ЯК ПОРА АЗ МЕҲРИ НОТАСВИР
Дилу руҳ ва дунёи андешаам аз муҳаббати ҷонтасхират лабрез аст, модари беназирам, вале наметавонам ҳамаро рӯи коғаз биёварам. Қуввату неруи фарзандат ба ибрози муҳаббати безаволат оҷиз аст. Аз вусъат, шукӯҳу бузургӣ ва пурнурии хуршеди меҳрат қалам дар даст меларзад.
Эй модари ҷон, модари ҷон, ҷони
ман астӣ, Ту баъди Худованд нигаҳбони ман астӣ.
Хушҳолии ту хурсандии Парвардигори бузург аст. Пас, Худоро ҳамеша бояд хушнуд кард. Ёд дорам, дар хурдӣ ҳар субҳ аз пасат гиря мекардам, ки маро ҳамроҳ ба кор бар. Бибиву бобоям ба ман шириниҳо медоданд, то ором шавам, вале ҳеҷ як он қанду набот лаззати оғӯш ва ширинии табассуми туро надошт.
Бегоҳиҳо дар назди дарвоза интизорат будам, ки биёиву тамоми хоҳишу орзуҳои кӯдакиро бароят изҳор кунам. Бо тасаввури кӯдакона эътимод доштам, ки танҳо ту метавонӣ маро ба бузургтарин орзуҳо расонӣ. Хато накардам, танҳо ту ва неруи дуои некат, ки назди Парвардигори пок мустаҷоб аст, метавонад сабаби хушбахтии ман бошад.
Дар аввалин шеърам туро нохудо гуфтам, имрӯз ҳам ту ҳамон нохудоӣ. Киштии ҳаёти фарзанди ягонаатро навобаста аз мавҷҳои пуртуғёни зиндагӣ ба соҳили мурод ва орзуву ормонҳои нек мерасонӣ:
Модари ман ҳамчу нур аст,
Ҳамчу нури Офтоби беғуруб.
К-аз фурӯғаш қалбҳо равшан шавад,
Чун дамиданҳои субҳ.
Модари ман Моҳтоб аст,
К-аз тулуаш шоми мо равшан шавад.
Зери нураш раҳсипорам сӯи дуриҳои дур,
Модари ман нохудо аст,
Нохудои киштии рӯди ҳаёт.
Мебарад моро ба соҳилҳои гулпӯши мурод,
Модари ман боғбон аст,
Боғбони навниҳоли одамӣ.
К-аз азал бо панҷаҳои меҳрбахш,
Мекунад ӯ навниҳолонро дарахт.
Сисола шудам, падар шудам, пастиву баландиҳои зиндагӣ ва мусофиратҳои зиёдеро дидам, дӯсту душман ёфтам, ба содагии зотие, ки шояд мероси туст, ба доми фиребу сароб афтодам, дар шебу фароз афтонухезон бузург шудам, вале назди ту ҳамон тифли нодонам. Саманди вақт чи ба суръат метозад. Имрӯз ту модаркалонӣ, фарзанди маро дар гавҳорае мебандӣ, ки маро баста будӣ, зери болинаш китоб ва бурдаи нон мегузорӣ, то донову баризқ бошад.
...Ман он як бурдаи нони ҷавиро,
Гирифтам рамзи ризқи рӯзгорам.
Ҷаҳонеро даруни кулбаи ту,
Бидидам, модари омӯзгорам!
Равон гаштам ба пои хеш акнун,
Бидидам гармию сардии дунё.
Надорад ҳеҷ кас чун модари ман,
Ду чашми меҳрбору қалби дарё.
Ба кишварҳои бузург сафар доштам, вале ҳеҷ ҷоеро ҷуз кулбаи пурмеҳри орому роҳатбахшат надидаму ҳеҷ хӯрокеро болаззаттар аз нони пухтаат начашидам. Дар лаҳзаҳои афсурдагию беморӣ дармонбахштарин ва таскинбахштарин доруи ман ҳамин сухани ширини туст: "Зиқ нашав бачем, ҳамааш хуб мешавад!"
Неруи ҳамин як ово метавонад маро умеди зиндагӣ бахшад.
Лутфу неъмати бузурги илоҳӣ танҳо ҳастии мубораки туст. Ҳеҷ кас наметавонад ҷойи бузурги муҳаббати туро бигирад, вале ту метавонӣ дар вуҷуди танҳоят ҷаҳонеро бигунҷонӣ:
Мазҳари поки Худо, ганҷинаи
дунёстӣ,
Шоҳкори ҳазрати Парвардгори мостӣ.
Тоблуи офариниш, махзани асрори Ҳақ,
Шоҳбайти шеъри сабзи шодкомиҳостӣ.
Мешуд аз ин бештар гуфт, аз ин бештар хотираҳоро тагурӯ кард ва мисолҳо аз бузургии ту овард, вале наметавон пайкараи пуршукӯҳи меҳр ва мусаввараи нотакрори бахшоишатро ба таври комил тасвир созам. Як умри ҳазорсола бояд, то ман яке аз ҳазор гӯям. Меситоям муҳаббати безаволатро ва дар назди бузургии ту ҳамеша таъзим мекунам.
Кош мешуд умри худро ҳадя медодам ба ӯ,
Зиндагиро дӯст дорам, модарамро бештар.
Иброҳимҷон ДӮСТАЛИЗОДА, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Санаи нашр: 23.08.2023 №: 170
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)