ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БУНГОҲИ ТИББИИ НАВ Ё КУҲНА? “ҶУМҲУРИЯТ” БАҲСИ СОКИНОНИ ЯК ДЕҲА ДАР ШАҲРИ ҲИСОРРО ТАҲҚИҚ КАРД

БУНГОҲИ ТИББИИ НАВ Ё КУҲНА? “ҶУМҲУРИЯТ” БАҲСИ СОКИНОНИ ЯК ДЕҲА ДАР ШАҲРИ ҲИСОРРО ТАҲҚИҚ КАРД

05 сентябр 2023, Сешанбе
68
0
 

 
Ба унвони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз номи як гурӯҳ сокинони деҳаи Кушкаки Мазори деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор (бо имзои 34 нафар) номае расид, ки муаллифонаш дар бораи кӯшиши аз худ намудани бинои як бунгоҳи тиббӣ аз ҷониби соҳибкоре, ки солҳо пеш замини атрофи онро ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ кардааст, шикоят кардаанд. Сокинон дар номаашон иддао доранд, ки заминҳои ҳудуди бунгоҳи тиббии дар деҳаашон фаъолияткунандаро, ки дар мувозинаи Хоҷагии давлатии  фаръии ниҳолпарварии «Искич»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, соли 2013 сокини деҳаи Кушкаки Мазор Аҳрор Саидов аз худ кардааст, ки ҳуҷҷатҳои он қалбакӣ мебошад ва ҳоло нақша дорад, бинои бунгоҳи тиббии дар он мавҷудбударо ба моликияти худ дарорад.
Дар номаи шаҳрвандон баъзе паҳлуҳои барои мо норӯшану баҳсталаб мавҷуд буд ва муроҷиати такрории онҳо водор намуд, ки ба хотири расидагӣ ба арзашон далелҳои онро мавриди таҳқиқ қарор диҳем. Ба ин хотир, барои суҳбат ва омӯзиши ҳолати воқеӣ ба деҳаи Кушкаки Мазори шаҳри Ҳисор рафта, бо сокинони деҳот суҳбат кардем ва маълум шуд, ки баҳси асоси сари бунгоҳи тиббии Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич” меравад.
Ба қавли сокини деҳаи Кушкаки Мазор Хайрулло Олимов,  тақрибан солҳои 70-уми асри гузашта дар як гӯшаи замини баҳсӣ тариқи ҳашар мактаб бунёд шудааст. – Камина соли 1981 ба ҳайси роҳбари ҳамин муассиса таъин шудам. Бо сабаби сол ба сол зиёд гардидани шумораи хонандагон, мушкили норасоии ҷойи нишаст пеш омад. Соли 1986 бо дастгирии волидон ва аҳолии деҳа дар дигар тарафи деҳа мактаби нав иборат аз 20 синфхона бунёд ёфт ва мактаби куҳнаро ба он ҷо кӯчондем. Дар ин мавзеъ як вагон буд, ки ҳамчун амбулатория фаъолият мекард. Шароиташ бисёр бад ва дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт. Бошандагони деҳа тасмим гирифтанд, ки дар замини мактаб бунгоҳ бисозанд. Бо дастгирии собиқ раиси Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич” деворҳои бино сохта шуд, вале пӯшондани бомашро ба уҳда нагирифт. Яъне, сохтмон нотамом монд. Дар ин асно, дар деҳа ба ҷойи масҷиди куҳна масҷиди нав бунёд карданд. Бо истифода аз чӯб ва тахтаҳои масҷиди куҳна, камина бо писарону бародарзодаҳоям бунгоҳи тиббиро бомпӯш кардем. Синфхонаҳои куҳнаи мактабро бошад ба Аҳрор Саидов сокини ҳамин деҳа, барои сохтмони мағоза доданд. Замини муассисаро соли 2013 бо қарори раиси шаҳр гирифтааст ва ҳоло мехоҳад, ки бунгоҳро ҳам бигирад, – мегӯяд Хайрулло Олимов.
Зоҳиран  мухолифати сокинон сари ҳамин бунгоҳ аст ва намехоҳанд соҳибкор А. Саидов онро аз худ намояд. Онҳо оид ба ин масъала ба сохторҳои марбутаи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор борҳо муроҷиат кардаанд, вале ба қавлашон, ин муроҷиатҳо ба манфиат ва ё дастгирии сокинон анҷом нашудааст. – Ҳар боре, ки ба мақомоти давлатӣ шикоят мебарем, онҳо кӯшиш  мекунанд, ки масъаларо ба манфиати А. Саидов ҳал кунанд. Гарчанде бунгоҳ тариқи ҳашар бунёд гардида бошад ҳам, вале он моликияти давлат аст, – мегӯяд Абдуғаффор Холов, сокини дигари деҳа.  
Дар ҳамин ҳол, Ҳамза Саидализода, роҳбари Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич”-и назди Вазорати кишоварзӣ, гуфт, ки “соли 2000-ум ба хотири нигоҳубин бунгоҳро ба мувозинати хоҷагии ниҳолпарварӣ гузарондаанд. Бо вуҷуди ин, то имрӯз мо ба фаъолияти бунгоҳ дахолат накардаем, дар ҳоле, ки соҳибмулк хоҷагӣ мебошад. А. Саидов бар ивази ин бунгоҳи тиббӣ, ки ҳоло ягон шароити хуби санитарию корӣ надорад, бо харҷи 138 ҳазор сомонӣ барои сокинон бунгоҳи наву замонавӣ сохта, онро бо тамоми лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз кардааст. Аз тарафи Хоҷагӣ розигӣ дода шудааст, ки Аҳрор Саидов бинои куҳнаи бунгоҳро гираду бунгоҳи тиббии навро ба мо диҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо иншооти баҳсӣ, яъне бунгоҳи тиббии куҳна дар мувозинати хоҷагӣ қарор дошта, қитъаи замини назди он ба мо тааллуқ надорад”. 
 
Таҳқиқи мо нишон дод, ки воқеан, сокинони деҳаи Кушкаки Мазор ба дунболи ин баҳс ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, прокуратураи шаҳр ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ низ, борҳо шикоят кардаанд. Онҳо розӣ нестанд, ки бар ивази бунгоҳи нави тиббӣ бунгоҳи пешинаро соҳибкор ба моликияти хеш дарорад. Ин дар ҳолест, ки фарзанди Аҳрор Саидов – Наврӯз Саидов дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дигар сохторҳои дахлдор дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар дигар гӯшаи деҳа бунгоҳи нави тиббӣ сохта, бо тамоми таҷҳизоти лозима 2-юми марти соли 2023 бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мавриди истифода қарор додааст. Соҳибкор Н. Саидов мегӯяд, ки мо пешниҳод намудем, ки Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич” бар ивази бунгоҳи куҳна, ки ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надошта, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, бунгоҳи навро ба тавозуни худ қабул намояд. Ин пешниҳод дастгирӣ ёфта, аз ҷониби хоҷагӣ ҷиҳати дар доираи талаботи қонунгузорӣ амалӣ намудани он ба Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод манзур гардид. Зимнан, вобаста ба пешниҳоди Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич” Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб фиристод. Аз ҷониби Ҳукумат барои бастани шартномаи чаҳортарафа розигӣ дода шуда, айни ҳол байни Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич”-и шаҳри Ҳисор (соҳибмулк), шаҳрванд Наврӯз Саидов (соҳибкор), Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпараст) шартнома баста шуда, барои тасдиқ ба Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фиристода шудааст.
Зимни сафар ба деҳаи Кушкаки Мазори шаҳри Ҳисор мо аз шароити ҳар ду бунгоҳ аз наздик шинос шудем. Ҳарчанд бунгоҳи нав бо таҷҳизоти лозима барои расондани ёрии аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, бо вуҷуди расман ба истифода додан дараш баставу бунгоҳи тиббии куҳна, ки тибқи хулосаи мутахассисон, ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй нест, фаъолият дорад. Вақте дар суҳбат бо муаллифони номаи шикоятӣ ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” далели мухолифташонро пурсидем, изҳор доштанд, ки бунгоҳи нав дар канори деҳа ва ҷойи номувофиқ сохта шудааст. Бо сабаби дар канори роҳи мошингузар бунёд ёфтан, дар фасли сармо ба он ҷо рафтан хатарнок мебошад. Ҳамсуҳбатони мо бартарии бунгоҳи куҳнаро дар он мебинанд, он дар маркази деҳа буда, шаб ё рӯз сокинон дар ҳолати гирифторӣ ба беморӣ метавонанд сари вақт ба ёрии аввалияи тиббӣ фаро гирифта шаванд. Аз ин рӯ, пофишорӣ доранд, ки бунгоҳро бо заминаш баргардонанд ва онҳо бо қувваи худашон ба ҷойи бинои фарсуда, бунгоҳи нав месозанд. 
Ваҷҳи дигари дар номаи шикоятӣ овардашуда, вобаста ба ғайриқонунӣ аз худ намудани қитъаи замини атроф ё паҳлуи бунгоҳи тиббӣ аз ҷониби шаҳрванд А. Саидов исботи худро наёфт, зеро ба дунболи ин баҳс прокуратураи шаҳри Ҳисор санҷиш гузаронда, аз натиҷаи он ба сокинон маълумот пешниҳод намудааст. Дар номаи прокуратураи шаҳр, ба сокинон аз 04.05.2023, таҳти № 26/Р-232, ки нусхаи он ба дасти мо расид, гуфта мешавад: “Дар асоси қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 29 июли соли 2013, таҳти № 1097 ба шаҳрванд Саидов А. Аз ҳудуди деҳаи Кушкаки Мазор дар масоҳати 314,5 метри мураббаъ қитъаи замин аз он 45,4 метри мураббаъ барои сохтмон вобаста шуда, дар он манзили истиқоматӣ бунёд намуда, минбаъд дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Ҳисор аз 6 майи соли 2013 ҳамчун соҳибмулк эътироф шудааст. Манзили истиқоматии шаҳрванд А. Саидов бо писаронаш дар паҳлуи бунгоҳи тиббӣ ҷойгир буда, қитъаи замини ин бунгоҳ аз ҷониби ягон шахс ишғол ва ба он монеа эҷод нашудааст. 
Бунгоҳи тиббӣ моликияти давлатӣ буда, гузарондани бинои мазкур ба тавозуни дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, таҳти № 92 “Дар бораи Тартиби гузарондани объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва моликияти коммуналӣ” амалӣ карда мешавад. Мувофиқи талаботи Тартиб гузарондани моликияти давлатӣ, бо қарор ва ё фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар асоси қарори мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатӣ бо мувофиқаи мақомоти дорандаи тавозуни бино амалӣ карда мешавад. Ҳангоми ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ бошад, расмиёти фурӯш тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, таҳти № 391 “Дар бораи Тартиби ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ” бо розигии тавозуни амвол роҳандозӣ карда мешавад”.     
Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати ҳалли ин баҳс аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гурӯҳи корӣ бо шумули муовини раиси шаҳр таъсис дода шуда, баъд аз омӯзиши пурраи масъала пешниҳоди соҳибмулк – Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич” бар ивази бунгоҳи тиббии навбунёд супурдани бунгоҳи тиббии куҳна дастгирӣ ва  муроҷиати даъвогаронро бинобар беасос будан ба инобат гирифта нашудааст. Баҳс бо ҳамин хотима наёфта, вобаста ба иҷрои супориши Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2023, № 2479 (22.5) дар бораи бинои бунгоҳи тиббии Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз 13 марти соли 2023, № 119 “Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ” аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои адлия, молия, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ гурӯҳи корӣ таъсис, масъала бори дигар мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Аъзои гурӯҳи корӣ баъд аз боздид аз деҳаи Кушкаки Мазори шаҳри Ҳисор ва дидору мулоқот бо сокинон хулосаҳояшро дар санаде аз 15 марти соли 2023 чунин баён менамояд: “Гурӯҳи корӣ пас аз боздиди бинои қаблии бунгоҳи тиббӣ ва бинои нав ба хулоса омад, ки хизматрасонии тиббӣ дар бинои нав аз ҷиҳати санитарӣ ва шароити беҳдоштӣ афзалтар мебошад. Аъзои гурӯҳи корӣ бар ивази бинои бунгоҳи тиббии дар тавозуни Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич” қарордошта, ба тавозун қабул намудани бинои бунгоҳи тиббии навбунёдро ҷонибдорӣ намуданд”. 
Дар ин санад, як нуктаи дигар зикр мешавад, ки шояд нуқтаи доғи ин масъала дар он нуҳуфта бошад. Дар он гуфта мешавад, ки “зимни пурсиши як қатор сокинони деҳа муайян шуд, ки бештари сокинони деҳа дар бинои нав фаъолият намудани бунгоҳи тиббиро дастгирӣ менамоянд ва, ҳамзамон, як оилаи хешу табор ба тавозуни хоҷагӣ гузарондани бинои нави бунгоҳи тиббӣ ва аз тавозуни хоҷагӣ ба шаҳрванд Н. Саидов додани бинои куҳнаро ҷонибдорӣ наменамоянд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо намояндагони оилаи мазкур суҳбат гузаронда шуда, муайян гардид, ки даъвои онҳо асос надорад”. 
Ин аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки Ҳамза Саидализода, роҳбари Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии “Искич”, дар суҳбат низ ба он ишора намуд ва изҳори нигаронӣ кард, ки ҳамин омил боиси баҳсҳои зиёде атрофи як масъалаи хурд гардидааст. – Ҳоло умедворем, ки дар ниҳоят якдигарфаҳмӣ сурат бигирад ва ба ҳалли масъалаи мавриди назар бо тартиби қонунгузорӣ нуқта гузошта шавад, – гуфт Саидализода Ҳамза. 
 
Комрон САФАР, 
Ёқуби СОДИҚ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив