ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИЛС АННЕН

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИЛС АННЕН

16 август 2023, Чоршанбе
17
0
 
14 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн, Пешвои миллат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарӣ  имкониятҳои васеи рушди робитаҳои судмандро доранд.
Сарвари  давлати  мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зикр  карданд, ки ҷониби  Тоҷикистон  алоқаманди тақвияти минбаъдаи муносибатҳои созандаи миёни ду кишвар буда, соҳаҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика чун манбаи рушди “энергияи сабз”, илму маориф ва технологияҳо, масъалаҳои тағйирёбии иқлимро ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҳар ду ҷониб медонад.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон муҳокима гардиданд.
Изҳори умед шуд, ки натиҷаҳои ин чорабинӣ ба густариши  робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии кишварҳои минтақаи мо ва Олмон  мусоидат хоҳанд намуд.
Ҷонибҳо атрофи мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Санаи нашр: 15.08.2023 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив