ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 18 июли соли 2023, № 319, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини вазири мудофиа оид ба
аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ – сардори раёсати аслиҳа ва техникаи
ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Бобозода Х. Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бобозода Хисрав Хоркаш, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ – сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 18 июли соли 2023, № 320, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Носирзода Ҷ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Носирзода Ҷаббор, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 18 июли соли 2023, № 321, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Ваҳобзода А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ваҳобзода Абдураҳмон, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 18 июли соли 2023, № 322, ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Носирзода Ҷ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Носирзода Ҷаббор муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 18 июли соли 2023, № 323, ш. Душанбе
Дар бораи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Назарзода М. Ф.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назарзода Машокир Фозил муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Санаи нашр: 19.07.2023 №: 147
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)