ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОНУВОНИ ВАҲДАТСАРО

БОНУВОНИ ВАҲДАТСАРО

20 июн 2023, Сешанбе
21
0
Мо бонувони ваҳдатсароем,
Бо сулҳу ваҳдат мо ҳамнавоем.
Мо гулписанду ваҳдатписандем,
Безори ҷангу аз моҷароем.
 
Бо сад муҳаббат, бо шеъру ҳикмат,
Ҳар дам расонем пайғоми ваҳдат.
Бар шодбоди фардои неку,
Мо нома орем аз номи ваҳдат.
 
Бо сад навозиш, бо меҳру хоҳиш,
Ҳар дам намоем ваҳдат ситоиш.
Бар сӯйи боло каф мекушоем,
Орад дуои модар кушоиш.
Ваҳдат бувад ҷон, як пора имон,
Хуршеди ишқу неруи инсон.
Бо сулҳу ваҳдат мо аҳд кардем, 
То ин ки дунёст бастем паймон.
 
Ҳусни замонем, некузанонем,
Гурдофариди гулғунчасонем.
Саршори сулҳи олампаноҳем,
Мо навбаҳори дур аз хазонем.
Фарзандҳои гурду диловар,
Имрӯз дорем чун кӯҳ дар бар.
Гӯё  Сиёвуш бо Рустам оянд:
Аз ҳар набарди душман музаффар. 
 
Мо мебароем аз кунҷи хона,
Раҳ мекушоем то бекарона.
Мадҳия хонем аз сулҳу ваҳдат,
Ҳамвора хонем  ваҳдаттарона;
Тахти баланди ваҳдат муборак,
Созу навои нусрат  муборак.
Мо бо тафохур ҳар дам  бихонем;
Фархундаиди миллат муборак.
 
Шаҳрия АҲТАМЗОД
Санаи нашр: 19.06.2023 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив