«ПОМИР ЭНЕРҶӢ». ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮЙИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

17 ноябр 2026, Сешанбе
8
Директори генералии ширкати «Помир Энерҷӣ» Амрихон Раҳимов зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор дошт, ки фаъолияти ширкат давоми соли равон қонеъкунанда буда, неруи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври шабонарӯзӣ таъмин аст.
Номбурда бо камоли қаноатмандӣ зикр кард, ки баъд аз ба истифода додани НБО «Себзор» ба ширкат муяссар гардид, ки сифати хизматрасониро беҳтар ба роҳ монад. Имрӯз ба мардум ва хоҷагии халқи ВМКБ тавассути 26 неругоҳи барқи обии ширкат қувваи барқ таъмин мегардад.
Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 9 фоиз бештар неруи барқ истеҳсол ва 8,5 фоиз бештар ба истеъмолкунандагон фурӯхта шуд.
Тибқи лоиҳаи "Электрофикатсияи деҳот" имсол дар вилоят корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Дар сохтмони хатти барқи 110 кВ Вомар – Вазнави ноҳияи Рӯшон ва зеристгоҳи барқии 110/35 кВ “Қозидеҳ”-и ноҳияи Ишкошим корҳо ба анҷом расиданд. Дар доираи ин лоиҳа сохтмони хатти 10 кВ ва 04 кВ дар деҳаҳои Ачирх, Равмед, Девлох ва Миденҷиди водии Бартанг низ анҷом ёфт. Инчунин, асосноккунии техникию иқтисодии НБО «Чарсем» ба анҷом расида, ба ширкат пешниҳод шуд. Дар шаҳри Хоруғ бошад, аллакай, барои сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ «Шарифобод» аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ маблағи грантӣ ҷудо гардид.
Ҳукумати мамлакат дар роҳи истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар қадамҳои устувор мегузорад, ки дар ин ҷода Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як пойгоҳи таҷрибавии ворид намудани технологияҳои муосири ба истилоҳ «энергияи сабз» табдил ёфтааст. Ба ҳолати имрӯза дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб 27 неругоҳи барқи офтобӣ ва як неругоҳи бодӣ сохта ва ба истифода дода шуд.
Бо камоли хурсандӣ таъкид кардан мехостам, ки дар рӯзҳои ҷашни истиқлол дар ноҳияи Шуғнон бунёди бузургтарин неругоҳи барқи офтобӣ дар ҳудуди вилоят бо сифати баланд ба анҷом расид. Ба гуфтаи Амрихон Раҳимов, неругоҳи барқи офтобии Рож бузургтарин неругоҳи ин навъ дар ҳудуди ВМКБ маҳсуб ёфта, дар таъмини аҳолӣ ва инфрасохтори минтақа бо барқи хушсифат саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Амрихон Раҳимов дар фарҷоми суҳбат зикр кард, ки бунёд ва мавриди истифода қарор додани чунин иншоотҳои бузург бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди ҳаматарафаи ВМКБ тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд. Аз ҷумла, рушди энергетикаи Бадахшон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт ва дар ин самт дар ҳудуди вилоят корҳои азиме, чун бунёди Неругоҳи барқи обии “Помир 1”, таҷдиди сохтори идоракунии низоми электрикӣ дар вилоят ва ташкили нахустин лоиҳаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар мамлакат, ба монанди ширкати “Помир Энерҷӣ”, сохтмони аввалин неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ рӯйи кор омаданд. Ин шоҳкорҳо имконият фароҳам оварданд, ки имрӯз ВМКБ на танҳо худро бо неруи барқ пурра таъмин менамояд, балки миқдори муайяни онро ба Афғонистон интиқол диҳад.
Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.11.2026 №: 223-224