ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИТОБХОНӢ.  МОНЕАҲОЕ, КИ БОЯД РАФЪ ШАВАНД

КИТОБХОНӢ.  МОНЕАҲОЕ, КИ БОЯД РАФЪ ШАВАНД

14 июл 2023, Ҷумъа
21
0
 
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи дониши ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва шароити муосири заруриро ҷиҳати донишандӯзии ин қишри ояндасоз ҳамеша фароҳам меоранд. Баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ, ба монанди озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва маҳфилҳои дигар аз далелҳои рӯшани ин гуфтаҳост. 
Бино ба маълумоти пешниҳоднамудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон,  се моҳи ахир хонандагони он беш аз 37 ҳазор нафарро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли рафта хеле зиёд мебошад. Инчунин, дар ин давра, ба Китобхона зиёда аз 2 ҳазор кас аъзо шуд. Дар он толори электронӣ низ фаъол буда, аз он 15600 хонандаи доимӣ истифода мебарад. Аз ин рақамҳо бармеояд, ки ҳамарӯза миқдори зиёди китобҳо дар гардиш мебошанд. 
Иқболшоҳ Умаров, мудири шуъбаи китобхонаи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки илму донишро маҳз аз китоб мегирем, на аз интернету шабакаҳои иҷтимоӣ. Чунки ин манбаъҳо ҳоло як қисми хурди донишҳоро дар бар гирифта, аксаран, ҷанбаи иттилоотӣ доранд. 
– Дар китобхонаи мо китобҳои илмию бадеӣ зиёданд. Асарҳои адибони классику муосир ҳар кадоме хонандаи худро дорад. Аксари донишҷӯён ба китобҳои бадеӣ бештар рӯ меоранд ва талабот ба ин гуна  китобҳо зиёд аст. Аз адибони ҷаҳон Ҷек Лондон ва Марк Твен, аз шоирону нависандагони классику муосир низ зиёд асар мепурсанд. Мо ҳам то ҳадди имкон хизмат мерасонем, – иброз дошт Иқболшоҳ Умаров.  
Тавре аз гуфтаи ҳамсуҳбатамон бармеояд, афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба китобхонӣ ҷараёни хуб аст, аммо аз ҷониби дигар, ҳанӯз ҳам дар ин самт ҳастанд мушкилоте, ки ҳалли онҳо таъхирнопазир маҳсуб меёбад. Пеш аз ҳама, хунукназарии баъзе аз хонандагон ва муносибати ношоёни онҳо махсусан ба  китобҳои серталаб аст. Маҳз саҳлангории ин тоифа ҷавонон боис гардидааст, ки қисме аз чунин китобҳо, аллакай, фарсудаву саҳфаҳои баъзеашон бо қалам хаткашида шудааст.  
– Чаро ба китоб чунин муносибат мекунанд? – пурсидем аз ӯ.
– Воқеан, ҷавононе ёфт мешаванд, ки нисбат ба китоб муносибати нодуруст доранд. Солҳои пеш, сарфи назар аз адади зиёди нашр, теъдоди китобҳо дар китобхонаҳо хеле кам буданд. Шояд аз ин лиҳоз мардум кӯшиш мекард, ки аз чунин адабиёт пурсамару оқилона истифода барад. 
Дар ҳақиқат, дар китобхонии ҷавонону наврасон бисёр мушкилиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, мудири китобхонаи электронии Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҷомӣ Баротзода суханони Иқболшоҳ Умаров, мудири шуъбаи китобхонаи фанҳои гуманитарии ДМТ-ро тасдиқ намуда, чунин гуфт:
– Бале, баъзе хонандагон, бахусус ҷавонон, нисбат ба китоб корҳои ношоямро раво мебинанд.  Онҳоро медаронанд, хат мекашанд.  Табиист, ки ин ба аъзо шудан ва омадани хонандагону донишандӯзон ба китобхона таъсири манфӣ мерасонад. Ба ақидаи ман, маҳз бо ҳамин сабаб сол ба сол омадани муштариён ба Китобхонаи мо коҳиш меёбад. Ҳол он ки он дорои шуъбаи электронӣ ва толори хониш (ҳар ду бо 100 ҷои нишаст) буда, аз онҳо метавон самаранок истифода бурд.
Тавре мебинем, муомилаи ношоями хонандагон нисбат ба китоб аз мушкилоти нигаронкунанда ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, барои рафъи он бояд тадбирҳои зарурӣ андешид. Дар робита ба бартараф намудани   ин камбудӣ, мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки дар ин ҷода омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, касбӣ, миёнаи умумӣ ва умуман, фаъолони ҷомеа метавонанд саҳми хешро гузоранд. Яъне, онҳо бояд пайваста ба насли ояндасоз қадру қимати беандоза доштани китоб ва муносибати нек бо онро, ки махзани илму дониш аст, талқин бинамоянд. Танҳо мутолиаи китоб метавонад моро аз ҷаҳолат бираҳонад ва ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави дониш раҳнамун созад, ки ин маънӣ дар осори гаронбаҳои гузаштагони пурифтихорамон ҳамеша таъкид мегардад. 
 
Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.07.2023 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив