ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН. РӮЗИ ДОНИШ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ!

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН. РӮЗИ ДОНИШ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ!

22 август 2023, Сешанбе
301
0
  
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, соли ҳафтум аст, ки фаъолият менамояд. 
 
ОМОДАГИҲО БА ИФТИТОҲИ БИНОИ АСОСИИ ДДТХ
Моҳи апрели соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз рафти корҳои сохтмонии бинои асосии Донишгоҳ дидан карда, ба масъулини ниҳодҳои давлатӣ дастур дода буданд, ки корҳои сохтмонӣ, муҷаҳҳазсозии бинои асосӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонда, моҳи сентябри соли 2023 мавриди истифода қарор дода шавад. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки минбаъд, бо назардошти мақоми байналмилалӣ гирифтани ДДТХ, синфхонаю озмоишгоҳҳои он бояд бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гарданд. 
Тавре ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбонов ба хабарнигори махсуси “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, бинои асосӣ дар майдони 1,8 гектар қомат афрохта, аз 9 ошёна ва 4 қисм иборат аст. Масоҳати бино 25956 метри мураббаъ ва теъдоди умумии синфхонаҳо 80-то буда, дорои 2000 ҷойи нишаст мебошад. Инчунин, дар бинои Донишгоҳ толорҳои маҷлис ва лексионӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон, зимни сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Данғара, бинои таълимии № 1, ки аз шаш ошёна иборат аст, мавриди истифода қарор дода мешавад. Бино дар майдони 0,5 гектар сохта шуда, масоҳати он 3814,1 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар бино 24 синфхона бо 350 ҷойи нишаст мавҷуд буда, кафедраҳои тибби назариявӣ, анатомияи нормалӣ, физиологияи нормалӣ ва патологӣ, анатомияи патологӣ ва гистология бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар маҷмуъ, дар ду бинои сохташуда имконияти наздик ба 3000 ҷойи нишаст фароҳам хоҳад омад. Инчунин, бинои ошхона бо тарҳи замонавӣ дар масоҳати 1089 метри мураббаъ , ки дар як вақт ба 300 нафар хизмат мерасонад, мавриди истифода қарор дода мешавад. Илова бар ин, дар қисми зербинои бинои асосӣ барои 200 нафар ошхона ташкил шудааст.
 
МАЪЛУМОТИ ОМОРӢ
Шумораи умумии омӯзгорону кормандони ДДТХ ба 335 нафар мерасад. Ҳайати профессорону омӯзгорон 183 нафар буда, аз ин шумора 130 нафарашро профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медиҳанд. Теъдоди омӯзгорони дорои дараҷаи илмӣ 23 нафар аст. Шумораи умумии донишҷӯён 2248 нафар (1642 писар ва 606 духтар) мебошад. Донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда 58 нафарро ташкил медиҳанд. Дар Донишгоҳ 14 нафар ятим ва 15 нафар маъюби гурӯҳи 2 таҳсил мекунад. Миқдори гурӯҳҳои академӣ 126-то буда, 47 гурӯҳ ба забони тоҷикӣ ва 79 гурӯҳ ба забони русӣ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 501 нафар бо хобгоҳ таъмин мебошад.
– Қабули довталабон тибқи Квотаи президентӣ ба ДДТХ соли сеюм аст, ки сурат мегирад. Нақшаи қабули донишҷӯён тибқи Квотаи президентӣ барои соли таҳсили 2023-2024 , ки аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдо тасдиқ шудааст, барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 34 ҷой мебошад. Аз ҷумла, 22 ҷой барои писарон ва 12 ҷой барои духтарон муқаррар гардидааст. Нақшаи қабул тибқи Квотаи президентӣ ба пуррагӣ иҷро шудааст, – афзуд ректор. 
Бояд гуфт, ки марти соли 2023 дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино онлайн Олимпиадаи III байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои олии тиб баргузор гардид. Аз ДДТХ дар олимпиадаи мазкур 25 донишҷӯ ширкат намуда, се нафар сазовори ҷойи якум ва ду нафар ҷойи сеюм гардиданд. Дар доираи эҳсонкорӣ бахшида ба соли нави милодӣ ва идҳои баҳорӣ аз ҷониби Донишгоҳ ба донишҷӯёни ниёзманд, аз ҷумла ба 14 ятим, 15 маъюб ва 35 корманди ниёзманд, дар маҷмуъ, 80 ҳазору 700 сомонӣ хайр карда шудааст. Илова бар ин, дар арафаи иди Наврӯз барои фаъолияти босамар ва натиҷаҳои хуби таълимию илмӣ ва муолиҷавӣ ба ҳайати профессорону омӯзгорон 372 ҳазор сомонӣ мукофотпулии яккарата дода шуд.
   
ФАЪОЛИЯТИ МУОЛИҶАВӢ
Бояд зикр намуд, ки фаъолияти муолиҷавии кормандони Донишгоҳ дар ин давра таҳким ёфтааст. Давоми шаш моҳи соли 2023 дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ба 5249 бемор ёрии тиббӣ расонда, 100 амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ-пластикӣ ва 424 намуди дигари ҷарроҳӣ гузаронда шудаанд. Инчунин, табобати 1150 нафар гирифтори бемориҳои дарунӣ, 989 нафар бемориҳои стоматологӣ, ташхису табобати 984 нафар гирифтори бемориҳои кӯдакона, 154 нафар бемориҳои гӯшу гулую бинӣ, 544 нафар бемориҳои чашм, 287 нафар бемориҳои травматологӣ ва 374 нафар бемориҳои занона гузаронда шудааст. 
Кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мақсад доранд, ки мутахассисони болаёқати соҳаи тибро бештар тайёр карда, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сари баланд иҷро намоянд.
 
Холназар КАСИРОВ, “Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив