Ҷаҳон дар як сатр
Gazeta.ru. Пекин ба лағви таҳримҳои якҷониба алайҳи Сурия дар пайи заминларзаи мудҳиш дар ин кишвар даъват кард. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мао Нин хабар дод.
ТАСС. Намояндаи расмии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Стефан Дюжаррик гуфт, ки СММ ба осебдидагони заминларза дар Туркия ва Сурия 25 миллион доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона мефиристад.
Gazeta.ru. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Австрия Антония Праун гуфт: "Ҳукумати Австрия омода аст ба вакилони парлумони Россия миқдори маҳдуди раводид диҳад, то онҳо тавонанд дар нишасти калидӣ дар як форуми байналмилалии амният ширкат варзанд". Ёдовар бояд шуд, ки ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии САҲА аз 23 то 24 феврал баргузор мешавад.
RT. Сафири Бразилия дар Москва Родриго де Лима Баэна Соарес гуфт, ки Бразилия Россияро шарики муҳим медонад ва ният дорад ҳамкориҳоро бо он таҳким бахшад.
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)