ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АБДУЛЛО ОРИПОВРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД
21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.
Дар ин зимн, бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди бемайлони гардиши мол миёни ду кишвар зикр гардид. Дар ин раванд гуногунсамт гардондан ва тавсеаи сохтории молу маҳсулоти тиҷорати мутақобила аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам дониста шуд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат ба имкониятҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ишора карданд. Дар баробари ин соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати автомобилсозӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ ҳамчун самтҳои ояндадор номбар гардиданд.
Ба тавсеаи фаъоли робитаҳои мустақими иқтисодии субъектҳои хоҷагидор ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ иброз доштанд.
Сарвари давлати мо аҳамияти кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои таҳкими бештари ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъкид карданд.
Ҷонибҳо дар мавриди талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди пайвастаи тамоми маҷмуи равобиту ҳамкорияшон изҳори омодагӣ намуданд.
Санаи нашр: 24.07.2023 №: 150
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)