ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРБАНГУЛИ БЕРДИМУХАМЕДОВ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРБАНГУЛИ БЕРДИМУХАМЕДОВ

08 август 2023, Сешанбе
11
0
 
4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон бо Пешвои миллии халқи Туркманистон, Раиси халқ маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов мулоқот анҷом доданд.
 
Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои  дӯстии Тоҷикистон ва Туркманистонро  баррасӣ карда, ба таъмиқи шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, зарурати тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву башарӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон, оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи сохторҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, табодули назар анҷом ёфт. 
Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив