ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » С У Ғ Д. ТОБИСТОНИ БАЧАҲО ХУРРАМ АСТ 

С У Ғ Д. ТОБИСТОНИ БАЧАҲО ХУРРАМ АСТ 

13 июл 2023, Панҷшанбе
14
0
 
Ҳоло  дар қаламрави вилояти Суғд 11 лагери беруназшаҳрӣ, аз қабили “Шоҳин”-и Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Парасту”-и шаҳри Конибодом, “Гагарин”-и шаҳри Исфара, “Сиёвуш”-и ноҳияи Мастчоҳ амал карда, дар ин рӯзҳо зиёда аз 2,7 ҳазор нафар мактабиёну наврасонро ба оғӯши худ гирифтааст. 
Ин рӯзҳо авҷи фаъолияти лагерҳо буда, истироҳаткунандагон - бачагони синну солашон гуногун аз ҳамаи гӯшаву канори кишвар дар мавзеъҳои гуногуни зебову ҷолиб бо табиати афсонавию сарсабзу хуррам таътили худро рангину шавқовар, бо таассуроти ширину гуворо ва зебову  наҷиб мегузаронанд, ки ин ҳолатро дар аснои суҳбат бо фароғаткунандагон дар лагерҳои “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон ва “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и  мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки бино ба мушоҳидаҳои коршиносони соҳаи маорифу Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд аз лиҳозу ташкилу созмондиҳии фароғати бачаҳо, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таҳияшудаашон миёни дигар лагерҳо аз беҳтаринҳост, ба хубӣ пай бурдем.
Лагери “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон соли 2013 бо масоҳати зиёда аз 20 гектар дар соҳили “Баҳри тоҷик” дар заминаи “Орлёнок”-и Корхонаи маъданҳои нодир (“Востокредмет”) - шаҳри Бӯстон таъсис ёфтааст, ки ифтитоҳи мавсими  имсолаи он бо ҷашни 10-солагиаш рост омад. “Шоҳин” метавонад дар як баст то 650 нафар истироҳаткунандаро аз синни 6 солагӣ то 16 - солагӣ қабул кунад.
– Фаъолияти мо бо ин бачаҳои ба истироҳат омада  дар асоси се мавзуъ: ифтихор аз ватандорӣ, сулҳу дӯстиву рафоқат ва баъдан дар мавзуи варзиш  ҷараён мегирад, – мегӯяд Алла Ғаниева, директори лагер, - тамоми талошу такопӯйҳои кулли мураббиҳо ба он равона шудааст, ки  рӯзҳои таътили мактабиён хушу гуворо ва хотирмон гузарад. Ҳар мавзуи баргузидаи мо  дар шакли бозӣ доир гашта, бачаҳо худро  озод гирифтаву фаъолона ширкат меварзанд. Хусусан, ба наврасон нақлҳо аз таърихи шаҳрҳо, табиати кишвар ва бузургони миллат хеле писанд меояд. 
Мактабиёну наврасони вилоят гузарондани таътили тобистонаи худро дар лагери “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, ки дар мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов воқеъ аст, хеле дӯст медоранду меписанданд, зеро мавзеи сарсабз бо табиати зебову ҳавои тоза ва оби мусаффо, салқину фараҳбахш ва роҳатафзо бо анбӯҳи дарахтони гуногуни сояафкану  гулу буттаҳои ороишӣ.
– Теъдоди хоҳишмандон ҷиҳати фароғат дар лагери мо ин мавсим боз афзудааст, – мегӯяд Дилбарҷон Бобоева, сарвари КВД истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони “20-солгаии Истиқлолияти Тоҷикистон”,-  ин бе сабаб ҳам нест,  чунки нахуст, роҳхат дастрас, дувум, истироҳату солимгардонӣ дар ин табиати зебо ба саломатии наврасон хеле муфид аст ва, албатта, сабаби дигари дилкашолии бачаҳо ба ин ҷо барномаи истироҳат ва маҳфилҳои гуногуну рангини амалкунанда мебошад. Мо барояшон як муҳити зебову созгори аз лиҳози истироҳату бозиву ғизо  муҳайё кардаем, ки ба омадагон қобили қабул буда, мехоҳанд боз соли дигар маҳз фароғати худро дар ҳамин ҷо гузаронанд.
Бино ба иттилои Қутфинисо Солеҳҷонова, сармутахассиси шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд   интизор меравад, ки дар мавсими имсола лагерҳои дар қаламрави вилоятбуда дар ҳама шаклҳо: чи беруназшаҳриву наздимактабӣ, варзишию беҳдоштӣ ва меҳнатию фароғатӣ бояд зиёда аз 70 ҳазор нафар хонандаву наврасро аз ҳамаи гӯшаву канори вилоят ва ҷумҳурӣ дар бар гирад.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 
АЗ ИДОРА: чун маводи мазкур омодаи чоп мешуд, иттилоъ расид, ки дар вилоят боз лагерҳои дигар – “Бобоидархон” дар ноҳияи Ашт, “Чашма” дар Деваштич ва дар ноҳияи Зафаробод аввалин истироҳаткунандагонро пазируфтанд.
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив