ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. КӮҲИСТОНИ ТОҶИК САЙЁҲОНРО МАФТУН МЕКУНАД

ВМКБ. КӮҲИСТОНИ ТОҶИК САЙЁҲОНРО МАФТУН МЕКУНАД

18 июл 2023, Сешанбе
25
0
 
Давоми шаш моҳи соли равон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4807 сайёҳ дидан намуд, ки аз ин шумора 1954 нафар сайёҳи хориҷӣ мебошад. Ин теъдод нисбат ба соли пеш бамаротиб зиёд буда, ҳамарӯза рӯ ба афзоиш дорад. Дар ин бора  ба хабарнигори минтақавии рӯзномаи “Ҷумҳурият” Синбод Амонбеков, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо такя ба маълумоти дидбонгоҳи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз иттилоъ дод. 
 
Синбод Амонбеков дар идомаи суҳбат зикр кард, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба самти сайёҳӣ меафзояд. Айни ҳол дар вилоят 50 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки ин аз пешрафти соҳа дар вилоят дарак медиҳад. Муҳайё сохтани шароити будубоши сайёҳон яке аз омилҳои асосии ҷалби меҳмонон ба минтақа мебошад. Бо ин мақсад,  дар солҳои истиқлолият ба  бунёди инфрасохтори самти сайёҳӣ диққати зарурӣ равона шудааст. Дар ин росто, дар вилоят  ҳамасола шумораи зиёди инфрасохтори самти сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳоло дар ҳудуди вилоят бо дастгирии мақомоти давлатӣ, сармоягузорон ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор 164  меҳмонсарой (Homestay) ва 33 меҳмонхонаи хурду миёна сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. 
Ба гуфтаи мудири шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД-и вилоят, давоми шаш моҳи соли равон шуъба  дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ (ширкатҳои сайёҳӣ) ҷиҳати рушди сайёҳии дохилӣ, вобаста ба омодагии мавсими нави қабули сайёҳон ва дуруст ба роҳ мондани ҷамъоварии маълумоти омории ҷаҳонгардон чораҳои заруриро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, бо дастгирӣ ва мусоидати  раиси  ВМКБ Алишер Мирзонабот имсол сомонаҳои интернетии шуъба ва бахшҳои сайёҳӣ фаъол карда шуданд. Имрӯз сомонаҳои сайёҳии вилоят (www.badakhshontourism.tj) ва бахшҳои рушди сайёҳии ноҳияҳои Дарвоз (www.darvoz.sayohi.tj) ва Ишкошим (www.sakotourism.tj)  бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба сайёҳони хориҷиву  маҳаллӣ ва дигар шахсоне, ки  нияти сафари  Бадахшонро доранд, маълумотнома ва дигар маводҳои энсиклопедӣ доир ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нашр мерасонанд. 
Тавре  Синбод Амонбеков таъкид намуд, дар баробари ин,  дар соҳа баъзе мушкилиҳо ҷой  доранд, ки садди роҳи пешрафт мегарданд. Номбурда дар сатҳи  лозима роҳандозӣ нагардидани омори сайёҳони дохилиро яке аз чунин монеаҳо маънидод кард.  Ба замони муосир ҷавобгӯй набудани омор оид ба сегментатсияи сайёҳони хориҷӣ, мисли  нишон додани синну сол, кишваре, ки сайёҳ онро муаррифӣ менамояд, нияти сафар, намуди сайёҳӣ  низ,  аз қабили  мушкилоти соҳа, боқӣ мемонанд. Воқеан, барои гирифтани ҳамаи ин маълумотҳо  механизми мукаммал лозим аст, вале мо имрӯз ин иттилоотро аз  Бозрасии давлатии автомобилӣ мегирем, ки чандон ба мақсад мувофиқ нест. Синбод Амонбеков, инчунин,  норасоии воҳидҳои кориро барои ташкили бахшҳои сайёҳӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа аз мушкилоти  соҳа ном бурд.
Мавсуф иброз дошт, ки дар ояндаи наздик ин мушкилот низ ҳалли худро меёбад ва соҳаи сайёҳӣ дар вилоят боз ҳам пешрафт мекунад.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.07.2023 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив