ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРОГОҲ.  ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

ЧАРОГОҲ.  ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

14 феврал 2023, Сешанбе
218
0
  
Дар ҳудуди мамлакат 3 миллиону 832 ҳазору 161 гектар чарогоҳ мавҷуд аст. Ин чарогоҳҳо, аслан, дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар ҷойгир буда, зимистона, тобистона, баҳорию тирамоҳӣ ва ҳамафасла мебошанд. 


Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони чарогоҳҳои босифат торафт кам шуда, талаботи парвариши саршумори сол ба сол афзоишёбандаи чорворо ба пуррагӣ қонеъ намегардонанд ва дар бисёр ноҳияҳои чорводории ҷумҳурӣ дар давраи зимистон норасоии хӯрока ба мушоҳида мерасад. Чӯпонҳо ҳангоми чарондан ва рондани чорво аз як ҷо ба ҷойи дигар ба душвориҳои рӯ ба рӯ мешаванд. Гузашта аз ин, бисёре аз заминҳое, ки дар харитаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳамчун чарогоҳу роҳи чорвогузар қайд шудаанд, маҳали сохтмони манзили истиқоматӣ ва иҷоракорӣ гардидаанд. 
Тавре доктори илмҳои кишоварзӣ, ходими пешбари шуъбаи беҳдошти чарогоҳҳои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Толибҷон Иргашов изҳор дошт: “Омили асосии мушкилоти соҳа нобаробар тақсим шудани заминҳои чарогоҳ, истифодаи ҳамасола ва  бенизом, вайроншавии ҳолати табиӣ ва ҳосилнокии онҳо, дар рамаҳо аз меъёри муқарраргардидаи талабот зиёд будани саршумори чорво боиси поймолшавии рустаниҳои чарогоҳӣ гардида, ба пастшавии ҳосилнокии чарогоҳҳо ва шусташавии қабати болоии хок (гумус) оварда расондааст. Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, надоштани хоҷагиҳои махсусгардондашудаи парвариши тухми алафҳои чарогоҳии хӯроки чорво, набудани нигоҳубини чарогоҳҳо, истифода набурдани нуриҳои органикӣ ва минералӣ, риоя нашудани мавсими истифодабарии онҳо, аз ҳад зиёд чарондани чорво дар як мавзеъ, ҳолати на он қадар хуби роҳу пул ва кашарҳо низ, ба ҳолати табиии чарогоҳҳо бетаъсир намондаанд”. 
Ҳамзамон, дар натиҷаи аз ҳад зиёд чарондани чорво, истифода нашудани усулҳои беҳдошти чарогоҳҳо, риоя нашудани нақшаи истифодабарии чарогоҳҳо ва чарогоҳгардон алафҳои хӯрданбоб сол ба сол кам гардида, аз байн мераванд.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти чарогоҳҳоро ба инобат гирифта, барои пешрафти соҳа ва бо мақсади ба танзим даровардани истифодабарии чарогоҳҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ”- ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард ва он ба тасвиб расид. Қонун муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ танзим менамояд.  
 
ДЕҲОТ. 75-90 ДАРСАДИ ЧАРОГОҲҲО РӮ БА ХАРОБШАВӢ ДОРАД
Бар асоси омори расмӣ ва арзёбии олимону мутахассисони соҳаи чорводории кишвар, бо сабаби афзоиши саршумори чорво, хусусан моли майда, дар мамлакат чарогоҳҳои зимистона ва ҳамафасла, махсусан чарогоҳҳои ба маҳаллаҳои аҳолинишин наздик, дар ҳолати хуб қарор надоранд. Сарбории чорво дар чунин чарогоҳҳо нисбат ба меъёрҳои муқарраргардида бештар буда, маҳсулнокии онҳо нисбат ба чарогоҳҳои тобистона камтар мебошанд.  
Бино ба иттилои Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”,  ҳоло бо сабаби набудани пул, роҳҳои чорвогузар, дур ва дар баландӣ будани манбаъҳои об аз мавзеи чарогоҳҳо, қисман дар ноҳияҳои Мурғоб, Рашт, Лахш, Сангвор, Кӯҳистони Мастчоҳ ва дигар мавзеъҳо чарогоҳҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд. 
– Ҳолати имрӯзаи чарогоҳҳо якхела нест. Хусусан, 75-90 дарсади чарогоҳҳои назди деҳот рӯ ба харобшавӣ ё таназзул оварда, ҳосилнокии миёнаи онҳо 2-2,5 маротиба кам шудааст, – изҳор дошт Сиҷоуддин Исроилов, мудири шуъбаи чарогоҳи МД “Трести чарогоҳу мелиоративӣ” ва илова кард: “Омили асосии ин тамоми сол истифода бурдан, риоя нагардидани меъёр, қоидаҳои чарондани чорво, ғунҷоиши зиёди чорво ба воҳиди майдон ҳангоми чарондан, ки ҳамарӯза такрор меёбад, риоя накардани мавсим ва муҳлати чарондан, гардиши чарогоҳҳо, чарондани барвақтии баҳорӣ, ки алафҳои наврустаро бо воситаи суми чорво поймол менамоянд, наандешидани тадбирҳо барои беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, беназоратии чарогоҳҳо дар сатҳи ҳуқуқӣ ва имконият надоштани як қисми чорводорон барои ба чарогоҳи тобистона бурдани чорво мебошанд”. 
Мутахассисони соҳа бар ин назаранд, ки майдонҳои калон ва талу теппаҳои атрофи деҳаҳо аз чарондани ҳаррӯзаи чорво ба чарогоҳҳои камҳосил мубаддал гардида, дар онҳо миқдори зиёди рустаниҳои ғайриистеъмолӣ афзоиш доранд.  Мувофиқи тавсияи илмӣ давоми сол дар як гектар бояд 1 сар чорвои шартӣ  ва ё 5 сар моли майда бичарад. Ғунҷоиш чунин набошад, имкони танаффус додани чарогоҳҳо аз байн меравад ва деградатсия қитъаҳои бештарро фаро мегирад. 
Ба маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 2,5 миллион сар, асп қариб 86 ҳазор ва моли майда ба 6,3 миллион сар расидааст, ки аз ин 93 дарсади чорвои калон ва 83 дарсади моли майда ба бахши хусусӣ рост меояд.
–  Агар чарогоҳҳоро беназорат истифода бурда, ба беҳдошти онҳо ягон чораҷӯӣ ва барои зимистонгузаронии чорво ба таври кофӣ хошок захира нашавад, чарогоҳҳои зимистона ба деградатсия дучор гардида, солҳои наздик мумкин аст ба биёбон табдил ёбанд, – иброз дошт Толибҷон Иргашов.
Корманди МД “Трести чарогоҳу мелиоративӣ” Андам Ханҷаров изҳор дошт, ки ҳолати кунунии чарогоҳҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, Барномаи давлатии “Рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”- ро қабул кард, ки тибқи Барнома, беҳтаркунии ҳолати чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар назар дошта шудааст.  
– Алафзор ва чарогоҳҳои табиӣ 77,3 дарсади заминҳои истифодаи кишоварзиро ташкил медиҳанд ва дар ҳолати истифодаи интенсивии чарогоҳҳо хоҷагиҳо ба ҳосилнокии устувори алафҳои табиӣ ноил гашта метавонанд. Ду-се маротиба зиёд намудани ҳосилнокии чарогоҳҳо назар ба оне, ки бо чунин хароҷот ҳосилнокии заминҳои корами обиро 20-25 дарсад афзун намоем, осонтар аст. Чарогоҳҳои табиӣ дар истеҳсоли хӯроки чорво нақши калидӣ доранд, зеро ба воситаи онҳо чорво 60 дарсад бо хӯроки хушсифати табиӣ таъмин ва 50-65 дарсади меъёри солонаи шир истеҳсол мегардад, – гуфт Андам Ханҷаров. 
 
ТАДБИРҲО БОБАТИ БЕҲТАР  КАРДАНИ ҲОЛАТИ ЧАРОГОҲҲО
Тибқи тавсияи олимони соҳа, дар сурати истифодаи самараноки чарогоҳҳо, ҷорӣ кардани чарогоҳгардон, коштани зироатҳои лӯбиёгӣ, бисёрсола, таҳияи барномаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва ташкили хизматрасониҳои иттилоотию машваратӣ дар ҷумҳурӣ гиреҳи ин мушкилотро кушода метавонад. 
Директори Институти чорводории АИКТ Хуршед Давлатов таъкид кард, ки ҳар истифодабарандаи чарогоҳ бояд барои мақсаднок истифода бурдан ва аз эрозия нигоҳ доштани чарогоҳҳо чораҷӯӣ намояд. Чарондани бенизоми чорво, шудгори ҳудудҳои кӯҳӣ бо мақсади ғаллакорӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, васеъшавии деҳоти мавҷуда ва тағйирёбии иқлим омилҳое мебошанд, ки ба сифати чарогоҳҳо таъсири манфӣ мерасонанд. 
Сиҷоуддин Исроилов гуфт, ки масъалаи дигари соҳаи чорводорӣ бунёди заминаи устувори хӯроки чорво мебошад. Аз ин рӯ, беҳгардонии сифат, ҳосилнокӣ, истифодаи бонизому оқилона ва дурусти чарогоҳҳо дар пешрафти соҳа аз омилҳои асосӣ мебошанд. 
– Барои баланд бардоштани маҳсулнокии чарогоҳҳо ба роҳ мондани  обшоркунии чарогоҳҳои зимистона, баҳорию тирамоҳӣ, ки дар соҳилҳои ҳавзаҳои дарёҳо ҷойгиранд, аз манфиат холӣ нест. Пеш аз ҳама, заминҳои чарогоҳҳое, ки ба манбаи об: дарёҳои Кофарниҳон, Панҷ, Зарафшон, Вахш ва ғайра наздиканд тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, кишти рустаниҳои хӯроки чорво, аз ҷумла қатраборон, юнучқа, себарга, хардумка, мунҷ, нахӯдак, ба роҳ монда шавад. Илова бар ин, чарогоҳҳое, ки шабакаи обёриашон қатъ шудааст бо имкониятҳои мавҷуда давра ба давра дубора мавриди истифода қарор дода шаванд, – пешниҳод менамояд Толибҷон Иргашов.
Ба гуфтаи олимону мутахассисони соҳа, чорводорон бояд тарзи истифодаи босамари чарогоҳҳоро омӯзанд ва барои нигоҳдошти минбаъдаи он чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ”, кори комиссияҳои батанзимдарории истифодабарии чарогоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷоннок гардонда шавад. Таҳия ва роҳандозии тадбирҳо барои мавриди истифода қарор додани чарогоҳҳое, ки то ҳол истифода бурда намешаванд, бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулон бошаду тавсияҳои манзургардидаро амалӣ созанд, он гоҳ имкониятҳои чорводорӣ васеъ мешаванд, на маҳдуд.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.02.2023 №: 35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив