ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТИБ. ҶАВОНОН ДАРДҲОРО ДАВО МЕБАХШАНД

ТИБ. ҶАВОНОН ДАРДҲОРО ДАВО МЕБАХШАНД

22 август 2023, Сешанбе
151
0


 


 
Ягона қисми барқарорнашавандаи вуҷуди инсон дандон аст. Ягона роҳи пур кардани ҷои дандонҳои рехта бошад, дандонҳои сунъӣ. Дарвоқеъ, кам шахсонро метавон пайдо кард, ки дар давоми умр бо дарди дандон ва мушкилиҳои вобаста ба он ба дандонпизишк муроҷиат накарда бошад. Ин аз камаҳамиятии аҳли ҷомеа ба солимии дандонҳост.
Табиист, ки раванди барқароркунии дандонҳои сунъӣ, пеш аз ҳама, аз кормандони соҳа – дандонпизишкон ва дандонсозҳо масъулият ва заҳмати зиёдро талаб мекунад.
Доир ба ин мехоҳам дар бораи фаъолияти ду ҷавони муваффақ ва умедбахш – дандонсоз ва дандонпизишки ҷавон нақл кунам. Онҳо бародарон Ҷасурбек ва Ҷаҳонбек Ҳазратқуловҳо мебошанд.
Ҷасурбек Ҳазратқулов солҳои 2013-2016 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таҳсил кард. Давраи донишҷӯӣ дар назди яке аз дандонсозҳо шогирд истод. Дар як вақт ҳам дониши назариявӣ ва ҳам дониши амалиро ҳамоҳанг карда тавонист. Вақте Ҷасурбек Коллеҷро хатм намуд, аллакай, мустақилона дандон месохт ва мутахассиси касби худ шуда буд. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар паҳлуи ӯ навомӯзон нозукиҳои соҳаро аз худ мекунанд.
– Новобаста ба он ки шахс кадом соҳаро интихоб мекунад, бодиққат омӯхтан ва ба ҳар ҷанбаи касби худ таваҷҷуҳ зоҳир кардан хеле муҳим аст. Сохтани дандон кори хеле нозук ва вақтталаб ба назар мерасад. Барои сохтани як дандон чанд марҳиларо тай кардан лозим аст. Ҳар як дандонро дар алоҳидагӣ коркард кардан зарур аст, – мегӯяд Ҷасурбек.
Ҷасурбек дар идомаи сухан дар бораи сохтани дандон ва навъҳои он нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, дандонҳои сунъӣ аз пластмасса, металл ва маводи омехта сохта мешаванд. Ҳар яки он бо сифат, устуворӣ ва арзиш фарқ мекунанд. Азбаски металлҳои дандонсозӣ аз хориҷа ба кишвари мо ворид мешаванд, ба арзиши онҳо таъсир мерасонад.
Инчунин, касоне, ки аксар вақт барои гузоштани дандонҳои сунъӣ муроҷиат мекунанд, аз кори заҳматталаби дандонсоз огоҳӣ надоранд. Дар асл, кори асосиро онҳо анҷом медиҳанд. Бо ин намехоҳем бигӯем, ки кори табибони дандон осон аст. Масъулияти онҳо аз ин ҳам бештар аст.
Ҷаҳонбек Ҳазратқулов низ яке аз дандонпизишки ҷавон аст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тиббию иҷтимоии Тоҷикистон буда, айни замон дар маркази тиббии шаҳри Панҷакент – «ФараСтам» фаъолият мекунад.
– Дандонҳо омили саломатӣ ва зебоиянд. Ҳусн ва табассуми зебандаи кас ба саломатӣ ва дурахши дандон вобаста аст. Ҳоло ҳолатҳои осеб ва шикасти дандон, бемориҳои вобаста ба он бештар ба назар мерасанд. Ба ғайр аз ин, дандонҳои осебдида метавонанд одамро ба бемориҳои дигар гирифтор кунанд ва ба саломатии шахс зарар расонанд. Аз ин рӯ, ба солимии дандонҳо таваҷҷуҳ кардан зарур аст.
Дар интихоби пешаи табибӣ барои Ҷасурбек ва Ҷаҳонбек муҳити оилавӣ таъсир карда, зеро волидони онҳо – Шодибек Ҳазратқулов ва Замира Бобоева кормандони миёнаи тиб мебошанд. Ширинсуханӣ, хушмуомилагӣ, хоксорӣ ва меҳрубонӣ, ки аз хослатҳои асосии муваффақияти табиб ва эҳтироми ӯ дар ҷомеа аст, дар шахсияти ворисони ҷавони Синои бузург – Ҷасурбек ва Ҷаҳонбек таҷассум аст.
 
Зуҳриддин УМАРОВ, 
корманди рӯзномаи «Халқ овози»
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив