ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МАШВАРАТИ КОРӢ 

МАШВАРАТИ КОРӢ 

10 июл 2023, Душанбе
12
0
   
8-уми июл дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир карданд.
 
Зимни машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли 2023 муҳокима гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кориро, ки аз 5-ум то 8-уми июл дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, доир ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва вазифаҳои дарпешистода ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки вазъи ҷаҳони имрӯза, бархӯрдҳои шадиди сиёсиву низомӣ дар баъзе кишварҳо ва минтақаҳои дунё, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои вазнини он – хушксолӣ ва камобии пайдарҳам, зиндагии мардуми сайёраро, махсусан дар самти таъминот бо маводи ғизоӣ, торафт мушкилтар мегардонанд.
Сарвари давлат, дар робита ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, зарур шумурданд, ки татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ бояд вазифаи ҳар як фарди бедордил бошад. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосил идома дорад, аз ин рӯ, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки барои беталаф ғун доштани ҳосил ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ барои мавсими зимистон, диққати аввалиндараҷа диҳанд. Роҳбарону мутахассисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки кишти такрориро ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ 3-4 ҳосил гиранд. Барои ба талабот ҷавобгӯ кардани фазои сармоягузорӣ, роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки ҷалби сармоя, амалишавии самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро зери назорат гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар татбиқи баъзе лоиҳаҳо ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо дарназардошти ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки корро ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ тақвият бахшанд. Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои афзоиши қарздиҳӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарз ба соҳибкории истеҳсолӣ (махсусан ба минтақаҳои дурдаст), тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали соли равон суръати рушди истеҳсоли маҳсулот дар баъзе корхонаҳои коркарди маъдан, саноати ангишт ва саноати сабук коҳиш ёфта истодааст. Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати ислоҳи вазъи бамиёномада, ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот вусъат бахшанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар вилояти Суғд сохтмон ва барқарорсозии 12 000 иншооту биноҳо, аз ҷумла 700 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи кор, ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 26 фоизи он иҷро гардид. Тибқи таҳлилҳо, вазъи иҷрои нақшаи корҳои ободониву созандагӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят суст ҷараён дорад, ки аз масъулон андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро талаб менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда супурдани иншоот чораҳои зарурӣ андешанд.
Супориш дода шуд, ки ободониву бунёдкориҳо, пеш аз ҳама, бояд ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кор, бунёди инфрасохтори зарурӣ, дар навбати аввал инфрасохтори иҷтимоӣ, бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо ва дар ин раванд, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ равона шаванд. Ба роҳбарону масъулони вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки аз ҳоло барои ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, пеш аз ҳама муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва аҳолӣ, ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 чораҷӯӣ намоянд. Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, фаъолон ва сокинони вилоят ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ, заҳматдӯстӣ ва риояи интизоми хизматӣ барору комёбӣ орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Санаи нашр: 10.07.2023 №: 140
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив