ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМЕА.  ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ БОҚӢ МЕМОНАД

ҶОМЕА.  ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ БОҚӢ МЕМОНАД

09 феврал 2023, Панҷшанбе
65
0
Кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистонро мамлакати ҷавонон меноманд, зеро мувофиқи маълумоти оморӣ 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.  Бинобар ин, метавон ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созандаву ободкор ва захираи стратегии давлат номид. Ояндаи давлату миллат ба ҷавонони соҳибмаълумоту соҳибкасб вобастагӣ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати кишвар ҷавононро насли ояндасоз дониста, нисбат ба тақдири ояндаи онҳо чораҳои лозимаро роҳандозӣ менамояд. Тайи се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфтанд. Дар ин робита, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020 қабул гардид, ки тибқи талаботи он дар ҷумҳурӣ 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил шуд.      
 
Таҷрибаи чандинсолаи омӯзгорӣ собит менамояд, ки барои баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ҳавасмандгардонии ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат барои пешрафти давлат ва ҷомеа муҳим мебошад. Ин аст, ки Ҳукумати кишвар бо таваҷҷуҳ ба ҷавонон як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, аз соли 1998 барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд квотаҳои президентӣ, стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шуд. Ҳамчунин, бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ҳазорон ҷавонон дар кишварҳои пешрафтаи дунё аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои Тоҷикистон ҷудошуда, таҳсил менамоянд. Барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» таъсис ёфтаву ҷиҳати рушди варзиш, ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст. Ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои дастгирии соҳибкорӣ, касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва паркҳои технологӣ таъсис дода, дар хусуси то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25-сола чораҳои мушаххас андешида шудаанд.
Аз соли 1997 ҳар сол 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин шаҳодати он аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани Ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон ва дастгирии онҳо яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба ин неруи қавӣ, яъне ҷавонон, қайд намудаанд: «Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем». 
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар ва санъаткор, густариши худогоҳии мардум ва махсусан ҷавонон озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегарданд. Соли равон бошад, Озмуни нави ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ мегардад, ки ҳадаф аз он низ тақвияти тафаккури зеҳнӣ, худшиносии миллии ҷавонон, инчунин омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгони фарҳангсолорамон, мебошад.
Он чи зикр намудем, порае аз ғамхорӣ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар ҳаққи ҷавонони кишвар аст. Дар ҷавоб ба ин имконияту шароитҳои фароҳамовардашуда ҷавонони мо чӣ корҳоеро ба сомон расондаанд? Барои посух ба ин суол моро лозим аст, ки мухтасар фаъолияти ҷавононро дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳлил намоем.
 
Холмурод ҒИЁСПУР, 
омӯзгори МТМУ № 6, ноҳияи 
Шамсиддин Шоҳин
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив