ДИЛБОХАБАР
Чу Хуршеди саҳар ҳастӣ ту, модар,
Маро пеши назар ҳастӣ ту, модар.
Ба боғи зиндагӣ сарсабзу зебо,
Ҳамеша босамар ҳастӣ ту, модар.
Ҷаҳони меҳр то сардӣ набинад,
Маро нури басар ҳастӣ ту, модар.
Дилогоҳе ба монандат надидам,
Маро дилбохабар ҳастӣ ту, модар.
Чу кӯҳи сарбаланде пойбарҷо,
Маҳи пеши назар ҳастӣ ту, модар
Шукуфон ғунчаҳои орзуят,
Ки чун ҷони Сафар ҳастӣ ту, модар.
МОДАРОН
Бар сари мо то наояд гарди ғам,
Модарон дар ҳар қадам ғам мехӯранд.
Нестанд осуда ҳаргиз дар ҷаҳон,
Модарон ғамҳои олам мехӯранд.
Лолаи чашмонашонро дидаам
Субҳидам бедорхобу меҳрбор.
То наларзад боз авзои ҷаҳон,
Нест мисли модарон шабзиндадор.
Во бигардад то гиреҳи мушкиле,
Мешаванд ошуфтадил, ошуфтаҳол,
Роҳ паймудан ба мулки орзу
Бе дуои модарон бошад муҳол.
Мӯйҳои нуқрагун бошад нишон
Аз раҳи ояндаи рахшони мо.
Нестанд осуда ҳаргиз модарон,
То физояд қудрати мо, шони мо.
МОДАР
Гулрез зиндагонист аз хандаҳои модар,
Дунё куҷо биарзад бо хоки пои модар?!
Эҳёгаре ба мислаш асло дигар набошад,
Бошад садои ҳастӣ – ин худ садои модар.
Хуршеди оламафрӯз – як заррае зи меҳраш,
Охир надорад асло меҳру вафои модар.
Дунёи меҳру армон, дунёи орзуҳо
Сад ҷилва менамояд дар дидаҳои модар.
Дар шоҳроҳи ҳастӣ бечора монад охир,
Ҳар кас, ки рӯ битобад аз гуфтаҳои модар.
Умре қадам гузорам дар ҷодаи накуӣ,
Бошад, ки гирам охир дасти дуои модар.
То дил тапад ба сина, то бахт медиҳад даст,
Аз таҳти дил сароям ҳамду санои модар.
Сафар АМИРХОН
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)