ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК.  БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК.  БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

09 феврал 2023, Панҷшанбе
174
0
 
Тамоюли мусбат дар аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишон-диҳандаҳои асосии иқтисодии ноҳияи Темурмалик дар соли 2022 комилан таъмин шуд. Ин нуқтаро раиси ноҳияи Темурмалик Шералӣ Ҳасанзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2022 иброз намуд. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 118 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 18, 2 миллион сомонии пешбинишуда 21,4 миллион сомонӣ ворид гардид. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 23,3 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 6,2 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо ва ворид карда шудааст.
 
СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Соли 2022 аз тарафи нозироти андоз 321 соҳибкори инфиродӣ бо потент, 107 соҳибкор бо шаҳодатнома, 937 хоҷагии деҳқонӣ ва 330 шахсони ҳуқуқӣ ба андозбандӣ ҷалб гардиданд. Ҳамзамон, дар ин давра 87 хоҷагии деҳқонӣ ва 3 шахси ҳуқуқӣ аз нав ба қайд гирифта шуд, ки аз ҳисоби онҳо 2 миллиону 476 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид. Соҳибкорон дар рушди хоҷагии халқи ноҳия саҳмгузорӣ намуда, аз ҷониби онҳо дар 10 деҳа масофаи зиёда аз 10 километр кашидани хатти оби нӯшокӣ ва полизӣ, бунёди меҳмонхонаву боғчаи кӯдакона, бунгоҳи тиббию нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 4 нуқтаи истеҳсоли орд, 4 нуқтаи истеҳсоли равған, мумфарш намудани 7,1 километр роҳҳои маҳаллӣ, кандани 5 чоҳи амудӣ, бунёди 2 пули мошингузар ба анҷом расонда шуданд. Илова бар ин, кандани 3 чоҳи амудии иловагӣ идома дорад. Дар самти ҳамкории ҳамаҷониба ва ҷалб намудани сармояи хориҷию ватанӣ низ, корҳо идома доранд. Айни ҳол дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 2,1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
 
САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 ба 23,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,1 дарсад зиёд мебошад. Давоми соли гузашта корхонаҳои мебелбарорӣ, коркарди сангу шағал, истеҳсоли пойафзол ва коргоҳи макаронбарорӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. То имрӯз дар ноҳия корхонаи аз фаъолият бозмонда ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин давра ба ноҳия 32,7 миллион киловатт-соат қувваи барқ интиқол гардид. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба маблағи 5,8 миллион сомонӣ қувваи барқ дода шуд. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 75,4 дарсад, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 78,3 дарсадро, ташкил дод. Мутаассифона, бо бунёд ёфтани деҳаҳои нав, норасоии сибчӯб, ноқил ва трансформаторҳои барқӣ мушкилот ба вуҷуд овардааст.
 
КИШОВАРЗӢ ВА ЧОРВОДОРӢ
Кишоварзӣ соҳаи афзалиятнок буда, дар таъмини зиндагии шоистаи мардум бо маҳсулоти ғизоӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар соли ҷамъбастӣ 468,2 миллион сомониро ташкил дод. Хоҷагиҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, дар майдони 16040 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронданд. Ҳамзамон, дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 35251 тонна, сабзавот 6865, картошка 3222, полизиҳо 8151, мевагӣ 2160, аз ҷумла ангур 2975 тонна расонда шуд. Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 39215 сар, гӯсфанду буз 113 639, асп 3780 ва паранда 45715 сарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 12,5 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонша шуд, ки аз нақша зиёд аст. Тибқи дурнамо, дар ҳамаи секторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 10 гектар боғи нав бунёд гардида, 10 гектар боғи куҳна ва 1,5 гектар токзор барқарор карда шуд.
 
МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1723 шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 666 нафараш зан мебошад. Аз ҳисоби барнома 400 нафар бекор ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ, қаннодӣ, қолинбофӣ, бахши компютерӣ ва кафшергари барқ фаро гирифта шуд. Тавассути тавсияномаҳои шуъбаи агентӣ 1059 шаҳрванди бекор бо ҷойи кори доимӣ ва масимӣ дар ташкилоту муассисаҳо таъмин гардид. Тибқи ҳисоботи оморӣ, аз ҳисоби шаҳрвандони ноҳия ба муҳоҷирати меҳнатӣ 3082 нафар ба хориҷи кишвар сафар кардааст.
 
ВАРЗИШ, ҶАВОНОН ВА САЙЁҲӢ
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 23,1 ҳазор нафарро ташкил дода, дар ин давра 87 чорабинии варзишиву фарҳангӣ, 45 мулоқоту вохӯрӣ ва 27 мулоқоти фардӣ гузаронда шудааст. Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 44, толорҳои варзишӣ 8, дигар иншооти махсуси варзишӣ 5 ва маҷмааи варзишӣ 1 ададро ташкил медиҳад. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи минтақавӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 38 медал гардиданд. Инчунин, дар ин давра 2998 сайёҳи дохилӣ ба ноҳия ворид гардид.
 
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ  ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Тибқи чорабиниҳо, дар ноҳия бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, навсозӣ ва таъмири 150 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва 33 иншооти иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2023 20 иншоот ба истифода дода шуда, дар 111 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият» 
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив