ПАЙКАРАИ БОЗОР СОБИР ҚОМАТ АФРОХТ

19 ноябр 2026, Панҷшанбе
6
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо иштироки Зариф Ализода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Мансур Каримзода раиси ноҳия, шоирону нависандагон, пайвандон ва ёру дӯстони шоир дар Боғи фарҳангии ноҳияи Файзобод маросими пардабардорӣ аз пайкараи шоири маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Бозор Собир бардошта шуд.
Зимни ифтитоҳи муҷассама Мансур Каримзода зикр кард: “Устод Бозор Собир шоири забардасту мумтози тоҷик буда, шеърҳои «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Девори Бухоро», «Теғи Сино» ва бисёр шеърҳои дигар бо нигоҳи тозаву амиқ, ваҷду эҳсоси шоирӣ ва меҳри ватандӯстонаю ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шудааст ва саҳифаҳои пурифтихори таърихи миллатро бозгӯ намуда, дар тарбияи наслҳои гуногуни хонандагон дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ ва завқи суханфаҳмию шеърдонӣ нақши назаррас доранд”.
Гуфта шуд, ки устод дар авҷи даврони навҷӯйӣ, бедорӣ ва худшиносии аҳли қалам ба майдони сухан қадам ниҳода, бо бинишу офариниши нозук, хаёлҳои рангин, образҳои тару тоза, ҷасорату ирода мавзуъҳои Ватан, модар, ишқ, худшиносӣ, ҳақталошиву ормонҳои миллӣ, ҷойгоҳи шахсиятҳои баруманди таърихӣ дар тамаддунро васф карда, ҷову мақоми уствор пайдо кард. Дар тасвири шоиронаи Бозор Собир хасу хор, гулу гиёҳ, пайроҳа, сангу хок, абру борон, дару девору мазор ҷилои тоза ёфтанд. Маҳз омӯзишу ҷустуҷӯйи пайваста, сари ҳар калима, ибора ва сатр заргарона нури чашм сарф кардан, ӯро ба мартабаи баланди шоирӣ расонд.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки Бозор Собир на танҳо як умр шеъри ноб гуфт, балки бо ҳиммати боз ҳам бесобиқаи шоириву мактабдорӣ як зумра шоирони чанд наслро ба омӯзишу гаравиши шеъри ноб ҷалб кард, ки ба қадри имкону тавон шеър ва сабки ӯро идомаву густариш доданд.
Маврид ба гуфтан аст, ки соли 2021 дар асоси қарори вакилони халқи ноҳия ва қарори раиси ноҳия Боғи фарҳангии маркази ноҳия ба номи Бозор Собир гузошта шуд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.11.2026 №: 225