SHOHIN AIRLINES ХАТСАЙРҲОИ ДОХИЛИРО РОҲАНДОЗӢ МЕНАМОЯД

19 ноябр 2026, Панҷшанбе
10
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аз рушди интиқоли ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба иҷрои хатсайрҳои мунтазами дохилӣ иттилоъ медиҳад. Хатсайрҳои нави ҳавоӣ пойтахти кишварро бо чаҳор шаҳри Тоҷикистон: Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб мепайвандад. Хатсайрҳои нави Душанбе – Хоруғ – Душанбе, Душанбе – Хуҷанд – Душанбе, Душанбе – Бохтар – Душанбе ва Душанбе – Кӯлоб – Душанбе гардишгарии дохилиро боз ҳам мувофиқу беҳтар менамояд ва барои сокинону сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои бештарро фароҳам меорад.
Иҷрои парвозҳо тавассути ҳавопаймои L410 NG, ки 19 ҷойи нишаст дорад, ба нақша гирифта шудааст. Боиси зикр аст, ки парвозҳо дар сурати мусоид будани вазъи боду ҳаво амалӣ мегарданд.
Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор, водиҳои сабзу зебо, шаҳрҳои бостониву муосир буда, ҳар як минтақаи он таърих, фарҳанг ва иқтидору имкониятҳои хоси худро дорад. Рушди парвозҳои дохилӣ масофаи байни минтақаҳоро кӯтоҳ ва сафарҳоро зудтару роҳаттар мегардонад. Роҳандозии парвозҳо ҷиҳати дастрасии нақлиётии минтақаҳо, таҳкими равобити байни пойтахту вилоятҳо, ҳамчунин, фароҳамоварии имкониятҳои бештар барои рушди саёҳати дохилӣ мусоидат менамояд. Иқдоми мазкур дар соли таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса касб намуда, аз талошҳои минбаъдаи мутассил баҳри нумӯи инфрасохтори нақлиётии кишвар ва ҳамбастагии шаҳру навоҳии он шаҳодат медиҳад.
Яке аз марҳалаҳои муҳими рушди Shohin Airlines қабули ҳавопаймои нави L410 NG гардид, ки “Badakhshon” номгузорӣ шуда, 2-юми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гашт. Ҳавопаймо аз ҷониби ширкати чехии LET Aircraft Industries истеҳсол шудааст, ки ба тарҳрезӣ ва тавлиди техникаи авиатсионӣ ихтисос ёфтааст. Он барои ҳамлу нақли ҳавоии минтақавӣ пешбинӣ шуда, бо хусусиятҳои техникию истифодабарии худ ҷиҳати иҷрои парвозҳо дар масири кӯтоҳ, ҳамзамон, дар шароити релйефи мураккаби маҳал ва иқлими гуногун мувофиқ мебошад.
“Барои Shohin Airlines рушди интиқолоти ҳавоии дохилӣ танҳо иҷрои парвозҳо нест, балки саҳмгузорӣ дар таҳкими робитаҳо байни минтақаҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои аҳолӣ ва пешравии минбаъдаи кишвари мост. Мо мехоҳем, ки гардишгарии байни шаҳрҳои Тоҷикистон мусоид ва осонтару зудтар гардад. То ин ки сафарҳои корӣ вақти зиёдро нагиранд, сайёҳон тавонанд барои худ гӯшаҳои нави Тоҷикистонро кашф намоянд ва сокинони минтақаҳо барои сайру саёҳат имкониятҳои бештаре дошта бошанд. Итминон дорем, ки хатсайрҳои нав ба пулҳои воқеии ҳавоӣ табдил ёфта, шаҳрҳову одамонро бо ҳам мепайванданд”, – иброз дошт директори генералии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХАДАМОТИ ГУМРУК
Дар Хадамоти гумрук бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Азизуллоҳ Давлатзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҳайати шахсии Хадамот ва дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Олимҷон Шомудинов иштирок намуданд.
Азизуллоҳ Давлатзода иброз дошт, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ба арсаи сиёсат ворид мегарданд, ки масъулияти ҳифзи давлат, наҷоти миллат ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди онро бар дӯш мегиранд.
Таъкид гардид, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар чунин шароити ҳассос кишвар ба роҳбари дурандешу хирадманд ниёз дошт. Дар ин замина, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 баргузор шуд, ҳамчун рӯйдоди муҳим ва сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, ҷасорату матонат ва садоқат ба халқу Ватан дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ нақши муҳим гузоштанд. Маҳз тавассути талошҳои пайгирона ва сиёсати созандаи Роҳбари давлат дар мамлакат фазои сулҳу оромӣ таъмин гардида, барои пешрафти соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар идома иштирокдорон оид ба аҳамияти низоми идоракунии президентӣ, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории муосир андешаронӣ намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳу оштии миллӣ ва таъмини суботи пойдор замина гузоштааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа рушд намуда, корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи барномаҳои миллӣ бомаром идома доранд.
Азизуллоҳ Давлатзода иброз дошт, ки таҷлили ин санаи муҳим нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои арзандаи Сарвари давлат дар роҳи таҳкими давлатдорӣ мебошад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як кормандро вазифадор менамояд, ки барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми неру, дониш, таҷриба ва масъулияти касбии худро равона созад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 19.11.2026 №: 225