БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Шаҳноз Қурбонро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» №113 (24724) аз 30 майи соли 2023 бо сарлавҳаи «Фарҳанги миллӣ. Таҳлили ихтисосӣ аз бурду бохти ҳунарҳои мардумӣ» рӯи чоп омадааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Муаллиф дар нигошта тавассути таҳлилҳои дуруст қайд кардааст, ки эҳё ва вусъати ҳунармандӣ яке аз воситаҳои хуби фароҳам овардани шуғли пурмаҳсул ва рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Маҳсули меҳнати ҳунармандони мардумӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат, миллати тоҷик аз қадим ҳунарманду созанда будааст. Аз ин рӯ, хориҷиён низ ба ин паҳлуи фарҳанги мо таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Ҳунарманд Доро Ниёзов, яке аз ҳамсуҳбатони муаллиф, дуруст мегӯяд, ки қадри ҳунари дастӣ кам шуда, баъзе намудҳои он қариб аз байн рафтааст.
Вобаста ба тараққиёту пешрафти ҷомеа, барои диданиву назаррабо гардидани маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ бо истифода аз тарзу услуби нав мувофиқи мақсад хоҳад буд. Ҳамчунин, дар маҳсулоти аз чӯб истеҳсолшаванда бо технологияи замонавӣ илова намудани намунае аз ҳунари дастии миллӣ, яъне нусхае аз кандакорӣ ҷилои дигаре хоҳад дод.
Албатта, ҳунармандон бояд навҷӯиҳо намоянд, бо завқу зебоиҳо маҳсулоти ҳунарҳои дастиро ба талаботи замона мувофиқ созанд. Дар он сурат, таваҷҷуҳ ба маҳсулоти онҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар зиёд мегардад.
Аз ҷониби Вазорати фарҳанг нисбат ба ҳунару ҳунармандони мардумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, аҳли ҳунар ва маҳсули дастони онҳо барои намоиш дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва фурӯш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Инчунин, дар чорабиниҳои фарҳангии муассисаҳои зертобеи Вазорат бобати ҷалби ҳунармандони мардумӣ ва ба намоишу фурӯш гузоштани маҳсули меҳнати онҳо диққати махсус дода мешавад.
Дар ҳар сурат, мебояд чораандешӣ кард, то ҳунарҳои нодире, ки аз ниёгон ба мо ба мерос мондаанд, аз байн нараванд.
Д.Ш. САФАРЗОДА,
муовини вазири фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон
P.S. Ба технологияҳои нав, чӯбкорӣ, мебелсозӣ, истеҳсоли матоъ, зарфсозӣ ва дигар маҳсулот илова кардани унсурҳои зебову назаррабои ҳунарҳои мардумӣ пешниҳоди хубу шоиста аст, вале амалишавии ин ҷараёнро кӣ назорат ва дар амал татбиқ мекунад? Бовар дорем, ки Вазорати фарҳанги кишвар ба ин савол ҷавоб меёбад ва ҳарчи зудтар усулҳои ба ҷомеаи муосир ворид кардани ҳунарҳои мардумӣ ва роҳҳои ҷалби сарпарастонро ба самт пешниҳод мекунад.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)