ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

04 август 2023, Ҷумъа
53
0
 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ЧОРГОНА»
(Ин муаммо аз 22 савол таркиб ёфта, ҳамаи ҷавобҳо аз 4-ҳарфӣ иборатанд)
1. Мафҳуми хешутаборӣ. 2. Навъи ширинӣ. 3. Гул. 4. «Аз тақозои замона заҳрро гуфтам намак, Хирсро гуфта тағойӣ, хукро гуфтам ***». 5. Як навъи санъат. 6. Муқобилмаънои «душвор». 7. Муродифи «мактуб» .
8. *** Қодиров, актёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 9. Исми яке аз иҷрогарони нақши асосӣ дар филми «Бандии Қафқоз». 
10. Сарояндаи шинохтаи эронии муқими Амрико. 11. Тарзи навишти дурусти калимаҳоро меомӯзонад. 12. «***, дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст?» (Лоиқ). 
13. Судхӯрӣ, фоидабарӣ. 14. Варамро гӯянд. 15. Адиб ва мутафаккири тоҷики асрҳои Х–ХI. 16. Шахси сеюми шумораи ҷамъ. 17. «Посбони ***», маҷмуаи ашъори М. Турсунзода. 
18. Шумораи миқдорӣ. 19. Техникаи ҳарбии ҷангӣ. 20. Узви инсон. 21. Тахаллуси тоҷикии Алишери Навоӣ. 22. Як шакли кори хаттӣ дар муассисаҳои таълимӣ.   
 
Мураттиб Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ, сокини шаҳри Душанбе
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА 
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
ШИНОВАРӢ. РЕКОРДИ МЕЙКО НАГАОКАИ ҶОПОНӢ ДАР 100-СОЛАГӢ
Шиноварӣ аз ҷумлаи фоиданоктарин намуди фаъолияти ҷисмонӣ барои саломатии инсон ба шумор меравад, зеро шиддати дарди мушакҳоро рафъ, гипертонияро пешгирӣ, устухон ва буғумҳоро мустаҳкам мекунад ва, ҳатто, қобилияти хотираро афзоиш медиҳад.
Ин андешаро куҳансолтарин чемпион оид ба шиноварӣ Мейко Нагаокаи ҷопонӣ (1914-1921) бори дигар тасдиқ кард. Ӯ дар синни 100-солагӣ масофаи 1500 метрро дар ҳавзи 25-метра (1 соату 25 дақиқа) тай карда, рекорд гузошт.
Аҷиб, ки Мейко дар 82-солагӣ ба шиноварӣ шуруъ кардааст. Тибқи тавсияи табибон, ҳадафи аслии хонум он вақт коҳиш додани дарди зонуҳо ва мустаҳкам кардани буғумҳо буд, на варзиш. Вале бо гузашти чанд муддат ӯ мафтуни ин машғулият шуд. 
Вай дар 90-солагӣ дар масофаи 800 метр (тарзи озод) рекорди ҷаҳонӣ гузошта, дар Ҷопон эътирофи миллӣ ба даст овард. 
Нагаока аз ҷониби маҷаллаи Swimming World соли 2014 дар қатори 12 шиновари беҳтарини ҷаҳон шомил гашт. 
Мейко Нагаока сирри ин муваффақиятро чунин шарҳ дода буд: “Хуб бихӯред ва фаъол бошед. Дар ин синну сол нишастан хуб нест”. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
РАҚАМҲОИ АВВАЛИН ЧӢ ГУНА БУДАНД?
 
Рақамҳои аввалин тақрибан 5 ҳазор сол муқаддам дар Миср ва Байнаннаҳрайн пайдо шудаанд. Воқеан, дар ин ду тамаддуни аз ҳамдигар дар фосилаи дур воқеъгардида, тартиби рақамҳо қариб якранг буда, аз усули нишонагузорӣ дар дарахт ва истифодаи сангпораҳо ҳангоми ҳисоби рӯзҳо истифода менамудаанд.
Коҳинони мисрӣ ҳангоми навиштан аз пӯстлохи папирусҳо истифода мекарданд, аммо мардуми Байнаннаҳрайн дар китобат сатҳи гилин ва тахтачаҳои сафолиро истифода мебурданд. Дар ҳақиқат, баъзе аз рақамҳо дар ин ду тамаддун якранг нестанд, вале дар маҷмуъ, ҳангоми ба эътиборгирии ченакҳо ва ҷобаҷогузории рақамҳо қариб усули муштарак истифода шудааст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
       
 
 
ТАҲАВВУЛОТ  
ЧИН АЗ ЭНЕРГИЯИ ОФТОБӢ  СӮЗИШВОРИИ МОЕЪ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД
Аз соли 2001 олимони чинӣ кӯшиш доранд, то энергияи офтобиро ба сӯзишвории моеъ табдил диҳанд. Пас аз 20 сол дар ин самт онҳо ба аввалин муваффақият даст ёфтанд. Ба таҳқиқгарон муяссар гардид,  ки маводи моеъро ба ҳадди ақалли омехта, ки метаноли таркибаш 99,5 фоиз буд, дарёфт намоянд. Барои ин кор иҷрои се амал зарур буд: рӯшании ба тариқи батареяҳои офтобӣ ҳосилшударо ба энергия мубаддал кардан; бо ёрии ин барқи электрикӣ обро дар гидроген ва оксиген ҷой доданд; гидроген ва оксиди карбонро ба ҳам пайваста метанол дарёфт намудан.
Дар қиёс бо нафт ва ангишт ин сӯзишворӣ  тоза месӯзад. Агар Чин ба истеҳсоли пурраи моеи метанол даст ёбад, пас ангидриди гази карбон дар атмосфера хеле кам мешавад. Дар сурати муваффақ шудан дар ин ҷода Чин ба кам кардани миқдори партовҳо, ки  алҳол онҳо дар кишвар 29 дарсади партовҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд, мушарраф мегардад. 
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ВАРИАНТИ МАЪҚУЛ
Бо гузашти 100 сол аз марги Пушкин бояд ҳайкали ӯро дар хиёбони марказӣ мегузоштанд. Аз рӯи қоида, лоиҳаи ҳайкалро барои мувофиқа бо Кремл, назди Сталин оварданд.
Ҳайкалтарош:
– Варианти аввал Пушкин нишаста, осори шуморо мехонад.
Сталин: 
– Ин вариант аз нигоҳи сиёсӣ дуруст, вале аз диди таърих дурӯғ мебарояд.
Ҳайкалтарош: 
– Вариати дуюм шумо нишаста, осори Пушкинро мехонед.
Сталин: 
– Инаш аз нигоҳи таърих дуруст, вале аз диди сиёсӣ мувофиқ нест.
Ҳайкалтарош: 
– Варианти эҳтимолӣ – Шумо бо қомати рост осори худатонро мехонед, вале дар ин ҷо Пушкин нест.
 Сталин:
– Ана ин вариант нисбатан маъқул. Ба ҷашни шоир чандон алоқаманд набошад ҳам, на зидди таърих асту на муқобили сиёсат.  
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ҚУДРАТИ РӮЗНОМА
Ё ЧӢ ГУНА КИТОБИ БЕҲАВОДОРИ ГЕНРИ ҶЕЙМС ДАР ЯК РӮЗ БА ФУРӮШ РАФТ?
 
Нависанда Генри Ҷеймс китобе навишт, ки ба он касе таваҷҷуҳ накард ва харидоре пайдо нашуд. Ин ҳолат нависандаро ба андеша бурд ва ниҳоят роҳи муаррифии китобро барои худ кашф кард. Ӯ дар рӯзнома бо чунин матн эълон нашр кард: «Миллиондори ҷавоне мехоҳад бо хонуми зебое мисли қаҳрамони китоби нависандаи маъруф Генри Ҷеймс шинос шавад».
Баъд аз як рӯзи чопи эълон нусхае аз ин дар дуконҳо намонд, зеро хонандагон ҳамаро, аллакай, харида буданд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
«АВАТАР: ПАЙРОҲАИ ОБ» СЕРДАРОМАДТАРИН ФИЛМИ СОЛИ 2022
Сомонаи kinopoisk.ru бо истинод ба маҷаллаи интернетии «Дедлайн Ҳолливуд» (ИМА) иттилоъ медиҳад, ки филми коргардони машҳури олам Ҷеймс Кэмерон «Аватар: Пайроҳаи об» («Аватар 2») сердаромадтарин филми 2022 эътироф гардид.  
Бино ба хабари сомонаи Бокс Офис Моҷо (ИМА), «Аватар 2» аз намоишҳои ҷаҳонӣ 2 миллиарду 320 миллиону 250 ҳазору 281 доллари ИМА маблағ ҷамъ овардааст.  
Ба гуфтаи коршиносони молиявӣ, фоидаи соф аз филми мазкур ба 531,7 миллион доллар расид, ки барои истеҳсолгари он – ширкати синамоии «Уолт Дисней» дар қиёс ба дигар ширкатҳо комёбии бечунучарост.  
Дар ҳамин ҳол, гонорари коргардон Ҷеймс Кэмерон, ки ҳамзамон продюсер ва муаллифи филмнома мебошад, 95 миллион доллар арзёбӣ мегардад.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
 
 
 
 
НАСИҲАТИ НОҶО Ё ҶАВОБИ ДАНДОНШИКАН
Писараке дар автобус бо завқ ширинӣ мехӯрд. Марди дар паҳлуяш буда, ба ӯ хитоб карда мегӯяд: 
– Ту медонӣ, ки ширинии аз ҳад зиёд ба дандонҳо зарар дорад?
Писарак худро аз даст надода, дарҳол ҷавоб медиҳад: 
– Ҷаноб, ба шумо мегӯям, ки бобоям 132 сол умр дид.
 Мард бо тааҷҷуб мепурсад: 
– Магар ширинии зиёд мехӯрд?
– Не, ӯ беҳудагӯӣ намекард!
 
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
 
 
 
“SAMSUNG”
Телефонро бо робот озмоиш мекунад
Одамон пайваста телефонҳои худро дар ҷайби пушт нигоҳ медоранд ва табиист, ки ҳангоми нохоста нишастан он осеб мебинад. 
Аз ин рӯ, “Samsung” роботеро сохтааст, ки дар болои телефонҳои онҳо мешинад, то боварӣ ҳосил кунад, ки телефонҳо ба фишор тоб оварда метавонанд. Бовар мекунед ё не, робот, ҳатто, шими ҷинс мепӯшад.
Таҳияи С.УМАРАЛӢ
 
 
 
ҲОККЕЙ
ВАРЗИШЕ, КИ 70 ДАРСАДИ БОЗИГАРОНАШ ДАНДОНАШОН МЕШИКАНАД
Александр Овечкин, Александр Радулов, Ҷон Таварес, Данкан Кит ва Даниэл Седин... Ин ситораҳои ҳоккейро, ки дар дастаҳо ва кишварҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекунанд, як чизи умумӣ ба ҳам меорад: надоштани ҳадди ақал як дандон. Аз ҳисоби оне, ки ҳоккей варзиши тамосист (контактный вид спорт) дандонҳои варзишгарон дар тамрин ё бозиҳо ҳангоми бархӯрд бо рақибон мешикананд. Ин дар ҳолест, ки онҳо кулоҳи муҳофизатӣ доранд.
Тибқи тадқиқоти Detroit Free Press, ҳадди ақал 68 дарсади ҳоккейбозони касбиро як дандонашон шикастааст. 
Аксари ҳоккейбозон то анҷоми корномаи варзишӣ барои барқарор намудани табассуми зебо таваккал намекунанд, зеро боз имкони шикастани дандон мавҷуд мебошад. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
ДУ БАЙТ
 
То тавонӣ ба ҷаҳон хидмати муҳтоҷон кун,
Ба даме ё дираме, ё қаламе, ё қадаме.
 
* * *
Зи лаб дӯхтан ғунчаро зиндагист,
Чу бишкуфт, з-он пас парокандагист.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
МӮД
КАТЕГОРИЯИ МАХСУСИ ЭСТЕТИКӢ  Ё ТАРЗИ ЗИНДАГӢ
Нархи либосҳо аз соли 1992 дар тамоми дунё бо назардошти таваррум 8,5 дарсад коҳиш ёфтааст.
* * *
Тибқи таҳлилҳо, сокинони ИМА барои хариди либос 3,8 дарсад даромадаҳояшонро, ки тахминан барои як кас 1700 доллар рост меояд, сарф мекунанд. 
* * *
Ҳар хонуми амрикоӣ тули ҳаёти худ тақрибан се ҳазор номгӯйи либос, аз ҷумла 271 ҷуфт пойафзол, 185 курта ва 145 костюм мехарад. 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
 
АВВАЛИН АВТОБУСИ БЕСАРНИШИН
 
Дар Эдинбург аввалин автобусҳои худмухтори бесарнишин ба хатсайр баромаданд, ки мусофиронро байни пойтахти Шотландия ва ҳавзаи Файф дар он тарафи халиҷи Фирт-оф-Форт интиқол медиҳанд.
Ин хатсайр, ки номи AB1-ро гирифтааст, аввалин хатсайри бесарнишини расман бақайдгирифта дар ин мамлакат мебошад, ки аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ мешавад. Дарозии хатсайр 22,5 километр буда, суръати ҳаракати автобусҳо то ба 80 километр/соат мерасад. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
5 БАСКЕТБОЛБОЗИ ҚАДБАЛАНДИ ҶАҲОН
МИОНГ ХУН РИ (Кореяи Шимолӣ)
Барои ҳар як намуди варзиш касоне лозиманд, ки қобилияти фавқулода доранд. Масалан, дар футбол бозигар бояд маҳорати хуби давидан, ҳарифро фиреб додан ва зарбаи хубу дақиқ заданро дошта бошад. Аммо дар баскетбол дар баробари чусту чолокӣ қади баланд асоси муваффақият аст.
Мо дар бораи 5 қадбаландтарин баскетболбози ҷаҳон маълумот медиҳем, ки номи онҳо дар таърих сабт шудааст. Мионг Хун Ри маъруф бо номи Майкл Ри, яке аз маъруфтаринҳои дунёст, ки дарозии қадаш 2 м 35 см мебошад.  Майкл Риро чун собиқадори баскетбол аз тамоми гӯшаву канори дунё ба зиёрат меоянд. Ӯ айни ҳол дар шаҳри Пхенян зиндагӣ дошта, узви артиши Кореяи Шимолӣ ва қаҳрамони миллӣ аст.
Таҳияи З. РАҶАБОВ
 
 
 
ЗИНДОНҲОИ ТАРБИЯТГАР
ХОРСЕРОД
МАҲБАСЕ, КИ МАЪМУРОН ВА  ЗИНДОНИЁНАШ ҲУҚУҚИ БАРОБАР ДОРАНД 
Дар шарқи Дания маҳбаси навъи кушоде амал мекунад, ки шароити будубоши он монанд ба лагерҳои калонсолон буда, маҳбусон бо маъмурони зиндон ҳуқуқи баробар доранд ва бо онҳо якҷо гаштугузор менамоянд. Ҳатто, бо роҳбари муассисаи ислоҳӣ ҳангоми вохӯрӣ даст мефишоранд.
Дар Херсорд ҳуҷраҳои люкс, китобхона, мағоза, калисо мавҷуд буда, зиндониён ба машғулиятҳои омӯзишӣ низ, фаро гирифта мешаванд. Дар ҳамин ҳол, танҳо нафароне дар ин зиндон адои ҷазо мекунанд, ки ҳукмашон аз панҷ сол кам бошад. Як вижагии хоси ин муассисаи ислоҳӣ дар он аст, ки маҳкумшудагон бо хоҳиши тарафайн метавонанд, бо ҳамсар ва фарзандони худ дар ҳуҷраҳои махсуси оилавӣ нигаҳдорӣ шаванд.  
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
 
 
 
СУХАНОНИ КӮТОҲ
 
Барои зинда мондан ду Хуршед лозим аст: яке дар осмон ва яке дар қалб.
***
Чизе содатар аз бузургӣ нест. Оре, сода будан ҳамон бузург будан аст.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АНЕКДОТИ СОВЕТӢ
Дар рӯзи аввали шиносоӣ маҳбусон ба гуноҳи худ иқрор мешаванд.
Якум:
– Сабил монад ҳамин соат, ҳамагӣ панҷ дақиқа дер мондам, маро ба коршиканӣ маҳкум карданд.
Дуюмин:
– Ман баръакс панҷ дақиқа барвақт омадам, ҷосус гуфта, ба милиса доданд.
Сеюмин: 
– Ман ҳамеша дар вақташ ҳозир мешудам. Соати шведиро аз кадом ҳисоб харидӣ гуфта, ҳабсам  карданд.  
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
АГАР ХОҲЕД МИЛЛАТЕ МАҲВ ШАВАД… 
 
Дар пештоқи бинои Донишгоҳи Стелленбос дар Африқои Ҷанубӣ лавҳае бо чунин навишта насб шудааст:
«Барои маҳв кардани миллат бомбаи атомӣ ва ё мушакҳои дурпарвозкунанда лозим нест. Танҳо сифати таълимро паст карда, ба рӯйбардорӣ аз дафтар (истифодаи шпаргалка) иҷозат диҳед кифоя.
Дар натиҷа:
– беморон аз дасти духтурон мемиранд;
– биноҳо аз дасти меъморону муҳандисон фурӯ мераванд;
– маблағҳо бо дасти иқтисодчиёну муҳосибон ба бод мераванд;
– адолат аз дасти қозиҳо нест мешавад”.
Ғолибан ин навишта, ҳушдор аз он аст, ки набояд ба сатҳу сифати таълим бетаваҷҷуҳ буд, ки поёни он фоҷиабор хоҳад шуд.              
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Санаи нашр: 04.08.2023 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив