ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ОЧАҶОН МАН МЕРАВАМ..."ПОРАЕ АЗ РӮЗГОРИ ПЕЧИДАИ МОДАРЕ, КИ МЕДАЛИ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОНРО БА ГАРДАН ОВЕХТ

"ОЧАҶОН МАН МЕРАВАМ..."ПОРАЕ АЗ РӮЗГОРИ ПЕЧИДАИ МОДАРЕ, КИ МЕДАЛИ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОНРО БА ГАРДАН ОВЕХТ

19 июл 2023, Чоршанбе
20
0
 Дар ҷаҳон, модар, маро монанди ту ғамхор нест,
Меҳрубон, мунис, ҳабиб, дилбанду дилбардор нест.
Ӯлмас ҶАМОЛ
 
Ҳаёт собит кардааст, ки дар зиндагӣ ҳеҷ муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар нест, ба андозае, ки дӯстат медорад, бароят ҷон медиҳаду дар иваз чизе намехоҳад. Қалби ӯ ҳамеша ба ёди фарзанд метапад ва дар бистари марг ҳам дар ғами фарзанд аст. 
 
Қиссаи модари самбочии маъруфи тоҷик Акмалиддини ҷаҳонпаҳлавон хеле ғамангез аст. Модар ба ноадолатиҳои нисбат ба фарзандаш дар майдонҳои гӯштӣ раводида, тоб наовард ва ба бемории фишорбаландӣ мубтало гардид. Оқибат ин дард ӯро бистари беморӣ кард.
– Пеш аз сафар ба мусобиқаҳо наздам омада, сари зону менишинад ва мегӯяд, ки “очаҷон дуогӯй бошед, ман меравам”. Пас аз рафтани ӯ вуҷудам ба ларза медарояд, ки чӣ мешуда бошад? Чанд маротиба дар зӯрозмоиҳои финалии чемпионати ҷаҳон ӯ нисбат ба ҳарифонаш бартарӣ дошт, аммо доварони ҳақношинос нисбаташ ноадолатӣ намуда, холҳояшро надоданд. Руҳафтодагии фарзанд диламро реш-реш мекард. Ба ман мегуфтанд ғам нахӯр ҳамааш хуб мешавад. Оё мешавад, ки барои фарзанд ғам нахӯрӣ?, – гуфта буд дар як мусоҳибаи телевизионӣ (соли 2018) модари Акмалиддин – Оиша Талбонова бо чашмони ашколуд. – Вақте аз чемпионатҳои ҷаҳон бармегашт, хеле ғамгин буд. Ин азоби равонии фарзандро дида, ашк мерехтам ва дар ҳаққаш дуои нек мекардам. 
Ин суханони модар шеъри зиндаёд Лоиқ Шералиро ба хотир меорад, ки барҳақ гуфтаанд: 
Модарам бо дарди худ шому сабо гап мезадӣ,
Зери лаб гап мезадӣ, бо сад дуо гап мезадӣ.
Дасти навозишгари модар таскинбахши Акмалиддин дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ буд. Ҳарчанд модар худ бештар аз фарзанд азоб мекашид ва ин ҳолат шаҳодати ҷилобахшии қалби беолоиши модар мебошад. Офаринат модар!
Дуои модари олампаноҳ назди Худованд мустаҷоб гардиду барои ҷигаргӯшааш фатҳу кушоиш овард. Акмалиддин пас аз ноком шудан дар чор финал ахиран, соли 2021 дар шаҳри Тошкент ҷоизаи аз ҳама баланди риштаи самборо ба даст овард, яъне қаҳрамони ҷаҳон гардид ва исмашро дар таърихи варзиши ҷаҳонӣ абадан сабт намуду сари модарро ба осмон расонд. 
Мухлисони самбо хуб дар хотир доранд, ки Акмалиддин пас аз қаҳрамонӣ чӣ хел ашк мерехт. Ин ашк – ашки пирӯзӣ бар ноадолатиҳои рӯзгор ва бароварда кардани орзуи деринтизори модари муштипараш буд. 
Орзуи модаре, ки сари гаҳвораи фарзанд ин сурудро мехонад: 
Тифли гирёнам, калон шав,
Ифтихори сад ҷаҳон шав,
Достон шав,
Достон шав!
Пас аз шунидани паёми қаҳрамонии фарзанд модар раҳи ӯро мепоид. Мегирист. Ашкҳо – ашкҳои шодӣ ва ифтихор аз фарзанди номбардораш буд. 
Акмалиддин ба Ватан баргашт. Ӯро дар фурудгоҳ масъулони соҳаи варзиш, мухлисон, хешовандон ва дӯстон бо гулу гулдаста истиқбол гирифтанд. Сипас, ӯ ба хонае, ки дар он ҷо модар ӯро бо сад армон парварида буд, омад. Вориди ҳуҷраи модар шуд. Акмалиддинро рӯзноманигорон, устодон ва дӯстонаш ҳамроҳӣ доштанд ва ин лаҳзаҳоро тавассути камераву телефонҳо сабт мекарданд. Фарзанд назди модари бемораш, ки рӯйи бистар нишаста буд, омаду ӯро сахт ба оғӯш кашид. Модар қаҳрамонфарзанди номбардори Ватанро мебӯсид ва ашк мерехт. Ҳарфе намегуфт. Бо рӯймол ашкҳояшро тоза мекард. Акмалиддин паҳлуи модар нишаст ва пас аз лаҳзае аз ҷой бархосту гулдастаи қаҳрамонӣ ва медали тиллоро ба гардани ин олиҳаи меҳр овехт... 
Бояд гуфт, ки маҳз тарбияи модар буд, ки имрӯз Акмалиддин дар баробари варзишгари маъруф буданаш, инчунин, бо хулқу одоби накуяш миёни мухлисон ва варзишгарон аз эҳтироми хосса бархӯрдор аст.   
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив