ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ РОҒУН

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ РОҒУН

11 август 2023, Ҷумъа
48
0


 
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз раванди тадбирҳои ободонӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат – Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маркази шаҳри Роғун, нахуст, бо ҷараёни навсозии роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» то Неругоҳи барқи обии «Шӯроб» шинос шуданд. Сохтмони роҳи автомобилгарди мазкур моҳи октябри соли 2023 оғоз гардида, тибқи лоиҳа, дарозияш 9,8 километрро ташкил медиҳад. 
Дар роҳ пул бо дарозии 1593 метр бунёд ёфта, дигар намуди корҳои роҳсозӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом хоҳанд расид. Дар маҷмуъ, ин масир ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонда мешавад. Сохтмони қисмати роҳи автомобилгарди даромадгоҳи шаҳри Роғун, ки дарозии он аз рӯи лоиҳа 11 километрро ташкил медиҳад, барои интиқоли молу маҳсулот ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калони иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Соли 2021 корҳои сохтмонӣ дар ин масир бо супориши Сарвари давлат оғоз гардиданд. 
Гузоштани обравҳо ва селпартоҳо омода гардида, айни ҳол бо ҷалби техникаву механизмҳои роҳсозӣ корҳои мумфаршкунӣ аз ду тараф – ҳам аз қисмати марказии шаҳр ва ҳам аз қисмати даромад ба шаҳри Роғун – ҷараён доранд. Баъд аз анҷоми корҳои заминӣ, мумфаршкунии роҳ оғоз гардид. Ҳоло дар ҳамаи қитъаҳои сохтмони роҳ бо ҷалби 44 коргари маҳаллӣ кор аз ду самт тибқи нақша ва бо риояи технологияи муосири роҳсозӣ ҷараён дорад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки таҷдид ва навсозии роҳи мазкур дар доираи Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод, марҳилаи якум» амалӣ шуда, раванди корҳои иҷрогардида ҳамарӯза аз ҷониби кормандону мутахассисони Вазорати нақлиёт ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо назорат ва пеш бурда мешавад. Роҳ бо ду хатти ҳаракати паҳноияш 8 – 12-метра сохта шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талаботи муосири роҳсозӣ мутобиқ гардонда мешаванд. Ҳамзамон, мувофиқи лоиҳа, навсозии як пули мавҷуда бо дарозии беш аз 50 метр, сохтмони 11 лӯлаи обгузар, насби ҷӯйборҳои обпартои оҳану бетонӣ, заҳбурҳои обкашӣ ва дигар корҳои роҳсозӣ ба анҷом мерасанд. Аз рӯи маълумоти мутахассисон, ба ҳолати 1 августи соли 2023 дар бештари қисматҳои роҳ корҳои хобондани ҷӯйборҳои оҳану бетонии ду тарафи роҳ ба анҷом расидаанд.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои иҷрошуда дар Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод муаррифӣ гардиданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои рушд ва беҳтар сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт ба талаботи замон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.  Дар  ин замина, баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ татбиқи ҳадафи дигар – табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ оғоз гардид. Бо ин мақсад, ҳоло дар соҳа татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки яке аз онҳо Лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод мебошад. Корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар ин масир ҳанӯз 7 июни соли 2021 зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод оғоз ёфтанд.
Зимни муаррифии лоиҳа, Сарвари давлат ба масъулон супориш доданд, ки корҳои сохтмониро дар роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд, то ин масир ба мардум садсолаҳо хизмат намояд. Аз давраи оғози корҳои сохтмонӣ то инҷониб бо ҷалби коргарону мутахассисон корҳои зиёди сохтмонӣ ба анҷом расида, натиҷаҳо дар ин ҷода назаррас мебошанд.     
Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод  идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад ва кор дар ин масир бо ҷалби мутахассисони касбӣ ва техникаву механизмҳои зарурӣ бо сатҳу сифати баланд ҷараён дорад. Сохтмони роҳ аз ду марҳила иборат буда, дарозии умумии он беш аз 75 километрро ташкил медиҳад.
Ба таъкиди муҳандисон, дар минтақаҳои баландкӯҳ роҳ то ҳадди зарурӣ паст ва паҳноияш васеъ карда мешавад, ки ин тадбир ба хотири таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар тамоми фасли сол амалӣ мешавад. Айни ҳол дар ду марҳила наздики 2000 нафар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидааст, ки 80 дарсади коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Бунёди қитъаи роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод мисли қитъаҳои дигар тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ сурат  гирифта, ба пайвастани қитъаҳои дигари шоҳроҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, бамаротиб зиёд гардидани ҳамлу нақли мусофирон, молу маҳсулот ва рафтуомади боз ҳам беҳтару бехатари аҳолии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маркази мамлакат таъмин мегардад.
Мувофиқи лоиҳа, дар марҳилаи якуми роҳ хобондани 71 лӯлаи обгузари қутрашон гуногун, бунёди 40 такядевори оҳану бетонӣ, 6 пул ва ду нақби мошингузар ва дар 92 нуқта деворпояҳои ҳимоявии сангӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт дар арафаи анҷомёбиянд. Айни ҳол дар ду баст ва 60 нуқта бо ҷалби 800 коргару мутахассисон ва 170 техникаи роҳсозӣ корҳои тахту ҳамворкунӣ, арматурбандӣ дар такядеворҳои оҳану бетонӣ, конструктивӣ ва кандани ҷинсҳои кӯҳӣ дар нақби Қандак ва Қарағоч идома доранд.
Корҳои нақбканӣ дар нақби мошингарди Қандак, ки 1610 метрро ташкил медиҳад ба анҷом расида, дар нақби мошингузари Қарағоч корҳои конструктивӣ ва арматурбандӣ идома доранд. 
Аз 6 пули мошингузаре, ки дар марҳилаи якум ба нақша гирифта шудааст, 5-тояш навсозӣ ва 1-тои дигараш таъмир мегардад ва ҳоло корҳо дар иншооти мазкур аз рӯи нақша ҷараён доранд. Дар маҷмуъ, то ин давра хобондани 47 лӯлаи обгузар ва бунёди 12 такядевори оҳану бетонӣ ба итмом расида, дар 25 нуқта корҳои бозсозии такядеворҳои ҳимоявии сангӣ идома доранд.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт ва ҳамоҳангсози он Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо мебошад ва раванди корҳои иҷрошуда доимо таҳти назорати мутахассисон қарор дорад.
Марҳалаи дуюми лоиҳа қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нуробод ва роҳи байнидеҳавиро дар бар мегирад. Айни замон дар ин масир сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таҷдиди пули мавҷуда, пули муваққатӣ ва дигар иншооти нақлиётӣ бо маром идома дорад.
Бо талошу заҳмати роҳсозон, корҳои ҳаффорӣ дар 1505 метри нақби мошингузари “Тагикамар” иҷро шудааст. Тибқа лоиҳа, насбу ҷобаҷогузории лӯлаҳои обгузари оҳану бетонии қабати асосии роҳ низ идома дорад.
Дар татбиқи ин марҳила наздики 1000 мутахассису бинокор заҳмат мекашад, ки аксарият сокинони маҳалӣ мебошанд. Таҷдид ва навсозии ин роҳ шароитеро фароҳам овард, ки шаҳрвандони маҳаллӣ дар баробари соҳиби ҷойи кори мувофиқ ва маоши баланд гардидан, инчунин, дар обод намудани Ватани хеш саҳми арзандаи худро мегузоранд. Роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он аз 12 то 15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр баробар мегарданд.
