ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

09 август 2023, Чоршанбе
33
0
 
7 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардиданд, суҳбат намуданд.
 
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум - сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовинони фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои воҳиди мазкур аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба, хатмкардагони ду муассисаи олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дорои маҳорати хуби фармондеҳиву ташкилӣ, содиқу корозмуда таъин шуданд.
Тағйироти кадрӣ, инчунин, сардорони отрядҳои сарҳадии вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд ва дигар воҳидҳои сохтории Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро фаро гирифта, ба ин вазифаҳои пурмасъулият афсарони ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин воҳиди низомӣ ёдовар шуда, иброз намуданд, ки солҳои охир вазъи таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо лавозимоти зарурӣ беҳтару хубтар гардида, шароити зисту зиндагӣ ва пешбурди хизмат низ шоиста ва ҷавобгӯи талабот аст.
Вазъи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар асоси талаботи оинномаҳои ҳарбӣ рӯз ба рӯз беҳтар шуда, то Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки соли оянда пешбинӣ мешавад, бунёди иншооти замонавӣ, дидбонгоҳу отрядҳои сарҳадӣ ва дигар инфрасохтори зарурии соҳа бояд ба анҷом расад, – иброз доштанд Пешвои миллат. 
Сарвари давлат, бо дарназардошти вазъи печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон, таъкид намуданд, ки ҳифзи сарҳади давлатӣ бояд тибқи низом ва санадҳои таъминкунандаи заминаҳои ҳуқуқӣ таъмин гардад ва ҳамагуна қонуншиканӣ дар сарҳад бояд бартараф карда шавад.
Бо таҳлилу баррасӣ аз ҳодисаҳои дар сарҳад рӯйдода, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷинояткории муташаккил, убури ғайриқонунии сарҳад, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, қочоқи молу маҳсулот ва пешгирӣ аз амалҳои террористиву гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастурҳои мушаххас доданд.
«Сарҳадбон будан вазифаи пуршарафу муқаддасест, ки тинҷиву амонии давлат, якпорчагӣ ва рушди минбаъдаи он аз хизмати софдилонаву садоқатмандонаи Шумо – афсарону сарбозони шуҷои Ватан, сахт вобастагӣ дорад», – иброз намуданд Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив