ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НУРЕ, КИ ИМРӮЗУ ФАРДОРО МУНАВВАР МЕСОЗАД

НУРЕ, КИ ИМРӮЗУ ФАРДОРО МУНАВВАР МЕСОЗАД

08 сентябр 2023, Ҷумъа
29
0
Зиёда аз се даҳсола аст, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистон соҳибистиқлол буда, мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр мебошад. Дар фазои мамлакат Хуршеди истиқлол нурафшонӣ мекунад.  Нуре, ки имрӯзу фардои халқро мунаввар месозад.
 
Даврони соҳибистиқлолӣ имкони фарохеро фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Ин неъмати бебаҳо барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Аз ҳама муҳимтар, давлати миллӣ бунёд намудем, ки имрӯз қатори давлатҳои абарқудрати сайёра ҷойгоҳи махсуси сиёсӣ дорад.
Мусаллам аст, ки тамоми дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ аз  барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ то навсозиву бунёдкориҳои азим бо заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  даст омадаанд. Аз ҷумла, тайи ин солҳо иншооти бузурги  аср – НБО “Роғун”, неругоҳҳои барқи обии  “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, нақбҳои “Истиқлол”, “Хатлон”, “Озодӣ”, “Шаҳристон”, шоҳроҳҳои байналмилалӣ, корхонаҳои зиёди саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва садҳо иншооти замонавии дорои таъиноти гуногун, ки ба беҳбуди рӯзгори мардум ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат мекунанд, бунёд гардиданд.
Имрӯз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хорест дар чашми нотавонбинони миллату давлат. Бадхоҳон ба ҳар роҳ мехоҳанд ба амният ва ваҳдати миллии кишвар рахна ворид намоянд. Далели ин чанд рӯз қабл ошкор гардидани амалҳои террористӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошад. Онҳо нақша доштанд, ки дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ амалҳои террористӣ анҷом диҳанд ва амнияту суботро дар Тоҷикистон халалдор намоянд. Хушбахтона, далели мазкур сари вақт аз тарафи сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор гардида, дастаи махсуси мақомот амалиёти зиддитеррористӣ гузаронда, террористонро безарар гардонданд. 
Бо дарки ин, дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯз, ки аз зиддияту ихтилофҳо холӣ нест, тақозо мешавад, ки ҳар фарди Ватани маҳбубамон дар амри дифоъ аз истиқлоли давлатӣ тавассути фикру амали созанда, ободгариву бунёдкорона, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, бо эҳтиром гузоштан ва гиромӣ доштани муқаддасоти ин сарзамини аҷдодӣ  содиқу фидокор бошанд. Нагузорем, ки бадхоҳони миллати мо сарзамини зебову оромамонро зери ҳадафу ниятҳои нопокашон қарор диҳанд, зеро  бақои истиқлол, ҳифзи он аз таҳдидҳо ва саҳмгузорӣ дар тақвияти пояҳояш вобастагӣ дорад. 
 
Сафаралӣ НУРАЛИЕВ, корманди Агентии "Тоҷикстандарт"
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив