротиба дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Аз ҷумла, 23-юми декабри соли 2022 вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо дигар сохтору  мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим, ҷиҳати таъсис ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  дорувории ватанӣ муваззаф шуданд. 
Воқеан, Тоҷикистон макони гиёҳҳои шифобахш буда, дар ҳудуди он зиёда аз 3500 навъи рустаниҳои шифобахш мерӯянд. Аз ин рӯ, рушд додани истеҳсоли доруҳои хушсифат ва безарари ватанӣ омили солимии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати пешгирӣ аз омилҳои номатлуби соҳа нақши амиқеро мебозад. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯзҳо соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда технологияҳои муосири истеҳсолиро ворид намуда, коркарди гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ монда истодаанд. 
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив