ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ НАМОИШИ АСАЛ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ НАМОИШИ АСАЛ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

21 июн 2023, Чоршанбе
43
0
 
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши асал дидан намуда, дар семинар-машварати занбӯриасалпарварони кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар намоиш 28 гӯша таъсис ёфта, занбӯриасалпарварон маҳсулоти асалӣ, аз ҷумла муми занбӯри асал, гарди гул, ширеши занбӯр, шири модарзанбӯр ва навъҳои зиёди асалро муаррифӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо занбӯриасалпарварон, олимону мутахассисони соҳа суҳбати самимӣ ороста, аз самараи меҳнат ва натиҷаи фаъолияти назарраси онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар намоиш зиёда аз 70 тонна асал, ки аз ҷониби занбӯриасалпарварони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзӣ бо шаклу андозаҳои гуногун бастубанд гардидааст, пешниҳод шуд.
Тибқи иттилои масъулон, ба ҳолати 1 июни соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 263 ҳазору 703 оилаи занбӯри асал, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 ҳазору 392 оила, вилояти Суғд 79 ҳазору 828 оила, вилояти Хатлон 64 ҳазору 66 оила ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 111 ҳазору 417 оила парвариш меёбанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 586 оила зиёд мебошад. Дар ин давра истеҳсоли асали молӣ 23,5 тоннаро ташкил дод, ки он танҳо дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон истеҳсол шудааст ва бо фарорасии мавсим дар дигар минтақаҳои мамлакат ҷамъоварии асал шуруъ мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор занбӯриасалпарвар фаъолият дошта, дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 4,5 ҳазор тонна асал истеҳсол мешавад, ки маҳсулнокӣ аз ҳар оилаи занбӯр то 18 килограммро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои давлатии соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, Барномаи рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 ва Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 таҳия ва татбиқ шуданд, ки дар самти рушду ривоҷи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар мамлакат такони тоза бахшиданд.
Барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон дар минтақаҳо, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 таҳия гардида, дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон” 520 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, ки 290 оила занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрока харида шуда, ба занбӯриасалпарварони инфиродии мамлакат тақсим гардид.
Дар баробари ин, аз хориҷи кишвар барои беҳтар намудани зоти занбӯриасали дар мамлакат парваришёбанда 800-то модарзанбӯри бордоршудаи зотҳои “карпатӣ” ва “корникӣ” ворид гашта, дар оянда аз ҳамин ҳисоб зиёда аз 10 ҳазор оилаи занбӯри асал хушзот мешавад. Аз модарзанбӯрони воридгардида, 60-тои он ба занбӯриасалпарварони ноҳияи Ховалинг дастрас шуд.
Дар асоси дастури Роҳбари давлат, бо дарназардошти зиёд будани талабот ба маҳсулоти асал, дар ҷумҳурӣ тули чанд соли охир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 5 корхонаи коркард ва бастубанди асал таъсис ёфта, фаъолияти назаррас доранд, ки яке аз онҳо дар ноҳияи Ховалинг мебошад.
Дар  коргоҳи мазкур коркарди асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда шуда, раванди истеҳсолот тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосир амалӣ мегардад. Ин коргоҳ имкон дорад, ки дар як шабонарӯз 3 ва дар як моҳ 90 тонна асали табииро истеҳсол ва дар зарфҳои шишагии ҳаҷмашон аз 0,5 то 2-литра ва зарфҳои махсуси хурд бастубанд намояд. Ҳоло дар коргоҳ 20 сокини маҳаллӣ фаъолият менамояд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ховалинг табиати бою рангин дошта, дар баландкӯҳҳои ин минтақа гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш мерӯянд ва маҳз ҳамин имкониятҳо барои занбӯриасалпарварӣ ва рушди соҳа хеле мувофиқ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамасола оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия зиёд шуда, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст оварда мешавад. Занбӯриасалпарварони ноҳия асали ҷамъовардаи худро ба бозорҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат пешниҳод менамоянд. Натиҷа ҳамин аст, ки соли 2022 дар ноҳияи Ховалинг дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 4 ҳазору 357 оилаи занбӯр 74,5 тонна асал ҷамъ оварданд. Ҳоло дар ноҳия беш аз 150 нафар занбӯриасалпарвар фаъолият менамояд ва дар умум 4 ҳазору 362 оилаи занбӯр мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши теъдоди оилаҳои занбӯри асал ва боз ҳам бештар рушд додани ин соҳаи сердаромад ба занбӯриасалпарварон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Санаи нашр: 21.06.2023 №: 128
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив