ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВМКБ

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВМКБ

21 август 2023, Душанбе
17
0
18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла собиқадорону ҷавонон – сардухтури беморхонаи саратоншиносии ВМКБ Ҷамила Худоёрова, директори муассисаи давлатии маркази тайёрии олимпии ВМКБ Мулкамон Холдоров ва хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Шуғнон, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Сафина Имматшоева, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхории ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баромад карданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.
 
Санаи нашр: 21.08.2023 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив