ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОИ "КӮЛОБ".  ҲАДАФ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ

МОИ "КӮЛОБ".  ҲАДАФ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ

09 феврал 2023, Панҷшанбе
145
0
 Дар заминаи фазои созгоре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон ва соҳибкорони дохилию хориҷӣ муҳайё кардааст, ҳадафи чоруми миллӣ: саноатикунонӣ дар шаҳри Кӯлоб рӯз ба рӯз суръати тоза мегирад. Оид ба корҳои иҷрошуда дар соли гузашта суҳбате доштем бо Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб.  
– Дар шаҳру деҳот 16 лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаҳои маориф, коммуналӣ ва кишоварзӣ татбиқ шуда истода, 30,5 миллион доллари амрикоӣ аз худ гардид, ки ин аз мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудани сармоягузорӣ дарак медиҳад, – мегӯяд Бахтиёр Назарзода. – Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 дар маҷмуъ, 225 лоиҳаро ба маблағи умумии 7 миллиарду 12  миллион сомонӣ дар бар гирифтааст. Дар нақша ба рушди соҳаи саноат афзалият дода шуда, бунёди 15 корхонаи азим бо назардошти истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, азнавсозии 5 корхонаи фаъол ба арзиши беш аз 4 миллиард сомонӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2022 аз 204 лоиҳаи дар давраи солҳои 2020-2022, яъне 3 сол пешбинишуда 47 лоиҳа (23 дарсад) ба маблағи 448 миллион сомонӣ иҷро шуда, кор дар 42 лоиҳа, яъне дар 20,5 фоизи онҳо оғоз гардида, 170,1 миллион сомонӣ аз худ шудааст. Ҳамагӣ дар давраи иҷрои барномаи мазкур 618,1 миллион сомонӣ аз худ гаштааст, ки дар 3 сол 11,1 дарсадро ташкил медиҳад. Ҷараёни амалишавии лоиҳаҳои дигари барномаи мазкур зери назорати доимӣ қарор дошта, барои бунёди 24 корхонаи саноатӣ ва зеристгоҳи барқӣ нақшаи мушаххас таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудем. Нақша аз тарафи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тасдиқ ва барои мусоидату иҷро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазоратҳои дахлдор ирсол шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рушди саноат - соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр ҳамеша моил буда, бо эълон гардидани солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати  мамлакат, соли 2022 тибқи қарори раиси шаҳр Соли рушди саноат ва роҳҳои обод эълон гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва татбиқ гаштанд. Бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхона ва коргоҳҳои нав чанд дафъа вохӯрии раиси шаҳр бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки қитъаи замин барои бунёди корхонаҳо гирифтаанд, доир шуд. Мақсади асосии вохӯриҳо бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, вусъат бахшидан ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар натиҷа то 1 январи соли 2023 ҳафт корхонаи саноатӣ: “Махсус” ва “Мелиоратор” (коркарди сангу шағал), “Мадазим” (истеҳсоли маҳсулот аз филизот), “Оби навруша” (истеҳсоли  сафолаку хишти сементӣ), “Марямбибӣ” (истеҳсоли хишти сементӣ), “Истеҳсоли гӯшти мурғи Кӯлоб”, “Тоҷикалмос” (истеҳсоли филтрҳои равғанӣ ва ҳавоӣ барои нақлиёт) ба истифода супурда шуда, дар ин росто 73 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Ҳамчунин, дар назди Комбинати хонасозии шаҳр се коргоҳи нав: истеҳсоли сафолак, хишти сабук ва сангҳои ороишӣ, дар заминаи ширкати “Сувайба-2014” коргоҳи парвариши мурғи гӯштӣ, дар назди ширкати “Хуршед-Н” коргоҳи истеҳсоли сангу шағал таъсис ёфта, 40 ҷойи дигари корӣ барои сокинон пешниҳод шуд. 
Дар давоми 12 моҳ 32 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуд, дар натиҷаи татбиқи як қатор тадбирҳои муайян ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар шаҳр ба 365,9 миллион сомонӣ баробар гашт, ки нисбат ба  соли 2021-ум 73,6 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳа 123,9 дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ 106,7 дарсад, равғани рустанӣ – 131,2, нахи пахта – 147,8, маҳсулоти гӯштӣ – 100, хишти сементӣ – 102,8, хишти бинокорӣ – 113 ва маҳсулоти пластикаи филизӣ 105,8 дарсад, омехтаи қуму сангреза 8,3 маротиба зиёд гардид.
Ширкати “Сино-2013” бо муассисаҳои таълимӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, дар ин давра 115290 адад либоси мактабӣ дӯхт, ки сад дарсади талабот буда, аз соли 2021-ум 1,5 маротиба зиёд мебошад.
Филиали ширкати “Ваҳдат-текстайл” дар шаҳри Кӯлоб 2,1 миллион ҷуфт ҷуроб ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ истеҳсол намуда, шумораи кормандонро то 88 нафар зиёд кард.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб, ки дар  309,2 гектар ташкил гардидааст, ба 11 соҳибкор замин барои бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ҷудо гардид, 2 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба истифода супурда шуда, дар чанд иншооти дигар кор идома дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва маъмурияти МОИ "Кӯлоб" лоиҳаҳои бунёди 20 корхонаи саноатиро бо забонҳои русӣ ва англисӣ омода намуда, барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бо мактуби расмӣ ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ пешниҳод кард. Айни замон дар МОИ "Кӯлоб" 7 субъект ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби ширкати “Кӯлоб-агросаноат” бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди 5 ҳазор тонна намак, истеҳсоли 150 тонна равғани растанӣ ва 60 тонна набот дар як сол идома дорад. 
Дар доираи амалишавии лоиҳаи «Кам кардани талафоти неруи барқ  ва гузаштан ба шабакаи биллингӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар МОИ "Кӯлоб" сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВт бо насби ду трансформатор оғоз шуд, ки дар раванди саноатикунонии кишвар нақши меҳварӣ хоҳад бозид. 
Бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим, 27 августи соли 2022 Форуми байналмилалии иқтисодии Кӯлоб-2022 доир гардид, ки дар ҳошияи фаъолияти он шартномаҳои муштарак, аз ҷумла барои бунёди корхонаи нассоҷӣ бо ширкати “Дороиҳои саноатӣ”-и Федератсияи Россия ба маблағи 200 миллион доллари амрикоӣ, корхонаи аффинаж ба маблағи 80 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати “Ваҳдат-металл”, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ ба маблағи 3,6 миллион сомонӣ  аз ҷониби ширкати “Кӯлоб-пласт” баста шуданд. Ҳамчунин, маъмурияти МОИ "Кӯлоб" бо соҳибкорони эронӣ оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои оҳанӣ ба маблағи 50 миллион сомонӣ, истеҳсоли лифт ба маблағи 30 миллион сомонӣ ва корхонаи коркарди маводи ғизоӣ ба маблағи 30 миллион сомонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ имзо карда, бо ширкати “Растанӣ Инно” дар шаҳри Хоруғ барои эъмори корхонаи истеҳсоли афшураи мева ва доруворӣ ба маблағи 11 миллион сомонӣ созиши ҳамкорӣ бастанд. 
Бояд зикр намуд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақими хориҷӣ, 11 нафар роҳбару соҳибмулки корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони шаҳр 11-18 сентябри соли 2022 дар ҳайати гурӯҳи ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия сафар карда буданд. Дар ҷараёни ин сафари корӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, МОИ "Кӯлоб", “Кӯлоб таҷҳизот” ва Палатаи савдои Ғозиантепи Ҷумҳурии Туркия барои бунёди корхонаи қолинбарорӣ, истеҳсоли дару тирезаҳои оҳанӣ ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд. 
Ҳамзамон, дар доираи татбиқи протоколи “Бародаршаҳрӣ” як гурӯҳ масъулон ва соҳибкорони шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, баъди боздид аз МОИ "Кӯлоб" ва вохӯрӣ бо раиси шаҳр се ёддошти тафоҳумро барои ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар МОИ "Кӯлоб" имзо карданд.
– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри рушди  иҷтимоию иқтисодии  шаҳру деҳот дар соли 2023, инчунин ҷиҳати амалӣ кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бармеоянд, тамоми тадбирҳои судмандро амалӣ хоҳад кард, то ки шаҳр беш аз пеш зебо ва барои зиндагии сокинон мувофиқ шавад, – гуфт дар охири суҳбат Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив