16 НОЯБР. НИШОНИ ЭҲТИРОМ БА НИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТӢ

19 ноябр 2026, Панҷшанбе
9
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раиси Бонк ва муовинони ӯ, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамоишро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ифтитоҳ намуда, аҳли ҳамоишро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Зикр шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзишҳои давлатдории миллӣ, шакли идораи президентӣ ва таҳкими пояҳои конститутсионии давлат алоқамандии мустақим дорад.
— Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба истиқлоли давлатӣ, арзёбии асосҳои конститутсионии давлатдорӣ ва эътирофи мақому нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ мебошад,- иброз дошт Фирдавс Толибзода.
Дар идома ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва аҳамияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи навини Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими давлатдории миллӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мерафтанд.
Дар ин замина, талошҳои сулҳофарӣ ва сиёсати ба таъмини сулҳу субот равонашудаи Роҳбари давлат барои барқарории фазои ором ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа замина гузошт. Суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар навбати худ барои татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ташаккули ниҳодҳои муосири давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Таъкид гардид, ки рушди устувори иқтисодӣ ва низоми молиявӣ бидуни муҳити мусоиди сиёсӣ имконнопазир аст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ низоми бонкии Тоҷикистон низ марҳалаҳои муҳими ташаккул ва рушди худро паси сар намуд. Ташаккули низоми муосири бонкдорӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ, такмили низоми назорати бонкӣ ва густариши хизматрасониҳои молиявӣ аз самтҳои асосии ин раванд ба ҳисоб мераванд.
Дар идома ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, иқлим ва дигар масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ мавриди зикр қарор гирифтанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам дар бораи нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ва марҳалаҳои рушди давлатдорӣ андешаҳои хешро баён намуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки таърихи навини давлати тоҷикон бо ному пайкори созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз хираду дурандешӣ ва ҷасорати бемисли ӯ Тоҷикистонро ба кишвари ободу пешрафта ва дар арсаи ҷаҳон соҳибэҳтиром табдил дод.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 19.11.2026 №: 225