ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕРОС АЗ МОДАР 

МЕРОС АЗ МОДАР 

24 июн 2023, Шанбе
12
0
Номи ман дар шаҳкитоби зиндагӣ
Аз ҳазорон ном зеботар бувад.
Нест номеро чунин созу ҷило
Чунки мероси ман аз модар бувад.
 
Модарам номи маро Рӯдоба кард,
То ки ҳар парвардаам Рустам шавад.
То ки бар ҳар ҷо равад, бар номи ӯ
Родмардиву футувват зам шавад. 
 
То шавам воқиф, ки худ Рӯдоба кист?
Рӯзу шаб «Шаҳнома»-хонӣ кардаам.
Бо равони поки Фирдавсӣ мудом
Саҷдаҳо дар худ ниҳонӣ кардаам. 
 
Оқибат аз кони фазлу меҳри ӯ
Гавҳари ноби сухан дарёфтам.
Дар дили Рӯдобаи «Шаҳнома»-аш
Покии меҳри Ватан дарёфтам. 
 
Қавл додам пеши модар, дар ҳаёт
Умри худро сарфи дониш мекунам,
Мисли Фирдавсӣ каломи сулҳро
То ки ҷон дорам, ситоиш мекунам.
 
Ҳамчунон Рӯдоба дар домони хеш
Бо муҳаббат парварам фарзандро,
То ки ӯ монанди Рустам умрбод
Пос дорад бо Ватан пайвандро. 
 
То бимонад шод руҳи модарам,
Ман ба қавли хеш ҳастам устувор.
Пайки пирӯзӣ ба дунё мебарам
Аз шукӯҳи тоҷики фархундаёр. 
 
Номи ман чун ганҷ аз модар бувад
Баҳри ман дар зиндагонӣ ёдгор,
Ҷон диҳам, аммо набигзорам, касе
Номи некамро намояд доғдор.
 
Рӯдоба МУКАРРАМ 
Санаи нашр: 24.06.2023 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив