ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

07 июл 2023, Ҷумъа
129
0
 
Идомаи сафари корӣ
МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ 
5-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ дар деҳоти Урметан майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, Парчамро парафшон намуданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, дар он барои сайругашти сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам аст. Иншоот дар масоҳати 1000 метри мураббаъ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкори ватандӯст Шаҳбоз Қодиров бунёд гардид. 
Корҳои сохтмонию ободониро дар иншоот ҶДММ “Зарафшонсохтмон” дар муддати кӯтоҳ бо тарҳи муосир ва бо истифода аз масолеҳи баландсифат анҷом дод.  Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ бо таҳкурсиаш 35 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 6 метр паҳноӣ ва 12 метр дарозӣ дорад. Роҳравҳои майдони Парчами давлатӣ дар масофаи зиёда аз 400 метри мураббаъ сафолакпӯш гашта, дар он суҳбаткада ва нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст. Деворҳои атрофи иншоот бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро ёфт.
Бо мақсади таъмини рӯшноӣ, дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ чароғакҳо насб гардида, шабона ба ин мавзеъ зинат мебахшанд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки солҳои истиқлолият дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ дар замири шаҳрвандони мамлакат, махсусан наврасону ҷавонон, дар марказ ва деҳоти аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар Парчами давлатӣ парафшон шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Урметан ва парафшонии ин рамзи муаррификунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалиро дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинон, махсусан наврасону ҷавонон, туҳфаи арзишманд маънидод карданд.
 
ҚАСРИ ФАРҲАНГИ ДЕҲОТИ УРМЕТАН
5-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметанро пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода, дар барномаи фарҳангӣ иштирок намуданд.
Қасри фарҳанги деҳоти Урметан дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи созандагиҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ таҷдиду навсозӣ гардида, барои фаъолияти аҳли ҳунар шароити муосир муҳайё шуд. Иншоот дар масоҳати 1500 метри мураббаъ ҷойгир буда, он аз тарафи паймонкор ҶДММ “Тоҷикэлитсохтмон” аз ҳисоби буҷети ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд бунёд ёфт. Толори асосии иншоот дорои 240 ҷойи нишаст буда, дар он барои пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ тамоми воситаҳои зарурӣ васлу насб гардиданд. Ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, пардозгарӣ, корӣ ва иншооти ёрирасон низ бо шароити замонавӣ таъминанд. Роҳрав ва деворҳои дохили иншоот бо истифода аз санъати баланди меъмории миллӣ оро ёфтаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо аҳли ҳунар, аз ҷумла таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт нақшаву барномаҳои зиёд амалӣ гаштанд.
Ёдовар мешаваем, ки  Қасри  фарҳанги деҳоти  Урметани  ноҳияи  Айнӣ  ҳанӯз  солҳои 80-уми асри гузашта сохта шуда, бо сабаби фарсуда гардидан, зарурати таҷдиду навсозии он ба миён омад. Навсозии иншооти фарҳангӣ дар ин деҳоти дурдасти мамлакат имкон медиҳад, ки баробари пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ аз ҷониби аҳли ҳунар, ҳамзамон дар доираи маҳфилҳои гуногун мутахассисон омода шаванд. Тибқи маълумот, имрӯзҳо дар назди Қасри фарҳанг маҳфилҳо, аз ҷумла доиранавозӣ, рубобнавозӣ, ҳаҷвнигорӣ ва ровиён, фаъолият доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунари деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла доира, таблак, рубобу танбӯр ва дутор туҳфа намуданд, ки ин иқдоми муҳим барои рушди соҳа, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мусоидат мекунад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси сиёсати муваффақу фарҳангдӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат баробари бунёду ба истифода додани биноҳои бошукӯҳи фарҳангӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин, дар деҳоти дурдаст барои аҳли ҳунар инфрасохтори муосир фароҳам омад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити муосири мавҷуда дар Қасри фарҳанг дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия иштирок намуданд. Аҳли фарҳанг барномаи ҷолибу рангинро, ки таҷассумгари дастовардҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон буд, пешниҳод намуданд.
Президенти мамлакат ба барномаи пурмазмуни санъаткорон баҳои баланд дода, иншоотро барои аҳолии беш аз 25-ҳазорнафараи деҳоти Урметан туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат маънидод намуданд ва аҳли ҳунарро бо истифода аз шароити муҳайёгардида ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои фарҳангӣ, саҳм гузоштан дар тарғиб ва муаррифии ҳунари пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён ҳидоят карданд. Дар навбати худ, аҳли ҳунар аз дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо таҳияи барномаҳои баландмазмун ва омода намудани кадрҳо дар рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва амалишавии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи ҳадафҳои созанда ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳо босуръат идома дошта, дар ҳамин замина бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳҳои гирду атрофи Қасри паҳлавонони суғдӣ, беморхонаи минтақавии № 2, майдони Парчами давлатӣ, Қасри фарҳанг ва коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии деҳоти Урметани Айнӣ асфалтпӯш шуданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ВА ҲУНАРМАНДӢ 
5-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ коргоҳи муосири дӯзандагӣ ва ҳунармандиро, ки яке аз бандҳои тарҳрезишуда бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳ дар масоҳати 195 метри мураббаъ бунёд шудааст. Бо афзоиши аҳолӣ ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, хусусан дар деҳоти дурдаст ва фароҳамсозии инфрасохтори зарурӣ аз талаботи замон буда, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла панҷсолаи рушди саноат, мусоидат менамояд. Ташаббуси мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Маъруф Мелиев амалӣ шуд. Бунёди иншоот моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ бо 16 мошинаи дарздӯзӣ, дастгоҳҳои ороишдиҳанда ва дигар таҳҷизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо ба истифода додани ин коргоҳ 20 нафар ҷавондухтарону бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гашта, ҳамчунин, ҷиҳати соҳибкасб гардидани хоҳишмандон шароити мусоиди корӣ фароҳам омад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ва суҳбат бо чеварон, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорро дар самти дастгирӣ ва ҳамоҳангӣ аз ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат неку муассир арзёбӣ карданд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ либосҳои ягонаи мактабӣ, тиббӣ, занонаву мардона, арӯсию ҷашнӣ ва ҷиҳози хона барои манзили зисту корхонаҳо мувофиқи дархости мизоҷон омода мегардад. Сарвари давлат ба ҳунармандон барои дастгирии ҳамешагӣ аз иқдомоти Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён дошта, онҳоро барои соҳибкасб кардани насли ҷавон ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ин қишри ҷомеа ҳидоят намуданд.
Дар иртибот ба ин, бонувони деҳоти Урметан аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати мамлакат ва фароҳамсозии шароити мусоиди кору фаъолият дар минтақаҳои дурдаст изҳори миннатдорӣ карданд. Онҳо ваъда доданд, ки минбаъд низ дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт. 
 
БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 
5-уми июл  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметан аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, бо деҳқонону сокинон суҳбати самимӣ оростанд. 
Кишоварзони ноҳияи Айнӣ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю хушкмеваҳо, асал, намудҳои гуногуни ғалладонагӣ, ки ҳамасола аз заминҳои зархези дар ихтиёрдошта истеҳсол мекунанд, ба маъраз гузоштанд. Як гӯшаи намоишгоҳро намунаи маҳсулоти нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ ташкил медод. Дар ноҳияи Айнӣ 1360 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд ва кишоварзон бо истифодаи мақсадноки заминҳо баробари таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти тоза, дар дастрасии сокинони ноҳияҳои атроф бо маводи худӣ саҳми назаррас доранд. Ноҳияи Айнӣ барои парвариш ва истеҳсоли картошкаи хушсифати навъҳои тоҷикӣ иқлими мусоид дошта, ҳамасола майдони кишти он васеъ мешавад. Имсол низ дар ин самт меҳнаткашони ноҳия пешсафанд. Ноҳияи Айнӣ минтақаи аграрӣ буда, саҳми деҳқононаш дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза муассир аст.     
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Айнӣ бо истифода аз ҳавои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда майдони парвариши зироати гуногунро бамаротиб зиёд намуда, дар масоҳати 605 гектар картошка, 67 гектар сабзавот ва 465 гектар ғалладонагиҳо киштанд, ки дар натиҷаи нигоҳубини хуб ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, ҳосили дилхоҳ ба даст омад. Аҳли заҳмати ноҳия то имрӯз дар 41 гектар кишти такрорӣ гузаронданд, ки айни ҳол нашъунамои зироат хуб мебошад.  
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишоварзон бояд аз гузашта дида пурмасъул бошанд, заминро самаранок истифода баранд ва бо ба даст овардани маҳсулоти фаровон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузоранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз намоишгоҳ ва суҳбат бо аҳли заҳмати ноҳия, ба дарки баланди масъулиятшиносӣ ва дастгирии меҳнаткашон аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, ба деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва бардошти ҳосили дилхоҳ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар навбати худ, аҳли заҳмати ноҳия аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба замину деҳқон миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд. 
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ МЕТАЛЛУРГИИ МИСГУДОЗӢ 
5-уми июл дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи металлургии мисгудозӣ, пойгоҳи кислороди адсербтсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов, полоишгоҳи рақами 3 дар ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” оғоз бахшиданд. Дар дастгоҳи марказии идоракунии корхонаи нав Пешвои муаззами миллат бо пахши тугма дастгоҳҳои пуриқтидори истеҳсолиро ба кор дароварданд ва ҳамин тавр, корхонаи металлургии мисгудозӣ ба истеҳсоли аввалин маҳсулоти худ шуруъ намуд. Иқтидори солонаи коргоҳ, ки ба истеҳсоли миси стандарти катодӣ машғул аст,  коркарди 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тилло мебошад.
Иттилоъ доданд, ки аз ин ҳаҷми консентрати коркардшуда дар навбати аввал 4,5 ҳазор тонна миси катодӣ, ҳамчунин, миқдори муайяни тилло ва нуқра истеҳсол мешавад.    Бояд  гуфт, ки  то имрӯз хокаи консентрати дорои мис ҳамчун ашёи хом ба дигар давлатҳо барои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ содирот мешуд. Корхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири роҳандозии коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз бойигариҳои табиии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар оянда миси катодии истеҳсолгардида чун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда пешниҳоди харидорон мешавад.
Корхонаи мисгудозӣ бо муосиртарин технологияи ҷаҳонӣ бунёд ёфта, хатҳои истеҳсолии он дар минтақа назир надоранд ва тибқи баҳогузории байналмилалӣ, ба талаботи “иқтисоди сабз” мутобиқ мебошад. Ҳангоми коркард хокаи дорои мис, тилло ва нуқра дар ҳарорати то ба 220 дараҷа гармӣ тафсонда шуда, моддаҳои ба муҳити зист зиёновар аз ҷумла МИШ-1 (марги муш) пурра безарар мегардад. Бино ба маълумотҳо, корхонаи азими саноатӣ аз нуҳ сех, аз коркарди селлюлоза, истеҳсоли мис, шираи оҳактайёркунӣ, туршкунии пешакӣ, коргоҳҳои бо оксиген дар зери фишор ишқоркунонӣ ва электролизи мис, дегхонаи гармидиҳӣ, пойгоҳ барои гардиши об, стансияи компрессории ҳаво ва оби соф иборат мебошад. Ҳамчунин,  дар назди корхона, бо назардошти технологияи муосир, коргоҳи алоҳидаи коркарди такрорӣ бунёд гардидааст, ки пасмонда ва ё партови ашёи хоми коркардшуда дар ин иншоот аз сари нав барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ истифода бурда мешавад ва ин имкон медиҳад, ки ашёи хом ҳамаҷониба ва ба пуррагӣ мавриди коркард қарор гирад. Раванди пурраи истеҳсолот аз бинои алоҳидаи маъмурӣ-идоравӣ ба таври ҳамешагӣ бо дастгоҳҳои муосиру камераҳои насбгардида назорат мешавад.
Корхонаи муштараки “Зарафшон”, феълан, коркарди конҳои “Таррор”, “Ҷилав”, “Олимпики”, “Хирсхона”, кони оҳаксанги “Даҳани Мазор” ва регу шағали “Моғиёндарё”-ро ба роҳ мондааст. Барои истеҳсоли миси стандарти катодӣ консентрати кони “Таррор”-ро истифода мебаранд. Корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ барои дарёфти сарчашмаҳои нави ашёи хом дар ин минтақа бо ҷалби мутахассисон минбаъд роҳандозӣ мегардад. Ҳамчунин, дар оянда ашёи хом барои коркард аз дигар конҳои ҷумҳуриву хориҷи кишвар ворид хоҳад шуд. Корхона дар доираи амалишавии нақшаҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръати кишвар бунёд ёфта, дар он наздики 300 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Бояд гуфт, ки 12 нафар мутахассисони маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд. Ин коргоҳи азими саноатӣ бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Корпоратсияи кӯҳкории “ЗИҶИН” бунёд гашт.
Иттилоъ доданд, ки муҷаҳҳазсозиву бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳудуди ҷамъият ба хотири кори босамари корхонаҳои он пайваста анҷом дода мешавад. Полоишгоҳи рақами 3 низ мавриди истифода қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхонаи навро дар самти роҳандозии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ қадами муҳим арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самаранок ба масъулон дастуру маслиҳатҳо доданд. Дар назди корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти Корхонаи муштараки “Зарафшон” боздид карданд. Дар намоишгоҳ маъданҳои конҳои “Таррор” ва “Ҷилав”, хокаи бойгардонидашудаи мис аз кони “Таррор”, тилло ва нуқраи истеҳсоли корхона ва миси катодӣ ба маъраз гузошта шуданд. Зимни боздид иброз гардид, ки дар ҷамъияти мазкур 2809 нафар фаъолият менамояд ва ҳамасола иқтидори истеҳсолӣ меафзояд. Тибқи маълумоти масъулон, дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавлидоти маҳсулот дар Корхонаи муштараки “Зарафшон” ба зиёда 2,2 миллиард сомонӣ расид. Дар ин давра, ҳамчунин, истеҳсоли хокаи бойгардондашуда 23,1 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти мунтазами корхонаи нав, истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир ва марҳила ба марҳила афзоиши иқтидори истеҳсолӣ масъулонро муваззаф намуданд.
 
МУЛОҚОТ БО ЯТИМОН
5-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхонаи металлургӣ дар шаҳри Панҷакент бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки, чун анъана, Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари корӣ аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбат ба онҳо ғамхории беандоза зоҳир менамоянд. Ҳангоми мулоқот, дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон, аз  ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баробари оростани дастархони пурнозу неъмат, ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб монданд, маҷмуи сарулибос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро биафзуд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар шудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд. Дар замони соҳибистиқлолӣ, дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат беш аз пеш беҳтару хубтар мешавад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис намекунанд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши кишвар илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд. Ятимон  изҳори хушнудӣ карданд, ки дар кишвари ободу зебо зиндагӣ менамоянд, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намуданд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бавижа ятимон, таваҷҷуҳи хоса дорад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯш гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё мекунад.
Дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои давлату Ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ карда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.
 
ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИСТОН
5-уми июл дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дар мавзеи Хуррамдара иншооти нави обрасониро мавриди истифода қарор дода, аз нашъунамои картошка дар хоҷагии деҳқонии “Нур” шинос шуданд. Набудани оби полизӣ дар баъзе аз қисматҳои ин мавзеъ  мушкилоти  асосӣ ба шумор мерафт ва бо ҳамин сабаб кишоварзон наметавонистанд ҳосили фаровон ба даст оваранд. 
Дар доираи таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин мушкилӣ ба зудӣ ҳал гардид ва тавассути бунёди иншооти нави обрасонӣ ва насби насосҳои махсуси обкашӣ 15 гектар замини корами мавзеи Хуррамдара обёрӣ гашт. Оби полизӣ ба ин мавзеъ аз масофаи қариб як километр бо лӯлаи қутраш 110-миллиметра оварда шуда, барои захира ва таъмини доимии он ҳавзи махсус бунёд ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии “Нур” ва суҳбати самимӣ бо деҳқонону масъулони соҳа таъкид сохтанд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ омили асосии боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин замина, кишоварзону деҳқонон бояд аз ҳавои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд, то сол ба сол ҳосилнокии зироатҳо дар заминҳои корам афзоиш ёбад. Дар маҷмуъ, бо кашидани хатти оби полизӣ дар ин мавзеъ аввалин маротиба дар майдони 8 гектар тухмии се навъи картошкаи маҳаллӣ кишт шуд, ки, мувофиқи хулосаи олимони соҳаи кишоварзӣ, нашъунамои он хуб мебошад. Ҳосилнокии картошка ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар аз 280 то 390 сентнерро ташкил медиҳад. Имсол хоҷагидорони ноҳия нақша доранд, ки аз ҳисоби заминҳои картошка зиёда аз 50 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд.  Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои истеҳсолӣ ва дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия муаррифӣ шуд. Имсол кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дар заминаи истифодаи самараноки замин, нигоҳубини хуби боғу токзор ва васеъ намудани майдони кишти ғалладонагӣ ва сабзавот ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
 Тавре таъкид шуд, ҳаво ва табиати нотакрори ноҳияи Шаҳристон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ, ҳифз ва коркарди гиёҳҳои шифобахши худрӯй, рушди соҳаи чорводорӣ ва дигар бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ мусоид буда, хоҷагидорон барои расидан ба ҳадафҳои рушд ва афзоши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд. Соли гузашта ҳоҷагидорони занбӯриасалпарвари ноҳия 32 тонна асал истеҳсол намуданд ва имсол дар заминаи ташкили хоҷагиҳои нав тавлидоти он нисбат ба соли гузашта бамаротиб меафзояд. Дар ин ҷо, асосан, маҳсулоти нонӣ, асал, меваю сабзавот, шир ва маҳсулоти ширӣ, беш аз 20 навъи гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти аз онҳо омодашуда, инчунин чорвои хурду калон ба намоиш гузошта шуд.
Дар ноҳияи Шаҳристон, тадриҷан, ба рушди ҳамаи бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Дар натиҷа, хоҷагидорон ҳосили баланди меваю сабзавот ба даст оварда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ҳамзамон, ба хориҷи мамлакат содирот менамоянд. Имсол дар ноҳия 52 гектар боғи нав бунёд шуд ва ин раванд солҳои оянда низ идома дода мешавад.
Дар ноҳияи Шаҳристон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ бо гӯшту шир саршумори чорво афзуд. Тибқи маълумотҳо, ҳоло дар ноҳия 853 сар асп, наздики 23 ҳазор чорвои калон, 79 ҳазор чорвои майда ва 35 сар қутос парвариш меёбанд.
Дар шароити ноҳияи Шаҳристон, ки дорои ҳавои мусоиду обҳои мусаффо мебошад зиёд намудани саршумори қутос ва афзоиши зотҳои нави он ба манфиат буда, солҳои ахир дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.  
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар оянда ноил шудан ба ҳадафҳои рушд, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, ба масъулон дастур доданд, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми тавлидоти маҳсулот аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода баранд.
 
ИФТИТОҲИ ПАРВАРИШГОҲ 
5-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро, ки  масоҳати он 200 гектарро ташкил медиҳад, ба истифода доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар парваришгоҳи навтаъсис, асосан, ду навъи ҳайвони нодир: оҳуи аврупоии лан ва гӯсфанди шохдори муфлонӣ парвариш ва нигоҳубин мешавад. Парваришгоҳро ҶДММ “Газнафт” ташкил дод. Парваришгоҳ дар мавзеи зебоманзар ва хушҳавои Хуррамдара таъсис ёфта, дарахтони зиёд ва гулу гиёҳҳои ҳархелаи худрӯй дорад. Дар ин мавзеъ, асосан, арчаи зарафшонӣ хуб рӯида, муҳити атрофро сабзу хуррам нигоҳ медорад. Дар парваришгоҳ барои нигоҳубин ва марҳила ба марҳила зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир  шароит  ва имкониятҳои васеъ мавҷуд буда, тибқи иттилои масъулон, моҳи декабри соли 2022 аз  Беларус 30 сар оҳуи зоти лан ворид гашт. Намудҳои оҳу, нахуст, ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ гардонда шуда, аз онҳо насли нав гирифта мешавад. Дар марҳилаи аввал 15 гектар ҳудуди парваришгоҳ бо симтӯр маҳкам гардид. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҳайвоноти нодир ҳифз шаванд ва саршумори он сол ба сол зиёд гардад.
Иқлим ва ҳавои мусоиди Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Шаҳристон, имкон медиҳад, ки дар натиҷаи парвариш ва нигоҳубини дурусти ин намуди оҳу насли он низ ҳамасола бамаротиб зиёд шавад. Соли якум 8 сар оҳу тавлид шудааст. Ҳоло шумораи намуди оҳуи лани аврупоӣ ба 38 сар расида, наслгирӣ идома дорад. Ба гуфти олимони соҳа, насли наринаи ин оҳу то 80 килограмм ва модинаи он бошад, то 60 килограмм вазн мегиранд. Ба роҳ мондани парвариш ва нигоҳубини он барои рушди соҳаи сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, замина гузошта, дар оянда омили муҳими ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад. Дар мамнуъгоҳ, баробари парвариши оҳуи аврупоии лан, гӯсфанди шохдори муфлон низ парвариш меёбад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз шароити парваришгоҳ, бо масъулони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷиҳати дар оянда зиёд намуди саршумори оҳуи навъи аврупоии лан ва гӯсфанди шохдори муфлон, дуруст парвариш кардан ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ намудани ин намуди оҳуҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар шароит ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон таъсиси парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳо афзалияти бештар дошта, ба афзоиши саршумори ҳайвоноти нодир мусоидат менамояд, ки ин аз ҳадафҳои ояндадори Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЛӮЛАҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ
6-уми июл дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои полиэтилении ҶДММ “Мироб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби оилаи Шарифовҳо бунёд гардид.
 Дар корхона 16 намуди лӯлаи полиэтилении қутрашон аз 15 то 315-миллиметра истеҳсол мешавад. Дарозии лӯлаҳо, вобаста ба қутрашон, аз 6 то 100 метрро ташкил медиҳад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 400 то 500 метр ва дар як сол аз 50 то 60 ҳазор метр лӯлаҳои полиэтилении босифат мебошад.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи навбунёд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, таъсиси корхонаи саноатиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда намуна арзёбӣ карданд.
Ба корхона ду хатти муосири технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, барои истеҳсоли лӯлаҳо дар як моҳ то 10 тонна ашёи хом –  полиэтилени тамғаи ПЭ 100 то марҳилаи ниҳоӣ коркард мешавад. Ашёи хом, асосан, аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас мегардад.
Тибқи маълумоти мутахассисон, лӯлаҳои полиэтилении ин корхона аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар бозорҳо рақобатпазир мебошад.
Имрӯзҳо лӯлаҳои полиэтиленӣ дар соҳаи обу корез, низоми таъминоти газ, муҳофизати кабел ва ноқилҳои барқӣ ва обёрӣ дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мешавад. Дар сурати зиёд шудани фармоиш аз ҷониби аҳолӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва талаботи бозор ба лӯлаҳои полиэтиленӣ, ҳаҷми истеҳсолот афзоиш ёфта, теъдоди кормандон низ зиёд хоҳад шуд.
Дар саҳни корхона намунаҳои гуногуни маҳсулот муаррифӣ гаштанд.
Иттилоъ доданд, ки айни замон дар шаҳри Бӯстон 51 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 20 намуди маҳсулот, аз ҷумла молҳои ивазкунандаи воридот, истеҳсол мешаванд. Тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 255 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Бояд гуфт, ки баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, сармоягузорону соҳибкорони ватанӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Ин тадбир дар афзоиши истеҳсолот ва таъмини сокинон бо ҷои кору маоши хуб мусоидат менамояд.
 
МАРКАЗИ САВДО ВА ФАРОҒАТИИ “ХОНАИ МАН” 
6-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи 20-солагии Истиқлоли давлатии шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман”-ро ба истифода доданд.
Иншооти хизматрасонӣ сеошёна буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъмории муосир бунёд ёфт. Дар маркази мазкур 70 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, оянда бо васеъ гаштани доираи фаъолият шумораи кормандон ба 100 нафар мерасад. Сохтмони иншооти хизматрасонӣ соли 2019 оғоз гардида, дар ду сол 90 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба истифода диҳанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир таваҷҷуҳи кормандонро ба хизматрасонии сатҳи баланду босифат ҷалб карданд. 
Дар ошёнаи якум аввалин намояндагии ҶДММ “Ёвар” дар вилояти Суғд ба фаъолият пардохт. Акнун, ҳамагон метавонанд аз хизматрасонии маркази савдо, дорухона ва нуқтаи фурӯши таҷҳизоти электронӣ истифода баранд. Бо назардошти талаботи замони муосир, фаъолият бо афзалият ба иқтисодиёти рақамӣ, асосан ғайринақдӣ, ба роҳ монда  хоҳад шуд. Мизоҷон ҳамарӯза шабонарӯзӣ метавонанд маҳсулоти босифатро дастрас намоянд, ки зиёда аз 60 фоизи он истеҳсоли ватанӣ мебошад. 
Дар ошёнаи дуюм мағозаи фирмавии Юск (Jysk) ба фаъолият оғоз кард, ки дар он фурӯши мебел ва таҷҳизот барои хона ба роҳ монда шудааст. Мизоҷон метавонанд муроҷиат карда, аз хизматрасонии сатҳи баланди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ баҳравар шаванд. 
Дар ошёнаи сеюми иншоот маркази фароғатӣ барои кӯдакон ба фаъолият оғоз кард. Барои фароғати наврасон таҷҳизот аз давлатҳои пешрафтаи дунё дастрас гашт. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро барои таъмини ободии шаҳру ноҳияҳо, фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ ба кори доимӣ ва пешрафти иқтисодиёт муҳим арзёбӣ карданд. Равшаннамоӣ ва зебоии атрофи иншоот мутобиқ ба талаботҳои ҳозиразамон  таъмин шуда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд.
Ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 ятим туҳфаҳо тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати  мамлакат қарор дорад ва ба онҳо пайваста кумакҳои моддӣ расонда мешаванд. Ҳамзамон, имрӯзҳо ятимон барои таҳсилу фаъолият аз имтиёзҳои зиёд баҳраваранд. Бунёду навсозии иншооти замонавии соҳа ва ба талаботи замон мутобиқ гардондани шароити таҳсилу зисти ятимон натиҷаи дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат мебошад.  
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дастгирии ятимону бепарасторон аз вазифаҳои авлавиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давлат намегузорад, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ кунанд.
 
КОРХОНАИ КОРКАРДИ КОҒАЗ ВА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ПОЛИГРАФӢ
6-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус”-ро ба истифода дода, бо имконияти истеҳсолии он шинос шуданд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, корхона, асосан, ба коркарди коғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.  Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, таъмин аст.
Иқтидори шабонарӯзии корхона 150-200 ҳазор дафтари гуногун ва албомро дар бар мегирад, ки дар як моҳ 4,5 миллионро ташкил медиҳад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад.
Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда мебошад. Тақрибан, 98 дарсади маҳсулот барои содирот пешбинӣ мегардад. Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои  Ҳукумати мамлакат бунёд ёфта, барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат ба сифати маҳсулот ва фаъолияти коргарон баҳои баланд дода, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат ва афзун гардондани ҳаҷми маҳсулот ҳидоят карданд.
Ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳо барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот боис гардида, дар оянда метавонанд, ки иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам болотар баранд. Сохтмони корхона, бо дарназардошти талаботи замони муосир, соли 2022 дар масоҳати наздик ба яку ним гектар оғоз ёфта, дорои иншооти ёрирасон  мебошад. Рушди соҳаи саноат, баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини сокинони мамлакат бо ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина кам намудани сатҳи камбизотӣ аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки сол ба сол дар ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд гардида, тавлидоти маҳсулот бамаротиб меафзояд.
 
КОРГОҲИ КОРКАРД ВА ИСТЕҲСОЛИ КОНСТРУКСИЯҲОИ МЕТАЛЛӢ
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии ҶДММ “Сохтмони Кабир”-ро ифтитоҳ намуданд.
Коргоҳ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат – 2022-2026  аз тарафи соҳибкори ватанӣ Комил Турдибоев бунёд шуд. Бо таъсиси коргоҳи нав 20 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Бо дарназардошти афзоиши талабот ба маҳсулоти коргоҳ ва сари вақт иҷро намудани фармоиш, боз 10 нафари дигар ба кор ҷалб мегардад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки металл ба коргоҳ аз дохил ва хориҷи кишвар ворид гардида, раванди коркард ва истеҳсоли конструксияҳо  тавассути хатҳои муосири технологӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар коргоҳи навбунёд номгӯи зиёди конструксияҳои металлӣ, аз ҷумла гунбазҳо барои бинои иншооти гуногун, маҷмааҳои  варзишӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, намоишгоҳҳо, пулҳо, роҳҳои пиёдагарди рӯизаминӣ, бо шаклу анзодаҳои зарурӣ ва бо сифати баланд истеҳсол мегарданд. Ба гуфти мутахассисон, конструксияҳои металлии коркард ва истеҳсоли коргоҳ дар асоси лоиҳаи иншооти сохташаванда бо фармоиши мизоҷон омода мешавад, ки муҳлати истифодаи тулонӣ доранд.
Дастгоҳу таҷҳизот барои коркарди металл ва истеҳсоли конструксияҳо аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гашт, ки онро мутахассисони тоҷик васлу насб намуда, идора менамоянд.
Бояд гуфт, ки коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии аз 1 то 5-сантиметра чанд марҳила: нахуст буридан, баъдан башаклдарорӣ,   кафшергарӣ, ҷамъу васлнамоӣ ва ниҳоят рангуборро дар бар мегирад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба ҳисоби миёна 400 тонна конструксияҳои металлии дорои сифати баланд мебошад. Ҳоло дар мамлакат талабот ба  конструксияҳо  аз  оҳан  ҳамчун  масолеҳи сохтмонӣ зиёд аст. ҶДММ “Сохтмони Кабир” аз  аввалин коргоҳҳоест, ки ба коркард  ва истеҳсоли  конструксияҳои  металлӣ  ба  фаъолият шуруъ намуд. Аз ин рӯ, масъулони коргоҳ нақша доранд, ки бо истифодаи босамар аз иқтидорҳои мавҷуда, то андозае ҳам бошад, талаботи бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулоти ивазкунандаи воридот таъмин намоянд.
Имрӯзҳо конструксияҳои металлӣ ба ҷумҳурӣ, асосан, аз кишварҳои хориҷ бо нархи гарон ворид мегарданд. Акнун, дар коргоҳи навбунёд конструксияҳои оҳанӣ бо шакл ва андозаҳои гуногун ҳам бо фармоиши мизоҷон ва ҳам вобаста ба  талаботи бозор коркард ва истеҳсол мешаванд. Дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ “Сохтмони Кабир”, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сохтмон ва бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз қабили сутунпояҳои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, қалъаҳо ва коху маҷмааҳо саҳми назаррас дорад, шинос шуда, ба корҳои мутахассисони тоҷик баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти босамари коргоҳ ва ҷиҳати тараққӣ додани соҳаи мазкур ба кормандон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд. Ба таъкиди Президенти мамлакат, шаҳри Хуҷанд барои рушди соҳаи соноат, хусусан коркард ва истеҳсоли масолеҳи баландсифати сохтмонӣ аз металл, имконияти зиёд дорад.
 
МАРКАЗИ ТАШХИСӢ-ТАБОБАТИИ “САДАФ” 
6-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои навбунёди маркази ташхисӣ-табобатии “Садаф”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ дар доираи корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наимҷон Тураев сохта шуд. Баробари ба истифода додани иншоот, 40 мутахассиси баландихтисос бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расид. Он дорои 12 ҳуҷра ва 34 кат мебошад.  
Иншооти мазкур бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва бо ҷалби бунёдкорони маҳаллӣ дар масоҳати 0,17 гектар қомат афрохт. Дар марказ маҷмуи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй, гузоштани имплантант ва дармонгоҳи дил, ба роҳ монда шудааст.
Бинои навбунёди хуштарҳу замонавӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва табобатӣ, аз ҷумла лазери спикане, ки аз Ҷумҳурии Корея дастрас гардид, муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин, он ошхона ва толори маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст дорад. Дар бинои нав таҷҳизоти муосири тиббии дандондармонӣ, микроскоп барои гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ, рентген барои ҷоғу рӯй, ҳуҷраҳои кории табибон, физиотерапевтӣ ва толори истироҳату фароғати кӯдакон ҷой гирифтаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро ҷиҳати таъмини шароити муосири ташхис ва табобати дандон намуна арзёбӣ карданд.
 
Санаи нашр: 07.07.2023 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив