«ДУШАНБЕ»
Пойтахти ҳар кишвар бо зебоӣ, дилрабоӣ ва ободияш бозгӯи рушду пешрафт маҳсуб мешавад. Душанбе низ чун пойтахти кишвари тоҷикон, яъне Тоҷикистон, дар ин шумор аст. Ифтихори мо ба ин шаҳри ҷавону макони гулҳои зебо ва пешрафта рӯз ба рӯз меафзояд.
Махсусан, чанд соли охир вақте ба таври ғайричашмдошт тараққӣ карду биноҳои хуштарҳу баландошёна ҳуснашро бамаротиб афзуд. Ин ҳама, албатта, аз баракати истиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ аст. Сокинони шаҳру дигар минтақаҳои кишвар аз ин пешрафт бо изҳори қаноатмандӣ ва шукргузорӣ, ҳамзамон, изҳори назар менамоянд, матлабҳои ҷолибу хонданӣ менависанду нашр мекунанд. Нуруллоҳи Ориф, шоир ва суруднависи маъруф низ, ба васфи Душанбеи зебо як силсила шеъру суруд эҷод карда, онро дар шакли китоби алоҳида нашр намудааст. Унвони китоб номи пойтахти кишвар – “Душанбе”-ро дорад. Метавон онро як муҳаббатномаи муаллиф ном бурд, зеро дар ин навиштаҳо ҳама меҳр, садоқат, самимияти ӯ ошкор мебошад. Муаллиф ҷойи ин шаҳрро бо муҳаббате, ки ба он дорад, дидаву дил хондааст ва ҳам онро чун дили поки Тоҷикистони азиз мебинаду мехонад. Таъкид менамояд, ки аз ин шаҳр, зебоиҳои он ҳеҷ дил канда наметавонад.
Ба ҳар ҷо ҳам, агар, ки меравад, Душанберо пеши рӯ дорад. Гоҳе зебоии кӯчаҳову хиёбон ва гоҳе боғи гулҳои онро тавсиф мекунад:
Ту шаҳри тозабунёди ҷавонӣ,
Кашида қад ба авҷи осмонӣ.
Бароҳат хуфта андар бистари гул,
Ягона шаҳр шояд дар ҷаҳонӣ.
Мурод аз таълифи ин силсила, албатта, танҳо тавсифу шукргузорӣ нест, балки боло бурдани зеҳни эстетикӣ, афзудани эҳсоси ватандӯстӣ ва, ҳамзамон, тарғиби дастовардҳои замони истиқлол мебошад. Аз ин рӯ, китоби “Душанбе” барои дӯстдорони пойтахти кишвар ва ҳаводорони каломи бадеъ муфид хоҳад буд.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)