ДАВЛАТИ ҲАСТӢ
Лафзи хуши шаҳдбори модар дорам,
Як сина пур аз хумори модар дорам.
Чун кӯдаки хурди монда аз модари хеш
Чашми бараҳинтизори модар дорам.
***
Он нукта, ки ширину шакарбору накӯст,
Модар ва дуои давлати ҳастии ӯст.
Гар сайри ҳама дафтару девон созӣ,
Ширинтар аз ин нукта наёбӣ, эй дӯст.
***
Гӯянд, баҳори бехазон аст биҳишт,
Гулбоғи ҳамеша гулфишон аст биҳишт.
Пайғоми Паямбар аст бар насли башар:
“Дар зери қудуми модарон аст биҳишт”.
***
Модар, ки биҳишти кӯдакӣ домани ӯст,
Сарманзили ваҳдату якӣ домани ӯст.
Сарсаҳфаи “Қонун”-у “Шифо”-и Сино,
Сарчашмаи шеъри Рӯдакӣ домани ӯст.
***
Ку дӯст, ки пурсад дили ғампарвари ман?
Ояд дами дар, боз намояд дари ман.
Рӯид дубора сабзаву лола шукуфт,
Ку модари ман, модари ман, модари ман?!
***
Ҳаргиз нарасад ғубори ғам бар сари ту,
Сар дар накашад гарди алам аз дари ту.
Ман модари ғамгусори худ гум кардам
Хоре нахалад ба панҷаи модари ту.
***
Ман бар ту баҳори бехазон мехоҳам,
Ман бар ту шукӯҳи ҷовидон мехоҳам.
Эй ҷони ҷаҳони ман, зи даргоҳи Худо
Ҳар чиз бихоҳӣ ту, ҳамон мехоҳам.
***
Сар дар қадами ту сарфарозӣ бошад,
Савдои ту авҷи бениёзӣ бошад.
Рӯйи гули ту нишона аз боғи биҳишт,
Меҳроби ду абру-т намозӣ бошад.
***
Эй зӯри тану мадори ҷон, модари ҷон,
Сарҷамъии аҳли хонадон, модари ҷон.
Пеши кӣ аламҳои дилам нола кунам?!
Ман бе ту азизи меҳрбон, модари ҷон.
***
Ку модари ман, модари ҷонпарвари ман?
Раҳпойи ману раҳнигару раҳбари ман.
Пеши раҳи ман оби равон меомад,
Аз раҳмати оби дидаи модари ман.
***
Рӯйи ту зи пеши дидагонам наравад,
Бӯйи хушат аз машоми ҷонам наравад.
Ҳарчанд ба сар зи дар бурунат бурданд,
Нақши қадамат аз остонам наравад.
***
Дар бодияҳо сароби модар дорам,
Дар хонаи дил китоби модар дорам,
Аз меҳру муҳаббате, ки мерос аз ӯст,
Ман шуълаи Офтоби модар дорам.
***
Эй модари меҳрбони меҳромӯзам,
Бе меҳри ту кай чароғи меҳр афрӯзам?!
Бо ёди ту мисли шамъ рӯзону шабон
Мегиряму мегудозаму месӯзам.
***
Модар, ки ба ҷони мо баробар бошад,
То ҳаст, ҳумои бахт бар сар бошад.
Эй кош, тамоми умр рӯзу шаби мо
Фархунда чу ҷашни Рӯзи модар бошад.
Ҳасани СУЛТОН, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, узви вобастаи АМИТ
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)