ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАFЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАFЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 июн 2024, Шанбе
779
0
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, №7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12,      мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, 
№ 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 6, № 7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, № 12, мод. 900, мод. 901, с. 2021, № 6, мод. 384, мод. 385, № 12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, № 1-3, мод. 12, №7, мод. 443, № 12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, № 4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, № 1-2, мод. 3, мод. 4), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матн калимаҳои «таъйини», «таъйин», «ТАЪЙИН», «Таъйини», «аломати ҷиноят» ва «яксаду» мувофиқан ба калимаҳои «таъини», «таъин», «ТАЪИН», «Таъини», «аломатҳои таркиби ҷиноят» ва «як саду» иваз карда шаванд.
2. Моддаи 90 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 90. Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак
1. Барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, - 
ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои аз ҷониби шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда пешгирӣ накардани амалҳои зерини кӯдак:
- маводи дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро паҳн кардан;
- ба марказҳои дилхушӣ ва ё дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтан;
- ба биною иншоот, панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда зарар расондан;
- ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву буранда, инчунин гирифта гаштани онҳо, -
ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои аз ҷониби шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ва кормандони муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак истифода бурдани зӯроварӣ, инчунин назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси аз ҷониби ӯ истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, -
ба андозаи аз бист то бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, -
ба андозаи аз сӣ то сию панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
5. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳое, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, -
ба андозаи аз  чил то чилу панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ аз панҷ то даҳ шабонарӯз таъин карда мешавад.».
3. Моддаи 4641 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 4641. Ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ 
1. Барои аз тарафи шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ (клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок), инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон    манъшуда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то як саду бист, ба соҳибкорони инфиродӣ аз як саду ҳаштод то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли пас аз таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ    шудааст, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як саду сӣ то як саду панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродӣ аз дусаду бист то дусаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
4. Моддаи 481 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 481. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим
1. Барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо, -
ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои гузарондани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузарондани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин  карда мешавад.
3. Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арӯсӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи дусаду бист ва шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ҳунармандон, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо) вайрон намудани тартиби хизматрасонии ҷашну маросим, аз ҷумла оид ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
5. Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва  дигар маърака ба хотири ҳаҷ ё умра, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ё умра, - 
ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад ва ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин  карда мешавад.
6. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 ҳамин модда пешбинишуда, ба истиснои кирдорҳо ва шахсони дар қисмҳои 7 ва 8 ҳамин модда зикргардида, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазор, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
7. Барои дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи як ҳазору дусад, ба шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
8. Барои аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходими ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва роҳбари дигари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ содир кардани кирдорҳои дар қисмҳои 2, 3 ва 5 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин аз ҷониби шахсони мазкур барои дағалона ё дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим, -
ба андозаи як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин  карда мешавад.».
5. Моддаи 482 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 482. Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ
Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз таъин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмии он мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2051
 
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 489
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии 
маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 майи соли 2024, № 1309
Санаи нашр: 21.06.2024 №: 117
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив