ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАҚОМОТИ СУДӢ.  ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ АЗ БУДУ НАБУДИ СОМОНАҲО

МАҚОМОТИ СУДӢ.  ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ АЗ БУДУ НАБУДИ СОМОНАҲО

07 июн 2023, Чоршанбе
31
0
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» Суди Олӣ мақолаи Лашкар Шарифзодаро таҳти унвони «Мақомоти судӣ. Таҳлили ихтисосӣ аз буду набуди сомонаҳо», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 27 апрели соли 2023, № 87 (24698) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Дар мақола масъалаҳо оид ба пешбурди сомонаҳо дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар ҳокимияти судӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, зарур будани таъсиси сомонаҳо ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, истифодаи онҳо, дастрасӣ ба иттилооти судӣ ва дигар масъалаҳо доир ба фаъолияти судҳо дарҷ шудаанд.
Бояд зикр кард, ки мақсади асосии ташкил ва мунтазам фаъол намудани сомона ё саҳифаҳои интернетӣ дар судҳо ин бо мақсади амалисозии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ва амалисозии Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди кишвар, сари вақт огоҳ сохтани шаҳрвандон аз фаъолияти мақомоти судӣ, бо маълумоти дақиқ ва зарурӣ, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, пурра кардани сомонаҳо мебошад.
Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ аз соли 2018 шуруъ карда, тибқи «Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, № 344 тасдиқ шудааст, аз нав коркард ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Сомонаҳои судҳо ба талаботи қоидаҳои ягона мутобиқ карда шуда, дар минтақаи домени «tj» сабт ва  дорои услубу дизайни ягона мебошанд. Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани шароит оид ба таъмини принсипи конститутсионии ошкоро будани муҳокимаи судӣ, дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судҳо, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ аз ҷониби Суди Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» таҳия гардида, 25 июни соли 2021 қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Мутобиқи талаботи Қонун дар сомонаҳо ҷойгир кардани санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ба мақомоти судӣ вобасташуда, санадҳои судӣ, қарорҳои Пленуми Суди Олӣ, маълумот дар бораи судҳо, ҳайати суд, суроға ва телефон, рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда, хабару эълонҳо ва дигар иттилоот пешбинӣ гардидаанд.
Дар ин замина сомонаҳои судҳо марҳила ба марҳила коркард шуда, моҳи апрели соли 2023 сомонаҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон, Ванҷ, Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон ва Муъминободи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, айни замон бо иттилои зарурӣ таъмин намудани сомонаҳои судҳо идома дошта, бо ҳамин тартиб тамоми судҳои ҷумҳурӣ дорои сомонаҳои мустақил гардиданд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ҷиҳати пешбурди кори сомонаҳо бо фармоиши судҳо аз ҳисоби кормандони дастгоҳи судҳои дахлдор шахсони масъули кор бо сомона таъин карда шуданд.
Баъд аз қабули Қонуни зикргардида шахсони мутасаддии сомонаҳо ба семинарҳои омӯзишии Суди Олӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо хусу-сиятҳои пешбурди кори сомонаҳо, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҷойгир кардани иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо, инчунин, тарзи омода намудани варақаҳои иттилоотиву хабарҳо, дар маҷмуъ, фаъолияти судҳо тариқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ омӯзонда мешаванд.
Моҳи марти соли 2023 навсозии сомонаҳои судҳо оғоз шуда, айни ҳол сохтори онҳо мавриди такмил қарор дорад. Баъд аз навсозӣ сомонаҳои судҳо барои интишори иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо истифода аз имкониятҳои шабакаҳои коммуникатсионии мавҷуда, корҳоро роҳандозӣ менамоянд, аз ҷумла якчанд имкониятҳои дигар, аз қабили версия барои хонандагони қувваи босираашон маҳдуд ба кор андохта мешаванд, ки ҳоло ба тариқи таҷриба дар сомонаи Суди Олӣ амалӣ шуда, мавриди санҷиши техникӣ қарор доранд.
 
А. ИСҲОҚӢ, муовини Раиси Суди Олӣ    
Санаи нашр: 07.06.2023 №: 119
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив