ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. НИҲОДИ МУҲИМИ ДАВЛАТӢ 95-СОЛА ШУД
Имсол аз таъсиси Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, ки яке аз сохторҳои муҳими Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, 95 сол пур мешавад. Ин ниҳод соли 1928 таъсис ёфта, қариб як аср мешавад, ки барои эмин нигоҳ доштани саломатии одамон, амвол ва иншоот аз сӯхтор фаъолият менамояд. Сохтори мазкур дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори нав касб карда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 30 июл дар кишвар Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мешавад.
Бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор”, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ мақоми марказии мустақили оперативии бехатарӣ аз сӯхтори Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Хадамоти давлатии оташнишонӣ, асосан, дар ду самт: назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва хомӯш намудани сӯхтор фаъолият менамояд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 91 ҷузъу томҳои зертобеи Сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо, қисмҳои мустақил ва дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунондашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ баҳри пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар вилоятҳо, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда истодаанд.
Айни замон дар тавозуни Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он 370 нақлиёти оташнишонӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 310-тои онро автомобилҳои асосӣ ва махсуси оташнишонӣ ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки имсол бо дастгириҳои роҳбарияти давлат ба шаҳри Душанбе 10 нақлиёти нави замонавии тамғаи “HOVO”, ки ғунҷоиши обаш 10 тонна ва кафк 3 тонна мебошад, ворид гардид.
Таъмини дидбонгоҳҳо ва қисмҳои оташнишонӣ бо мутахассисони соҳа яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, баробари ташкили факултети № 5-и Академияи ВКД соли 2009 масъалаи ташкили ихтисосҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода гузошта шуда, тадбирҳои аввалиндараҷа барои тайёр кардани мутахассисон андешида шуданд. Кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор фаъолият мекунад. Ҳамасола хатмкардагони он сафи хадамоти давлатии оташнишониро пур месозанд. Дарвоқеъ, ин шумора талаботро қонеъ карда наметавонист. Аз ин рӯ, зарурат пеш омад, ки барои омода намудани оташнишонони касбӣ муассисаи махсус кушода шавад. Ҳамин тавр, 12 апрели соли 2018 дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асоси Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузошта шуда, 25 октябри соли 2021 бо иштироки Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷузъу томҳои Сарраёсат, ҳамасола мусобиқаҳои варзишии касбӣ- оташнишонӣ баргузор гардида, беҳтаринҳо қадр мешаванд.
Ҳамчунин, барои сайқал додани ҳолати омодабошии кормандони соҳа ва таҳлили вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар муассисаву иншоот, биноҳои баландошёна ва маҳаллаҳои аҳолинишин тибқи нақшаи Сарраёсат, мунтазам машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ бо ҷалби хадамоту мақомоти ҳамоҳангсоз ташкил ва гузаронда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025 қабул гардид. Дар умум, ин сеюмин барнома барои рушди Хадамоти давлатии оташнишонӣ мебошад. Барномаи нав бо мақсади таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва наҷот додани молу мулки шаҳрвандон, моликияти корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва иншооти таъиноташон гуногун таҳия гаштааст.
Тибқи барнома, барои сайқал додани донишу маҳорати касбии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, инчунин, бо мақсади дуруст ва самаранок ба роҳ мондани фаъолият, барои таҷрибаомӯзӣ ба дигар давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ дар назар аст.
Соли ҷорӣ, тибқи нақша, 7277 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар ним сол кормандони Сарраёсат 4415 санҷиши бехатарӣ аз сӯхтор гузаронданд. Инчунин, дар рафти амалӣ намудани чорабиниҳои пешгирикунанда аз сӯхтор дар минтақаҳои аҳолинишин манзили истиқоматии шаҳрвандон аз санҷиш гузашта, бо сокинон доир ба қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуданд.
Давоми шаш моҳи соли равон дар кишвар 661 ҳодисаи сӯхтор сабт гардид. Кормандони хадамоти оташнишонӣ 84 нафарро аз коми оташ наҷот доданд.
Мо – кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, ҳифз намудани молу мулк ва эмин нигоҳ доштани ҷони шаҳрвандон тамоми маҳорату малакаи худро сарф хоҳем намуд. Ҳамзамон, аз шаҳрвандон даъват ба амал меорем, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намуда, ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар нагузоранд.
Бахтиёр УМАРЗОДА,
сардори Сарраёсати хадамоти
давлатии оташнишонии ВКД,
генерал-майори хизмати дохилӣ
Санаи нашр: 28.07.2023 №: 153
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)