ПЕШВОИ ЭҲЁГАР
Пешво – эҳёгари дунёи мо!
Нури яздонист дар дарёи мо!
Пешвои халқ эҳёгар бувад,
Кишвари мо сар ба сар эҳё шуда.
Ҳар чи мо созем, бошад дилпазир,
Зиндагӣ дар сатҳи нав барпо шуда.
Пешво ин мулкро шуҳратфизост,
Ҷаннати рӯи Замин ин ҷо бапост.
Дар ҷаҳон машҳур чун ашъори мо,
Боғи мо пурмева чун афкори мо.
Нон фаровон, боғи Ваҳдат борвар,
Дар ҳунар гул мекунад пиндори мо.
Сарфароз ҳастем дар байни милал,
Нақшаи имрӯзу фардо – дар амал!
Ҷони санъат илму истеъдоди мост,
Равнақи кор аз фари озоди мост.
Солро сад корхона файзбахш,
Худ саноат баски дар бунёди мост...
Пешво – эҳёгари касбу ҳунар,
Нури бахт имрӯз дар мо ҷилвагар!
Ҳар куҷо гар бингарӣ, файзи чаман,
Бӯстоншаҳр аст ҳар кунҷи Ватан!
Пурнаво гардид дастархони халқ,
Пурсафо ақлу дили ҳар марду зан!
Аҳмадҷон РАҲМАТЗОД,
Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)