ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССВОРДИ «НОБИҒАЗАНОН»
Аз чап ба рост:
1. Аввалин генералзани тоҷик.
3. Сиёсатмадори олмонӣ, бонуи мубориз дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи занон.
5. Аввалин наттоқи телевизион аз байни бонувони тоҷик.
6. Аввалин миллионерзани амрикоӣ.
7. Раққоса, рамзи балети тоҷик.
8. Зане, ки тифлро аз кӯдакӣ шир дода, парасторӣ мекунад.
9. Аввалин зани дорандаи унвони генерал-майёри милитсияи Тоҷикистон
Аз боло ба поён:
1. Яке аз аввалин муаллимаҳои водии Рашт.
2. Хоҳари падар.
4. Аввалин зан – халабони Тоҷикистони соҳиб-истиқлол.
Тартибдиҳанда Ҷумъагул НАЗАРОВА,
сокини шаҳри Ваҳдат
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
МАРД БУЗУРГ, АММО ЗАН БУЗУРГТАР АСТ!
Заминдори сарватманде ҳавзи тимсоҳпарварӣ дошт ва дар байни ҳавз истгоҳи симтӯрӣ сохта, меҳмононро он ҷо мехонд. Рӯзе ҳангоми тамошо, ки байни омадагон ва тимсоҳҳои даҳонвоз ҷуз симҳо чизе набуд, марди доро эълон кард: «Касе худро ба об андозаду то соҳил зинда расад, 1 миллион доллар хоҳам дод».
Ҳама хандиданд. Дар ҳамин лаҳза марде рӯи об пайдо шуд. Чунон бо ҳушёрӣ ва суръати баланд то соҳил расид, ки гумон мерафт, пояш ба об нарасид ва парвоз дошт. Мардуми ҳайратзада сӯи «қаҳрамон» давида, ӯро саволборон карданд: «Ин чӣ гуна шуд?», «Оё шумо варзишгаред?», «Чунин таҷрибаро пештар ҳам доштед?».
Мард дар ҳоле ки ранг аз рӯяш паридаву об аз ҳар тори мӯяш мечакид, бо нафасгирии пайдарпай гуфт: «Ҳамсарам беогоҳӣ маро ба об андохт, вагарна дар дусад сол ин корро намекардам…».
Ҳаминро мегӯянд: «Дар паси ҳар марди бузург зани бузургтаре истодааст».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
АСРОРИ КОИНОТ
Ба Юрий Гагарин барои парвоз ба коинот 15 ҳазор рубл додаанд. Ин маблағ он вақт 107 маоши миёнаи Иттиҳоди Шуравӣ буд.
* * *
8000 партови кайҳонӣ дар атрофи Замин давр мезанад.
* * *
Гравитатсия дар сатҳи Офтоб 28 маротиба аз қувваи ҷозибаи Замин бузургтар аст. Шахсе, ки 60 килограмм вазн дорад, дар Офтоб 1680 килограмм аст.
* * *
Ҳисси бӯй дар фазо бадтар мешавад. Агар атр дар киштии кайҳонӣ пошида шавад, метавонад эҳсоси дардноке ба бор орад.
Таҳияи Кароматулло АТО
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
МАДОННА ЛИТТА
Мусаввараи “Мадонна Литта” яке аз шоҳкориҳои Леонардо да Винчи дар санъати рассомӣ буда, он дар Эрмитажи давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Россия нигоҳ дошта мешавад. Тасвири Мадонна ва кӯдак ба солҳои 1481 то 1495 рост меояд ва мувофиқи баъзе далелҳо, он аввалин асари Леонардои ҷавон буда, бо усули омехтаи рассомӣ офарида шудааст.
Асар чор аср дар оилаи ашрофзода Миллании Литта нигоҳ дошта мешуд ва онро директори Эрмитаж соли 1914 бо нархи 150 ҳазор рубли русӣ харид.
Дар баробари нигораҳои машҳури осорхона: “Соати механикии товус”, “Ҳайкали мармарии Юпитер”, “Мумиёи Миср”, “Мадонна Литта” беназиртарин ёдгорӣ мебошад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ЗАРАРИ ТАМОКУ
«Тамокукашӣ ба саломатии шумо хатар дорад». Нахустин фармоиши Вазорати тандурустии СССР аз 6-уми марти соли 1953. Яъне, пас аз як рӯзи марги Иосиф Виссарионович Сталин.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
3 СУХАНИ ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ ПЕШ АЗ МАРГ
1. Тобутамро табибон бардоранд, то ҳама бидонанд, ки ҳеҷ табибе наметавонад пеши маргро бигирад.
2. Ҳама дороиҳоямро дар масири ҳаракати тобут бирезед, то мардум бидонанд, ки мол натавонист наҷотам диҳад.
3. Дастҳоямро аз тобут берун бигзоред, то мардум бидонанд, ки бояд бо дасти холӣ рафт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ТАЗОДИ ЯК АКС
Акси басе ғамангез ва рамзноке ҷаҳони интернетиро ба шӯр овард. Дар он бачаи маймун бо вуҷуди он ки тани беҷони модараш кайҳо дар даҳони паланги холдор «ях бастааст», ба танаи модар сахт часпида, онро раҳо намекунад.
Он ҳис мекард, ки ғайр аз танаи модар амнтар барояш ҷое нест. Дар ҳоле маймунча ба зиндагии худу модар ҳанӯз умед дорад, паланги холдор дилпур аст, ки «бо як тир ду нишон гирифтааст».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
«ДУНЁИ АҶИБ»
ЗАРАРОВАРТАРИН ФИЛМИ СОЛИ 2022
Тавре чанде пеш рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дода буд, «Аватар 2» сердаромадтарин филми соли 2022 эълон гардид. Бояд таъкид кард, ки саноати филмофаринӣ на ҳамеша судовар аст, аз ин рӯ, таҳиягарони он гоҳе хисороти молиявии ҷиддӣ ҳам мебинанд.
Маҷаллаи интернетии «Дедлайн Ҳолливуд» (ИМА) рӯйхати зараровартарин филмҳои соли 2022-ро интишор дод, ки дар садри он филми тасвирии фантастикии «Дунёи аҷиб» («Strange World») қарор дорад.
Ширкати синамоии «Walt Disney Pictures» дар маҷмуъ, барои истеҳсоли он 317 миллион доллари ИМА харҷ кард, вале дар намоиши ҷаҳонӣ филм ҳамагӣ 120 миллион доллар ҷамъ овард. Дар натиҷа, зарари ширкат 197 миллион доллар шуд.
Гуфта мешавад, ки сабаби ба ин андоза зарар дидани филми тасвирии «Дунёи аҷиб» барои таҳиягарон муаммо боқӣ мемонад, зеро он аз ҷониби мунаққидон, асосан, баҳои мусбат гирифта буд.
Таҳияи Ш. ШОКИР
ОДАМГАРӢ – БОЛОТАР АЗ МЕДАЛ
22-юми августи соли 2016. Мусобиқаи интихобии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ идома дорад. Дар варзиши сабук аз Зеландияи Нав Никки Ҳамблин ва Эбби д'Агостинои амрикоӣ (ҳар ду ҳам зан) вориди майдон шуданд. Сонияҳои аввали мусобиқа ҳассос аст, чун маҳз ҳамин лаҳза маълум мешавад, ки ғолиб кист. Дав шуруъ шуду дере нагузашта чанд нафар ба ҳам бархӯрданд.
Никки дарҳол аз ҷо бархост ва ба пеш шитофт, аммо бозистод ва ба рақибаш нигоҳ кард, ки ба замин афтода, аз дард ранҷ мекашад. Ӯ баргашт ва ба Эбби дасти ёрӣ дароз кард. Эбби аз ҷой бархост ва лангон-лангон давидан хост. Никки боз аз дасташ дошта, бо ҳам оҳиста-оҳиста пеш рафтанд, аммо мусобиқа барои ҳар ду тамом шуд. Аҷиб аст, вале варзишгари якум ба марра расидаро касе истиқбол накард. Ҳушу ёди мухлисон ба Эбби ва Никки буд.
Ду варзишгаре, ки ҳамдигарро намешинохтанд, бо башардӯстӣ ва меҳрубонӣ медалу шуҳратро сарфи назар карда, собит намуданд, ки одамгарӣ беҳтарин ҷоиза аст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ЧОЙ НӮШ
Чапаев аз Петка мепурсад:
– Мехоҳӣ ман туро ҳурмат кунам?
– Албатта, Василий Иванич.
– Набошад, гӯш кун. Вақте омадӣ ва дидӣ, ки ман чой менӯшам, нишаста чой нӯш. Аммо, вақте омадӣ ва дидӣ, ки ман гӯшт мехӯрам, ту боз ҳам чой нӯш.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ЙОҲЕН: “Ё ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН МЕШАВАМ Ё МЕМИРАМ”
Сарнишини машҳури австрягӣ Йоҳен Риндт дар Форумла-1 ягона қаҳрамони ҷаҳон мебошад, ки пас аз маргаш ба ин унвон сарфароз гардид.
Ӯ 5 сентябри соли 1970 як рӯз пеш аз оғози Гран-прии Италия зимни тамрин дар автодроми миллии Монза ба садама дучор шуда мефавтад. То марг Йоҳен давоми 85 рӯз дар пойгаҳои Монако, Нидерланд, Фаронса, Британияи Кабир ва Олмон ғолиб омада буд ва баъд аз марҳилаи 9-ум (дар маҷмуъ, 13 марҳила) бо касби 45 хол дар садри ҷадвал қарор дошт. Дар зинаи дуюм Ҷек Брэбэм 20 хол камтар аз ӯ дошт.
Ҳамин тавр, пас аз хатми 13 марҳила касе ба Йоҳен Риндт баробар шуда натавонист ва ӯ қаҳрамон шуд.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
«ЗЕҲ» ЧӢ ВОЖАЕ БУД?
Дар даврони подшоҳии Сосониён вожаи «Зеҳ» бисёр мукаррам ва шуниданӣ буд. Аъёну ашроф ва, ҳатто касони берун аз дарбор низ, ҳаваси шунидани ин вожаро аз забони шоҳ доштанд.
Касе агар сухани неку гуфт ё ҳунари шоистае аз худ нишон дод ва таъби шоҳро хуш кард, «Зеҳ!» мешунид. Ин калима, ки садо дод, бе амру фармон хазинадор ба соҳиби ҳунар 1000 дирам медод.
«Зеҳ» баъдтар ба «Зиҳӣ» табдил ёфта, маънии «Офарин!», «Зинда бош!»-ро дорад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ПОЛИС ВА ҚОЗӢ
Нафаре дар шаҳр рӯзаашро мехӯрд. Полис ӯро ба назди қозӣ овард, аммо дид, ки худи қозӣ кабоб хӯрда истодааст. Қозӣ пурсид: «Ин шахс чӣ кор кардааст?». Полис гуфт: «Ин шахс дар шаҳр нони хушк мехӯрд, овардамаш, ки бо шумо кабоб бихӯрад».
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ФАКТҲОИ АҶИБ АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
1. Калонсолтарин саг дар ҷаҳон 29 сол умр дидааст.
2. Аспҳо дорои хотираи хубанд. Онҳо метавонанд ашхос ё чизҳоро дар ёд гиранд. Инчунин, одат ва малакаҳое, ки якчанд сол пеш доштанд, аз нав ба ёд меоранд.
Таҳияи З. РАҶАБ
«ХАТО»-И ЭЙНШТЕЙН
Соли 1930 дар Олмон барои интиқоди шадиди назарияи нисбии Эйнштейн китобе чоп шуд бо номи «Сад профессор исбот кард, ки Эйнштейн хато мекунад». Инро пажӯҳишгари номвар шунида, китфонашро дарҳам кашиду гуфт: «Чаро 100, ин қадар зиёд, якто профессор ҳам кофӣ буд».
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ АЗ ҲАЁТИ ИСААК НЮТОН
Физики маъруфи дунё Исаак Нютон ҳеҷ гоҳ ба интишори кашфиёти худ шитоб немекард. Дар натиҷа, бисёре аз кашфиёти ӯ 20-30 сол пас ба ҷаҳон муаррифӣ гардиданд.
* * *
Нютон аввалин шаҳрванди Англия шуд, ки аз маликаи ин кишвар бори нахуст барои хидматҳои илмӣ ба ӯ рутбаи баланди ритсарӣ дод.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
АНДАРЗИ АФЛОТУН
Аз Афлотун пурсиданд: “Ҳайратовартарин рафтори инсон кадом аст?
Посух дод: “Инсон аз кӯдакӣ орзуи зудтар калон шуданро мекунад, аммо замоне калон шуд, дилтанги даврони кӯдакӣ мешавад.
Аввал барои ҷамъи молу сарват саломатиашро аз даст медиҳад, сипас, барои барқарор кардани саломатӣ дороиашро харҷ мекунад.
Тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳаргиз нахоҳад мурд, баъд тавре мемирад, ки гӯё ҳаргиз зиндагӣ накардааст”.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
ДУ ПАНД
Одами бадбин гирифториро дар ҳар фурсате мебинад, одами хушбин фурсатро дар ҳар гирифторӣ мебинад.
* * *
Аввалин дарсе, ки падару модар бояд ба фарзандони худ биёмӯзанд, садоқат аст.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
РӮЗИ МОҲӢ
ЧӢ ГУНА ПАЙДО ШУД ВА ЧАРО РӮЗИ ПАНҶШАНБЕ?
Дар Россия истеҳсоли гӯшт ба ҳар cap аҳолӣ хеле кам буд. Баъдан, дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон маълум шуд, ки сеяки сафарбаршудагон бори аввал гӯштро дар артиш чашидаанд. Истеҳсоли гӯшт дар ИҶШС то соли 1990 афзуда, ба ҳар нафар дар як сол 67,7 килограммро ташкил дод, аммо ин ҳанӯз кофӣ набуд.
Моҳи сентябри соли 1932 бо дастури комиссари халқии савдои дохилӣ ва берунӣ Анастас Микоян дар мамлакат Рӯзи моҳӣ ҷорӣ шуд. Ин иқдом ду сол – то соли 1934 идома ёфт.
Баъдан, аз хосиятҳои муфиди моҳӣ дар солҳои 1970-ум ёдовар шуданд. Он вақт дар рафҳои дуконҳо ба қадри кофӣ моҳӣ буд. Соли 1976 боз Рӯзи моҳиро эълон ва дар рӯзи панҷшанбе таъин карданд.
Дар мавриди маҳз рӯзи панҷшанбе интихоб шудани “Рӯзи моҳӣ” фарзияҳо зиёданд, аммо ба эҳтимоли зиёд, он тасодуфе беш нест.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
«ХУДИҲО» ВА «БЕГОНАҲО»
Дар замони пеш арабҳо дар тӯю маъракаҳо ба меҳмонон гӯштро дар нон печонда, тақсим мекарданд. Шумораи меҳмон зиёд ва гӯшт кам буд, аз ин рӯ, ба одамони наздик, хешон ва дӯстон нони холӣ медоданд. Пайвандони соҳибҷашн танҳо нон хӯранд ҳам, сирро бой намедоданд.
Боре яке аз меҳмонон нони холиро дида, дод мезанад: «Нони ман гӯшт надорад!». Соҳиби хона ба ӯ ҷавоб медиҳад: «Бахшиш, гумон кардам, ки ту ба ман худиву наздик ҳастӣ. Айб аз ман аст».
Дар замони мо садҳо касон ҳастанд, ки онҳоро наздику хеш ё дӯст медонем, аммо фирефта мешавем. Фарқи худиву бегона басе мушкил аст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
РУБРИКАИ НАВ!
10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
Дар ҷаҳони имрӯза мақоми зан беш аз пеш баланд мешавад. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир, дар баробари мардон, сафи занони сарватманд меафзояд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки барои муштариёни рӯзнома дар бораи 10 бонуи доротарини олам маълумоти мухтасар пешниҳод кунем.
10. Эбигейл Ҷонсон
Тоҷири амрикоӣ, хонуми кордон Эбигейл Ҷонсонро дар саросари олам бо фаъолияти камназираш дар бахши молия мешиносанд.
Ӯ 19 декабри соли 1961 дар шаҳри Бостони ИМА ба дунё омад ва ҳоло роҳбари ширкати «Fidelity Investments» аст. Ин ширкат яке аз бузургтарин созмонҳои молиявии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, сармояаш 4,9 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки Эбигейл эҳсонкор буда, тайи солҳои фаъолияташ миллионҳо долларро хайр кардааст.
Маҷаллаи «Форбс» дороии ӯро 16 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
Санаи нашр: 25.08.2023 №: 172
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)