ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАТИНИРОДА

МАТИНИРОДА

08 август 2023, Сешанбе
45
0
 
Мегӯянд падар сутуни хонадон аст, аммо барои ман ин сутун модарам мебошад. Ӯ сарфи назар аз ранҷу машаққате, ки дар зиндагӣ кашидааст, ҳамоно зиндадилу меҳрубону  ҳалим аст.
Ҳанӯз донишҷӯи курси якум будам, ки падарам аз оилаамон рафту модарам бо панҷ фарзанде, ки аз онҳо дутоаш ҳанӯз хурдсол буданд, дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монд. Акнун, ӯ бароямон ҳам падар буду ҳам модар. Зиндагӣ барояш боз мушкилтар шуд, махсусан замони баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ. Аммо модар руҳафтода нашуд.
Он замон дар ноҳияи Восеъ мезистем ва модарам дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳайси табиби амрози занона фаъолият мекард. Дар ноҳия модарамро хурду калон хуб мешинохтанд ва чун дар касби хеш  моҳир буд, эҳтиром мекарданду бештар ба ӯ муроҷиат менамуданд. Дар валодати солиму тандурусти аксари фарзандоне, ки дар ҳамон давру замони душвор ба дунё омаданд, ӯ саҳми намоён дорад. Тавре худаш бо лутф изҳор медорад: «Ҳамаи инҳо наберагони мананд. Онҳоро мисли ҷону ҷигарам дӯст медорам. Модаронашонро ҳам ном ба ном мешиносам». Волидони кӯдакон бошанд, барои сиҳату саломат чашм дар ин дунёи ҳастӣ кушудани ҷигарбандашон басе миннатдоранд.
Дар он ҳангоми нобасомон кораш хеле зиёд буд. Аммо бо вуҷуди ин, ӯ ҳам аз уҳдаи тарбияи фарзандон ва ҳам таъмини рӯзгор мебаромад. Бисёр хаставу афгор мешуд, вале барои мо вақт меёфту бароямон омода кардани хӯрок, қабулу гусели меҳмон ва дигар кори рӯзгордориро меомӯзонд.
Чун дар он даврони вазнину мушкил моҳона кам буду барои таъмини хонавода намерасид, модарам пайваста дар андешаи беҳтар намудани вазъи оила буд. Ниҳоят, ба ӯ муяссар шуд, ки соли 2000-ум барои кор ба Ҷумҳурии Яман роҳхат бигирад. Дар он ҷо ҳам ҳамчун табиби ҳозиқу ботаҷриба, ҳалиму хушлаҳн эътироф гардид. Баъди Яман аз соли 2005 то 2009 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолият дошт. Пас аз ба анҷом расидани муҳлати кораш дар хориҷа ба шаҳри Душанбе омада, аз соли 2011 дар Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедов» чун табиби амрози занона фаъолият дорад. Дар ин ҷо ҳам чун мутахассиси ҳирфавӣ ном баровард ва соҳиби иззату эҳтиром аст. 
Модарам зани ҳалиму меҳрбон, хоксору заминист ва бо наздикону пайвандон ва атрофиён бо лутф сухан мегӯяд. Хоҳиши касеро рад намекунад, хоҳ рӯзи истораҳат бошад, хоҳ нимашаб. Имрӯзҳо зуд-зуд ба дигар беморхонаҳо ӯро барои ёриву машварат даъват мекунанд. Модарам тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хешро барои шифои беморон мебахшад, зеро умеду орзуи ҳамешагиаш тандурустии онҳост. 
Боре фаҳмидем, ки гирифтори бемории саратони меъда аст. Ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронд. Чи рӯзҳои сахту ғамгине буд бароямон ҳамон лаҳзаҳо. Аммо бо вуҷуди ин, модарам руҳафтода нашуд, нашикаст. Бо амри Парвардгор ва талошҳои хастагинопазираш аз ин бемории вазнин шифо ёфт. Мо пайвандонаш медонем, ки Худованд ба ӯ иродаи матин додааст ва  агар назди худ ягон мақсаде гузорад, ҳатман ба он мерасад. Беҳуда нест, ки ҳатто наберагонаш мегӯянд: «Бибиам ҳеҷ гоҳ таслим намешавад». 
Солҳо сипарӣ шуданду ҳамаамон соҳиби маълумоти олӣ, ҷойи кор шудем. Ҳазор бор шукр мекунем, ки чунин модари ғамхору меҳрбону матинирода насибамон гашту моро ба воя расонд. Умрат дароз бод, модари ҷон! Ҳаргиз дигар ғаму дардро набинӣ!
 
Наргис РОЗИҚОВА, «Ҷумҳурият»
 


Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив