ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ  БА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ  БА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

16 август 2023, Чоршанбе
18
0
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Хабари ба ҳалокат расидани одамони зиёд бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистон боиси андуҳи амиқи мо гашт.
Хоҳишмандам таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».
Санаи нашр: 16.08.2023 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив