ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД 

ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД 

28 август 2023, Душанбе
30
0

 27–уми август бар асари боришоти шадид дар қисми марказии ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ, сел омада, ба аҳолӣ осеби зиёд расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ, ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои пешакӣ, 13 нафар, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ, ба ҳалокат расид.
Дар робита субҳи имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба зодмандон, аҳли хонавода ва хешутабори ҳалокшудаҳо изҳори ҳамдардӣ намуданд. Аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат ба мо хабар доданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонда, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд. Дар натиҷа, тамоми зинаҳои мақомоти давлатӣ ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ пардохта, дар ҷойи воқеаҳо техникаву қувваи кории зарурӣ сафарбар шуданд. Чуноне аз гузориши хабарнигорони “Ҷумҳурият” аз шаҳри Ваҳдат бармеояд, аллакай, дар ҷойи воқеа корҳои бартарафсозӣ бомаром идома доранд. Ба ғайр аз муассисаҳои давлатӣ мардуми гӯшаву канори кишвар низ, ба ёрии осебдидагон омада, ҳамаҷониба онҳоро дастгирӣ менамоянд. 
Ҳамчунин, бар асари боришоти шадид роҳи байни Душанбеву Хуҷанд зарари ҷиддӣ дид. Ҳавои номусоид боиси обхезӣ, ярч ва сангрезиҳо гардид. Харобкорӣ, асосан, дар минтақаи Варзоб ба қайд гирифта шуд. Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ 27–уми  август муваққатан қатъ гардид. Дар натиҷаи меҳнати пурсамари хадамоти марбута, қитъаҳои осебдида тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуд. 
Аз манбаъҳои гуногуни иттилоотӣ маълум мегардад, ки дар дигар гӯшаҳои кишвар низ, дар натиҷаи аз соҳили дарёҳо баромадани об ҳаракати нақлиёт мушкил шудааст. Дар тамоми қитъаҳо фаъолияти пурсамари хадамоти коммуналӣ ба назар мерасад. Дар натиҷа, то нимаи дувуми рӯзи 28–уми  август аксари қитъаҳо аз лою гил тоза карда шуда, равуои мошинҳо ва пиёдагардон таъмин гаштааст. 
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
“Ҷумҳурият”
Аз идора: ҳайати эҷодии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо андуҳи гарон ба наздикону пайвандони фавтидагон бар асари офати табиӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ изҳори тасаллият менамояд. 
Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив