РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Зафар Назаров соли 1977 муассисаи таҳсилоти миёнаро бо медали тилло хатм карда, ҳамон сол ба Донишкадаи тиббии шаҳри Одессаи Ҷумҳурии Украина дохил шудаву онро соли 1982 хатм кардааст.
Солҳои 1982–1989 дар дармонгоҳи стоматологии вилояти Хатлон, баъдан, солҳои 1983–1989 дар беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кору фаъолият намудааст. Аз рӯзҳои аввал мақсад гузошт, ки дар соҳа навоварӣ оварад. Аз ин рӯ, дар вилоят, шуъбаи стоматологии замонавиро таъсис дод. Он дар қатори беҳтаринҳо дар вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.
Мавсуф соли 1989 ба ординатураи клиникии кафедраи стоматологияи ортопедии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1991 бо баҳои аъло хатм кардааст.
Аз соли 1996 то соли 2007 дар вазифаи муовини директори маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникии «Стоматология» фаъолияти пурсамар дошт. Ҳамзамон, соли 2004 дар Академияи тиббии шаҳри Омски Федератсияи Россия дар мавзуи: «Ҳолат ва асосҳои илмии ислоҳоти соҳаи стоматологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докториро дифоъ кард.
Профессор З. Назаров муаллифи ҳафт пешниҳоди беҳдоштӣ, се ихтироот: «Таркиб барои пуркунии дандонҳо» (1998); «Таркиб барои пуркунии решаи дандонҳо» (1998); «Тарзи муайян намудани маркерҳои вируси гепатит дар оби даҳон» (2007), муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 14 барномаи таълимӣ барои шунавандагони давраҳои такмили ихтисос ва ихтисосгирандагони дусола, 5 пешниҳоди методӣ ва зиёда аз 120 мақолаи илмӣ мебошад.
З. Назаров яке аз олимони пурмасъули мамлакат ба ҳисоб рафта, муаллифи се монография мебошад.
Аз соли 2005 то инҷониб муовинии раиси Ассотсиатсияи стоматологони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Бо дастгирии ӯ соли 2016 кафедраи стоматология дар назди шуъбаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ташкил шудааст, ки дар заминаи он то ба имрӯз зиёда аз 250 табиби стоматолог ва 250 кормандони миёнаи тиббӣ такмили ихтисос намудаст.
З. Назаров мураббии ғамхори ҷавонон аст ва нисбати кормандони соҳа серталаб мебошад. Айни замон шогирдони ӯ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз марзи он бомуваффақият кору фаъолият доранд. Ӯ пайваста савияи дониши худро афзуда, ҳамеша аз навигариҳои соҳаи стоматология бохабар аст.
М. ҚОСИМОВ, директори Муассисаи давлатии
«Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй»
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)