МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАЙХ АҲМАД ФАҲД АЛ-АҲМАД АС-САБОҲ
30 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир ва вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.
Чуноне Сарвари давлати мо таъкид карданд, ҷониби Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Кувайт аҳамияти пайваста зоҳир менамояд ва ин кишварро дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.
Ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо такя ба усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоиди ҳамкориҳо ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ин зимн, алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ бо Кувайт дар миқёси сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, башарӣ, амният ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафҳо мавриди таъкид қарор гирифт.
Ду кишвар ба рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар таъмини амнияту субот таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
Сарвари давлати мо аз ҳалли мусолиматомези масоили амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ намуда, нақши Кувайтро дар ин ҷода созанда хонд.
Зимни мулоқот дар робита ба масоили дигари мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, табодули афкор сурат гирифт.
Тавсеаи бештари ҳамкориҳои пурсамари ду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ, ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Пешвои миллат идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо аз василаҳои муассир донист.
Санаи нашр: 03.07.2023 №: 136
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)