Қисмати мумфаршсозии роҳи мошингард аз 7 то 10 метрро ташкил намуда, дар маҷмуъ, роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм –  Нуробод ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ мешавад. Ҳадафи асосии татбиқи ин лоиҳа таъмини бехатарии ҳаракат ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин, дар доираи татбиқи он фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии сокинони водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Боздиди Сарвари давлат аз НБО “Роғун” 
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба НБО “Роғун” ташриф оварданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум  шинос шуданд. Бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии сохтмонии қабати чорум дар баландии 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозии он 79,4 метрро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 30 нафар дар ду баст фаъолият дошта, корҳои сементатсионӣ, васлу насби оҳанфулузот, кафшергариро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро менамоянд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз 95 фоизи корҳои сементатсионӣ дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум иҷро шудааст. Корҳои бетонхобонӣ дар ҳаҷми 25 ҳазору 209 метри мукааб ба сомон расиданд. Корҳо дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз шудаанд. Нақб, ба истиснои баромадгоҳ, 1770 метр дарозӣ дорад ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад. Иқтидори обгузаронии нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукааб мебошад. Корҳои васлу насби оҳанфулузот 1150 тонна ва насби таҷҳизоти гидромеханикӣ  112 тоннаро ташкил доданд. Корҳои сохтмону васлгарии иншооти мазкур аз тарафи паймонкор – ҶСК “Тоҷикгидромонтаж”  пеш бурда мешаванд. Айни ҳол корҳои рӯкаши оҳанфулузот ба анҷом расидаанд.
Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум тибқи нақша корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон дар ду баст ба роҳ монда шуда, рӯз ба рӯз бунёдкорони он ба марҳилаи ниҳоии кор наздик мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми шиносоӣ аз рафти корҳо дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум, бо масъулону мутахассисон суҳбати самимӣ орста, таваҷҷуҳи онҳоро ба тезондани корҳои сементатсионӣ ва васлу насби таҷҳизоти гидромеханикӣ  ҷалб намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар НБО “Роғун” аз рафти корҳои сохтмонӣ дар мавзеи шикасти “Ёнахш”-и нақби  сохтмонии  қабати чорум низ боздид ба амал оварданд. Корҳои васлу насби оҳанфулузот ва арматурбандию сементатсионӣ бо истифодаи техника ва таҷрибаву кордонии мутахассисон дар мавзеи шикасти “Ёнахш”-и нақби сохтмонии қабати чорум дар доираи нақша ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои соҳа ба сомон расидаанд.
Тибқи лоиҳа, дар мавзеи сохтмонӣ корҳои васлу насби оҳанфулузот 1090 тоннаро ташкил медиҳад. Насб намудани оҳанфулузот, арматурбандӣ ва корҳои кафшергариро муҳандисону коргарон дар муҳлати муайяншуда иҷро карданд.  Ҳоло корҳои кафшергарию сементансионӣ бо суръати баланд пеш бурда мешаванд.
НБО “Роғун” аз иншооти калонтарини гидроэнергетикии мамлакат буда, дар оянда рушду нумӯи тамоми соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакатро таъмин хоҳад кард.
Дар идомаи боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои анҷомёфта ва идомаи васлу насби таҷҳизоти механикию арматурбандӣ дар душохагии нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолият, коргарон тавонистанд ҳаҷми корҳои бетониро дар доираи нақша ба миқдори 89 ҳазору 770 метри мукааб ба иҷро расонанд. То имрӯз ҳаҷми иҷрошудаи корҳои бетонӣ 35 ҳазору 569 метри мукаабро дар бар мегирад.
Ҳоло корҳои арматурбандӣ, бетонхобонии девору сақфи нақб, васлу насби анкерҳо ва корҳои сементатсионӣ тибқи нақшаи корӣ идома доранд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва лоиҳакашӣ дар мавзеи шикасти “Ёнахш”-и нақби  сохтмонии  қабати чорум ва душохагии нақби мазкур аз тарафи паймонкори Лоти 3 Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иҷро мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз раванди корҳои иҷрошуда дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таҷрибавии нақби сохтмонии қабати чорум, мавзеи шикасти “Ёнахш” ва душохагии нақби номбурда, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дар оянда сари вақт ва мутобиқ ба талаботи сохтмонӣ пеш бурдани корҳои боқимонда дар иншооти бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон – НБО “Роғун” ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии АСТ – 3
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии сохтмонӣ АСТ – 3-и НБО “Роғун” шинос шуданд.
Ин нақб дар баландии 1043 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, дарозияш 387 метрро ташкил медиҳад. Айни замон корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамсозии муваққатӣ аз тарафи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҷараён доранд. Ҷалби коргарону мутахассисони баландихтисос ва тибқи талабот пеш бурдани раванди сохтмон ҷиҳати мутобиқ ба меъёрҳои пешбинишуда ба анҷом расондани корҳо мусоидат кардааст. Ҳаҷми лоиҳавии корҳои нақбканӣ 22163 метри мукааб мебошад. То имрӯз корҳои иҷрошуда зиёда аз 12 ҳазор метри мукааб ва корҳои боқимондаи нақбканӣ 10 136 метри мукаабро ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисон ва масъулонро ҷиҳати истифодаи самаранок аз имконоти мавҷуда, таҳкими раванди сохтмон ва дар муҳлати муайяншудаи лоиҳавӣ ба анҷом расондани корҳо вазифадор намуданд. Дар шохаи “А”-и нақби сохтмонии қабати 4-ум корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ дар ҳаҷми 128 401 метри мукааб ба анҷом расидаанд. Барои пешбурди кор техникаи замонавӣ ва мутахассисони баландихтисос ҷалб шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, нақши НБО “Роғун”-ро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд. Ҳоло васлу насби анкерҳо, корҳои сементатсионӣ ва бетонхобонӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҷараён дорад. Бунёди НБО “Роғун” заминагузори рушди дучанди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ин матлаб, коргарону мутахассисон мақсад гузоштанд, ки уҳдадориҳоро босифат ба анҷом расонанд ва дар бунёди иншооти аср саҳми арзандаи хешро гузоранд. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳолати бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати 4-ум шинос шуданд.
Иншоот дар баландии 1099 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозияш 70 метр, паҳноияш 18 метр ва баландияш 22 метрро ташкил медиҳад. Корҳо дар иншоот аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” анҷом дода мешаванд. Вазифаи асосии иншоот ба танзим даровардани фаъолияти иншоот дар давраҳои зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ корҳои бетонхобонии конструктивӣ аз тарафи коргарону мутахассисони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иҷро шуда истодаанд. 
Корҳои нақбканӣ 29 885 метри мукааб ва корҳои бетонхобонӣ 347 метри мукаабро ташкил медиҳанд. Айни замон арматурбандӣ ҷиҳати идома додани корҳои бетонхобонӣ ҷараён дорад. Сифати кор ҳамарӯза назорат шуда, мутобиқ ба талабот анҷом дода мешавад. Дарозии нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ 605 метр буда, нақби мазкур барои иҷрои корҳои сементатсияи пардаи оббанд ва заҳкашӣ хизмат мерасонад. Бунёди НБО “Роғун” баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳиссаи калон мегузорад ва коргарону мутахссисони ин иншооти азими аср бо истифода аз шароити зарурӣ дар майдони меҳнати созанда садоқатмандона фаъолият доранд. 

Ҷараёни корҳо дар кони № 17
Дар идомаи боздид аз НБО “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.
Тибқи лоиҳа, дар ин кон маводи гилхок коркард ва захира мешавад. Онро ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” анҷом медиҳад. Вобаста ба талаботи лоиҳа, баъди ба анҷом расидани корҳои бетонӣ дар ядрои сарбанд хобондани маводи гилхок аз сатҳи 984 метр шуруъ мегардад. Барои коркарди гилхок дар кони мазкур дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар чор қитъаи кон гузошта шудааст, ки тавассути он гилхок бо андозаҳои  0-50 ва 0-200 миллиметр истеҳсол мегардад. Ин дастгоҳҳо иқтидор доранд дар як соат ҳар кадом дар алоҳидагӣ аз 100 то 400 тонна гилхокро коркард намоянд. Ҳаҷми лоиҳавии истифодаи маводи гилхок дар ядрои сарбанд 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад ва то сатҳи 1110 метр 3,35 миллион метри мукааб гилхок хобонда мешавад.
Мутахассисону коргарон талош меварзанд, то коркард ва захираи гилхок дар қитъаҳои кон мувофиқи нақша ба иҷро расад. Аз оғози корҳо то инҷониб дар кони мазкур зиёда аз 600 ҳазор метри мукааб гилхок коркард ва захира шуд.  
Корҳои сохтмонӣ дар чоҳи мавҷшикани нақбҳои обпартои СТ-4, НLО1, ки дар минтақаи поёнии кони №17 ҷойгир аст, аз моҳи июли соли равон оғоз гардид. Ҳаҷми лоиҳавии корҳои хокбардорӣ дар ин мавзеъ зиёда аз 1,5 миллион метри мукааб буда, беш аз 100 ҳазор метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд. Дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои СТ-4, HLO1 ва OVS1/2  корҳои хокбардорӣ бо дарназардошти корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ дар асоси лоиҳа зиёда аз 1,46 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад ва ҳоло дар ҳаҷми зиёда аз 700 ҳазор метри мукааб корҳо анҷом ёфтанд. Нишебиҳо бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам мешаванд.
Тибқи лоиҳа, дар ин қитъаи сохтмонӣ 304 ҳазору  890 метр анкерҳои АЖГ насб мешаванд ва алҳол 30 ҳазор метр анкерҳои АЖГ насб гаштанд.  Насби анкерҳои ПНА бошад, дар қитъаи мазкур 877 ҳазору 590  метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ 139 ҳазору 54 метри мураббаъро дар бар мегирад ва то имрӯз 25 ҳазору 365 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошидаанд. Ҳоло корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ бо сифати баланд ҷараён доранд. Аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” барои сохтмони НБО “Роғун” дар қитъаҳои гуногун зиёда аз 5 ҳазору 800 нафар кормандону муҳандисон ва беш аз 950 техникаю механизм ба кор сафарбар шуданд.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти назарраси  коргарону мутахассисон дар кони №17 дар самти коркард ва захирасозии гилхок, ки дар ядрои сарбанд истифода мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тибқи дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти корҳои бунёдӣ дар НБО “Роғун” ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” техника ва механизмҳои муосирро барои сохтмон ворид намудааст ва беш аз 100-тои онҳо дар ин ҷо муаррифӣ шуданд. Техникаи муосир, асосан, барои корҳои сангу шағалкашӣ пешбинӣ гардида, иқтидори борбардорияшон аз 25 то 90 тонна мебошад.

Ба истифода додани ошхонаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” 
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар НБО “Роғун” ошхонаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-ро ба истифода супурданд.
Ошхона барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот ба талаботи санитарӣ-гигиенӣ ва зиддисӯхтор ҷавобгӯст. Лоиҳаи бинои ошхона аз ҷониби мутахассисони ширкати мазкур таҳия ва дар  корҳои сохтмонӣ масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода гардид. Масоҳати ошхона 1 ҳазору 70 метри мураббаъ буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои омода кардани хӯрок, нонпазӣ, шустушӯй ва иншооти ёрирасон мебошад. Толори калони ошхона 420 ҷойи нишаст дорад. Бо бунёди ошхонаи нав барои 45 нафар ҷои кори доимӣ фароҳам омад. Дар ошёнаи дуюми бино шаш ҳуҷраи корӣ, шаш ҳуҷраи таълимӣ барои касбомӯзони ширкат ва толори маҷлис барои 45 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар шафати иншоот ошхонаи тобистона низ бунёд ёфт, ки дар он дегҳои алоҳида барои омода кардани таом ва танӯрҳои нонпазӣ гузошта шудаанд.  
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандону мутахассисони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” суҳбати самимӣ ороста, бунёди иншооти зарурӣ, аз қабили ошхонаи замонавиро дар раванди корҳои сохтмонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Бо бунёди ошхонаи нав, кормандону мутахассисони ширкат се вақт бо хӯроки гарму серғизо таъмин мегарданд. Ошхона дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон  сохта шуда, ҷиҳати сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд. Бо дарназардошти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” ва расидани сатҳи обанбор ба баландии 1100 метр, замони зериобмонии майдончаи сохтмонии №1 ширкат ба нақша гирифтааст, ки корҳои сохтмониро дар 5 бинои хобгоҳи сеошёна оғоз намояд. Хобгоҳҳои замонавӣ барои 1500 нафар дар як басти корӣ пешбинӣ гардидаанд. Хобгоҳҳои нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити хобу истироҳати кормандони ширкат бунёд мешаванд. Дар бинои хобгоҳҳо 75 ҳуҷраи хоб ҳар кадомаш барои 4 нафар сохта мешавад. Дар шафати биноҳои хобгоҳ майдони варзиш ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд мегарданд.

Ҷараёни корҳо дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ 
Дар идомаи боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L бо раванди корҳо шинос шуданд.
Нақби мазкур ба иншооти ЛОТ-и 2 мансуб буда, корҳои сохтмониро паймонкор ширкати “Вибилд” ба зимма дорад. Ин нақб аз иншооти асосии НБО “Роғун” ба ҳисоб меравад. Дарозии нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L 234 метр буда, аз сатҳи 1002 метр то 975 метр ҷойгир аст ва бо нақби сементатсионии G-1C, ки аз зери ядрои сарбанд мегузарад, пайваст мешавад.
Тибқи лоиҳа, нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L аз 790 чоҳ иборат аст. Имрӯзҳо дар ин нақб марҳилаи охирини корҳо идома дошта, аз шумораи умумии чоҳҳо 680-тояш парма ва сементатсия шудааст. Корҳои сементатсияи мустаҳкамкунандаи нақб аз ҷониби ширкати “Треви” ва зерпаймонкори ширкати “Вибилд” иҷро мешаванд.
Сифат ва муҳлатҳои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур аз ҷониби мутахассисон мунтазам назорат мешавад. Ҳамин аст, ки анҷоми корҳои бунёдӣ дар ин қитъа мувофиқи нақша ва дар доираи талаботи сохтмон сурат мегирад.
Нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L нақби муқимии Неругоҳ буда, барои иҷрои корҳои сементатсияи пардаи оббанд ва заҳкашӣ хизмат мерасонад. То имрӯз сохтмончиёни ватаниву хориҷӣ дар ин нақб корҳои нақбканӣ, таҳкимот ва хобондани бетони конструктивии қисмати каф ва девору сақфро ба масофаи 234 метр ба анҷом расонда, марҳилаҳои баъдии корро идома медиҳанд.
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L-и НБО “Роғун” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бинокорон вусъат бахшидан ва бо сифати баланд анҷом додани корҳоро талаб намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ин шоҳкории азим барои садсолаҳост ва бояд ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи баландсифат ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии НБО «Роғун»
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии НБО “Роғун” шинос шуданд.
Ядрои сарбанд аз иншооти муҳими Неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд.
Дар ин қитъа барои бунёди таҳкурсии ядро корҳои хобондани бетони пуркунанда ва кӯбидашаванда, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳо дар марҳалаи анҷомёбиянд.
Ҳаҷми лоиҳавии корҳои бетонӣ дар таҳкурсии ядрои сарбанди асосии НБО “Роғун” 268,4 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад ва то имрӯз 240 ҳазор метри мукааб бетони пуркунанда ва кӯбидашуда хобонда шуда, нишондоди иҷрои корҳо ба 90 фоизи нақша баробар мебошад. Дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноияш 133 метр ва баландияш 23 метрро ташкил медиҳад.  
Тибқи лоиҳа, дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои тоза намудан, мустаҳкамсозиву бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлуи кӯҳҳо иҷро гардида, мутахассисон дар ҳаҷми беш аз 2,7 миллион метри мукааб корҳои заминиро ба сомон расонданд.
Дар таҳкурсии ядрои сарбанд аз ҷониби мутахассисону коргарон барои корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда 2615 чоҳ парма ва сементатсия шудааст. Мувофиқи лоиҳа, дар ин мавзеъ 3014-то чунин чоҳ кофта мешавад. Ҳоло дар ин самт 87 дарсади корҳо ба иҷро расиданд.
Дар таҳкурсии ядрои сарбанд бо дарозии 350 метр галереяҳои сементатсионӣ, мушоҳидавӣ, заҳкашӣ ва дастрасӣ мавҷуданд, ки дар 300 метр, аллакай, корҳо иҷро гаштанд.
Ҳамчунин, дар қисмати болоии таҳкурсии ядрои сарбанд хобондани маводи зиддиполоишии асфалт бо паҳноии 1,2 метр ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Хобондану тахту ҳамвор намудан, зич кардани маводи зиддиполоишии асфалтро мутахассисон дар асоси назорати озмоишгоҳи марказии Неругоҳ аз тарози 969 оғоз намуда, феълан корҳо дар сатҳи 974 ҷараён доранд.
Паҳноии ядро дар сатҳи 1300 ба 20 метр ва дар сатҳи 961 ба 172 метр баробар аст. Маводи истифодашуда дар ядрои сарбанди асосӣ гилхоки сангрезадор буда, тибқи лоиҳа, 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Дар иншооти мазкур корҳои сохтмону васлгариро мутахассисону коргарони ширкати  “Вибилд”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва “Треви” аз рӯи лоиҳаи “Грунер” пеш мебаранд.  
Хобондани мавод дар қисмати болоии сарбанд то имрӯз ба 1140 метр аз сатҳи баҳр расидааст. Барои кашондан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти муосири боркаш, булдозеру экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода мебаранд.
Аз ҳаҷми умумии 80 миллион метри мукааб сангу шағали пешбинигардида барои сарбанд, то имрӯз ба андозаи 19 миллион метри мукааб мавод дар қабатҳои болоию поёнӣ хобонда шудааст, ки 23 фоизро дар бар мегирад. Аз ҷумла, корҳои заминӣ 5,5 миллион метри мукааб, хобондани сангу шағал 16,2 миллион метри мукааб, хобондани санг 2,4 миллион метри мукааб ва хобондани филтр 211,2 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корҳои таркишию хокӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи нишебии обқабулкунакҳои доимии НБО “Роғун” аз сатҳи 1152 метр то 1565 метр шинос шуданд.
Бо мақсади мустаҳкамсозии нишебии обқабулкунакҳои доимӣ, корҳои сохтмониву анкергузорӣ дар чор мавзеъ –  “А”, “В”, “С” ва “D” аз рӯи нақша идома дорад.
Корҳои таркишию хокӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи “А”  аз сатҳи 1504 то 1300 метр пурра иҷро гардида, насби лангарҳо (АЖГ) 65 фоизро ташкил медиҳад.
Дар минтақаи “В” аз сатҳи 1300 то 1152 метр корҳои таркишию хокӣ 83,5 фоиз, насби лангарҳо (АЖГ) 36 фоиз ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ 41,6 фоиз ба анҷом расид. Корҳои таркишию хокӣ ба итмом расида, насби лангарҳо (АЖГ) 53,8 фоиз, лангарҳои фишордор (ПНА) 51,4 фоиз, пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи “С”  аз сатҳи 1400 то 1150 метр 92,5 фоиз иҷро гардида, корҳои бетонӣ босуръат идома доранд.
Дар минтақаи “D” корҳои таркишӣ ва хокӣ 90,3 фоиз, пошидани маҳлулҳои бетонӣ 21,2 фоиз ба сомон расида, корҳои васлу насби лангари “АЖГ” бо сифати баланд иҷро шуда истодаанд. 
Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар нишебии обқабулкунакҳои доимии НБО “Роғун” аз сатҳи 1152 метр то 1565 метр зери назорати пайваста бо ҷалби мутахассисони ватанию хориҷӣ аз рӯи нақшаи фармоишгар пеш мераванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии анҷомшуда ва лоиҳаи нишебии обқабулкунакҳои доимии НБО “Роғун”, ба масъулон барои иҷрои босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив