ТОҶИКИСТОН. САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ ЗАНОН ДАР МАҚОМОТИ СУДӢ
Мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардондани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Пас аз ба даст овардани соҳибистиқ-лолӣ, Тоҷикистон роҳ ба сӯи давлати демокративу ҳуқуқбунёд гирифт. Ва табиист, ки дар ин ҷода таъмин ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи авлавиятнокро касб намуд ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардид. Дар иртибот ба ин, тайи ин солҳо аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо барои кор дар идораву муассисаҳои давлатӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир, тайи солҳои соҳибихтиёрӣ дар мамлакат як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ба монанди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тасвиб расиданд.
Ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъ-олият менамоянд. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои пешрафта намояндагии занонро дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият, чи ҳокимияти мақомоти олии қонунбарор, чи иҷроия ва чи судӣ таъмин намудааст. Аз Ҳукумати марказӣ то ҷамоати шаҳраку деҳот занон ба ҳайси раис, ҷонишин, мудирони шуъба кор карда, дар баробари мардон саҳми худро дар пешрафти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона гузошта истодаанд.
Боиси сарфарозист, ки таҳкими фаъ-олияти занон дар мақомоти судӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари муаззами давлат қарор дорад ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки обрӯву манзалати бонувонро беш аз пеш волотар мекунад. Қобили зикр аст, ки вобаста ба ҷалби бештари занон ба муассисаҳои давлатӣ 7 феврали соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 153 нафарро ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъин намуданд. 58 нафарашон баъди таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат тариқи озмун ба маркази таълимии назди Суди Олӣ ҳамчун судя – коромӯз ба таҳсили яксола фаро гирифта шуда, бори нахуст ба вазифаи судя дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин гардиданд.
Ҳамин тавр, имрӯзҳо дар низоми ҳокимияти судии мамлакат аз 485 судя 97 нафари онҳо занон мебошанд, ки ба сифати раиси суд, муовинони раиси суд, раиси коллегияи судӣ ва судя фаъолият дошта, саҳми онҳо дар таъмини адолати судӣ назаррас мебошад.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ, барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул гардид, ки он барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва, умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим дорад.
Боиси таъкид аст, ки таъмини адолати судӣ, мустақилияти ин шохаи ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи бечунучарои қонунҳо пайваста таҳти таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ба ҳамин хотир, Сарвари давлати адолатгустар дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Ин таъкиди Президенти мамлакат мо, кормандони мақомоти судро муваззаф месозад, ки зимни иҷрои вазифаи базиммадоштаамон, дар таҳкими фаъолияти худ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, инчунин, такмили қонунгузорӣ дар ин самт бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амал намоем.
Ҷ. Абдулхайрзода,
корманди дастгоҳи суди
шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)