ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

25 август 2023, Ҷумъа
36
0
 
25-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар  фурудгоҳи  байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаи кадрҳо, вазирони фарҳанг, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Санаи нашр: 25.08.2023 №: 172
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив