ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРСУХАНИ ИШҚ

САРСУХАНИ ИШҚ

26 июл 2023, Чоршанбе
18
0
Аз азал сарсухани ишқ ҳамин модар буд,
Сабаби дилзадани ишқ ҳамин модар буд.
Аввалин шеъри муҳаббат сари гаҳвора суруд, 
Шоири анҷумани ишқ ҳамин модар буд.
Бе ҳузураш дили мо сахт зимистонӣ буд, 
Боғбони чамани ишқ ҳамин модар буд.
Модар аз чор тараф сӯи Ватан мехонад, 
Айни ҳуббулватани ишқ ҳамин модар буд.
Гарчи нанвишт каломею китобею санад,
Кошифи илму фани ишқ ҳамин модар буд. 
Аввали ишқ шуда муҳр ба меҳри покаш,
Хушнависи куҳани ишқ ҳамин модар буд. 
 
 
 
МОДАРАТРО ЁД КУН…
Аввалину охирин бахтоваратро ёд кун,
Модари муштоқ дар бому даратро ёд кун.
Болу пар бахшид, то парвози ту оғоз шуд,
Лонаатро, модари муштипаратро ёд кун.
Аз Ҷанубу Ғарб гоҳе, аз Шимоли сард гоҳе,
Ҳар куҷое офтоби Ховаратро ёд кун.
Дар хазонаш ҳам баҳори ишқи моро сабз дошт,
Хоксору дилбару гулпарваратро ёд кун.
Гар ба базми ошиқӣ мадҳуш мечархад сарат,
Модари ранҷур аз дарди саратро ёд кун.
Модару Меҳан ду нахли руста аз як решаанд,
Решаву баргу баратро, кишваратро ёд кун.
Ёди мо кардӣ, накардӣ, дар ду дунё бок нест,
Модаратро, модаратро, модаратро ёд кун!
 
 
 
ҲАМЕША ХУБ
Дар Шарқ ё Ҷанубӣ,
Хуршеди беғурубӣ,
Дар мазҳари муҳаббат
Модар, ҳамеша хубӣ. 
 
 
 
АЙНАК
Барои модарам айнак гирифтем,
Дигар шуд тарҳи рӯву чашму абрӯ.
Пас аз ин пеши фарзандони хомаш
Ҳувайдо шуд нишони пирии ӯ.
 
Вале модар бидуни ҳисси дидан
Ду чашму рӯи моро мешиносад.
Шиносад шарфаи поҳои моро,
Ва ҳатто бӯи моро мешиносад.
 
Зи раҳми хеш берун карда, акнун
Маро пурсад, маро ҷӯяд зи ҳар кас.
Садояш мебиёяд аз телефон:
“Саломат бош, баҳри ман ҳамин бас!”
 
Маро нури ду чашми хеш мехонд,
Чаро ман нури чашмонаш нагаштам?
Асо мегираду оянда гӯям:
Асову зӯри дастонаш нагаштам.
 
Ба нури чашми ӯ дидем дунё,
Ба ғафлат лек модарро надидем.
Набӯсида ду чашми хирабинаш,
Барои модарам айнак харидем...
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.07.2023 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив